ДАСТОВАРДҲОИ АДАБИЁТ

Соли 2017 дар ҳаёти шумо чӣ нақше дошт? — суоле буд, ки хабарнигори ҳафтавори «АС» бо чанде аз адибон дар миён гузошт ва инак посухи эшонро манзури хонандагон мегардонем.

Абдухолиқ НАБАВӢ:

-Соли 2017 барои ман бисёр муҳиму хотирмон буд. Гарчанде дар назди адабиёту ҳунар як сол наметавонад тағйироти куллӣ ё сифатие ба вуҷуд орад, ба  ҳар ҳол дастовардҳои адабиёт дар ин сол бештару комилтар шуданд. Солро чун меъёр гирифтан имконеро фароҳам меорад, ки мардум ҳамеша дар ҷустуҷӯву талошу ибтикорот бошанд. Ба ҳамин маънӣ як андоза солро ҷамбаст кардан мумкин аст. Метавон гуфт, ки дар ин сол шеъру насри  мо дар матбуоти даврии кишвар бештар инъикос ёфт.  Нақдамон як андоза нақди фаврӣ ва тезутундтар буд. Ҳарчанд, ки мақолаҳои куллии  ҷамъбасткунандаву тавзеҳдиҳанда буданд, вале чанд мақолаҳое, ки дар мавриди шеъри имрӯзи тоҷик навишта шуданд, бо ҳама хусусиятҳояшон аҳаммияти махсус доранд ва онҳо шоиронро ҳушёртар мекунанд, то дар кори эҷодӣ саҳлангорӣ накунанд.

Аз ҳама муҳим он буд, ки Раёсати Иттифоқи нависандагон корҳои моро сазовори Ҷоизаи  ба номи устод Айнӣ донист. Вобаста ба китоби «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабӣ» , ки сазвори ин ҷоиза дониста шуд, мехоҳам як-ду нуктаро тавзеҳ диҳам. Дар ин китоб сухан танҳо дар бораи адабиёти замони ҷанг намеравад. Баъзеҳо тасаввур мекунанд, ки ҷанг чор-панҷ сол давом ёфт ва имкон набуд, ки асарҳои зиёд эҷод шаванд. Албатта, ин андеша чандон дуруст нест. Дар он вақт  мувофиқи замон шеър офарида шуд, асарҳои насрӣ ба вуҷуд омаданд. Муҳим ин ки адабиёт ба масъалаҳои зиндагӣ фаврӣ ҷавоб медод. Ин чизро дар ашъору намунаҳои наср, мақолаҳои публитсистиву асарҳои драмавӣ ва ғайра дидан мумкин буд. Лек муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҷанг афкори адабии мардуми моро ба куллӣ тағйир дод. Ин тағйир ба маънои дигаргунӣ ворид кардан не, балки ба он маънӣ буд, ки афкори адабиро ба асли худаш наздиктар намуд. Ба ин маънӣ,  дар афкори адабии тоҷикӣ бисёр чизҳои аҷиб ба вуҷуд омаданд. Дар шеъри лирикии мо хусусиятҳои миллӣ бештар шуд. Тафаккури адабии мо тағйир ёфт. Мардум  натанҳо ба урфу расму ахлоқи тоҷикӣ, балки ба таърихаш низ мутаваҷҷеҳ шуданд. Дар натиҷа таърихназарӣ ба вуҷуд омад. Пеш аз ҷанг мо ҳама таърихро оварда ба Инқилоб мепайвастем. Аммо дар ин давра мо аз таърих ҳамсони зиндагии имрӯза мавод ҷустем. Дар натиҷа «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» барин асарҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба давраи инқилоб ҳеҷ иртибот надоранд. Ин асарҳо ҳам ба замон иртибот доштанд, ҳам моро ба таърих пайвастанд ва ҳам тафаккури моро таърихӣ карданд, то мо дар заминаи таърих имрӯз ва ояндаро дида тавонем. Ин яке аз муҳимтарин сифатҳои адабиёт аст. Таърихназарӣ минбаъд самараҳои хуб дод. Асари таърихии Бобоҷон Ғафуров «Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили аҷнабиён» ва минбаъд «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» нависандагонро ба навиштани асарҳои таърихӣ водор намуду таҳрик дод. Дар ин давра як силсила асарҳои рамзӣ-тамсилӣ ба вуҷуд омаданд. Адабиёт фақат воқеъгаро нест. Агар он ҳар қадар бештар шаклу воситаҳои гуногунро истифода барад, ҳамон қадар имконияту иқтидораш зиёдтар мешавад ва дар айни замон таъмини ҷамъбасти бадеияш низ вусъат меёбад. Ғараз аз ин китоб гуфтани ҳамин буд, ки адабиёт имкониятҳои зиёд ба даст овард. Ҳарчанд баъди ҷанг ин равандро андаке маҳдуд карданд, лекин дигар адиби мо ба ҳамин ҷода ворид шуда буд. Ман бисёр хурсандам, ки рафиқон ин андешаро дарк намуда, қадр карданд ва ин қадрдонӣ, албатта, дар пеши мо вазифаҳо мегузорад, ки боз корҳои дигар, таҳқиқотҳои дигареро ба анҷом расонем, ки ба суди адабиёт бошад.

ОЗАРАХШ:

-Барои ман соли 2017 чун дигар солҳое, ки паси сар шуданд, соли муҳимму хотирмон буд. Беҳтарин хотираи ман аз ин сол соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидан буд. Ман аз ин ҷоиза ифтихори зиёд дорам, зеро он аз баландтарин ҷоизаҳо барои ман ба ҳисоб меравад. Гумон мекунам,  тамоми ҷоизаҳои оламро ҳамроҳи ин ҷоиза ба даст овардам. Зеро онҳое, ки ба қалам, ба шеър сару кор доранд, бояд ба қадри нобиғагии Турсунзода бирасанд.  Устодон Айниву Лоҳутиву Турсунзодаву Қутбӣ Киром ва тамоми устодони адабиёти муосири тоҷик дастҷамъона барои мо чунон адабиётеро ба мерос гузоштаанд, ки ширинтарин ва маҳбубтарин адабиёт барои ман аст. Нақши ин адабиёт барои ман нозудуданист ва ман онро бо ягон адабиёти дигар наметавонам муқоиса кунам. Шояд ба он хотир, ки ин адабиёт барои ман бисёр наздик аст. Устод Турсунзода барои мо номи «шоир»-ро мерос гузоштанд.   «Девони ишқ», ки беҳтарин эҳсосҳои худро дар он гулчин кардаам, бо ин ҷоизаи бонуфузи адабӣ қадрдонӣ гардид.

Ғайр аз ин,  ҳайати маҷаллаи адабии «Паёми Суғд» дар ин сол беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро ба хонандагони худ пешниҳод кард ва на танҳо дар ҳудуди вилоят, балки дар дигар гӯшаҳои ҷумҳурӣ низ ҳаводорони худро пайдо намуд. Хонандагон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба дӯши мо масъулиятҳои бештарро гузоштанд ва то андозае дар соли 2017  нуфузи маҷалла бештар гардид, ки ин боиси ифтихори тамоми кормандони он аст.

Мо ба соли 2018 бо кулбори пур аз таронаҳои носуруда ва шеърҳои нохонда қадам мениҳем ва ният дорем, ки соли оянда дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурии азиз маҳфилҳои шеъру таронаро баргузор намоем.

Бо таманноҳои нек соли 2018-ро ба тамоми кормандону хонандагони ҳафтаномаи дӯстдоштании «Адабиёт ва санъат» муборакбод мегӯям.

Давлати РАҲМОНИЁН:

-Дар соли сипаришуда  чанд орзуям ҷомаи амал пӯшид. Муҳите, ки ман дар он қарор дорам, бисёр мувофиқу созгор аст. Иттифоқи нависандагон муҳитест, ки одами эҷодкор худро дар як фазои  шинос эҳсос мекунад. Барои амалӣ кардани орзуҳои адабию ҳунариам бисёр ҷойгоҳи хуб аст. Тӯли се соле, ки дар ин муҳит, дар «Садои Шарқ» будем, тавонистем, ки намунаи осори худро ба хонанда пешниҳод кунем. Бояд бигӯям, ки банда ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аз тарафи ҳайати эҷодии ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» пешниҳод шудам. Шукр, ки ман тавонистам соҳиби ҷоиза шавам. Барои гирифтани ҷоиза ман пеш аз ҳама аз ҳамин ҳайати эҷодии ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» бисёр миннатдорам.

Дигар хабарҳо