Нақди наср ва ояндаи адабиёт

 Нақди наср ва ояндаи адабиёт

Боиси таассуф аст, ки нақди адабӣ дар умум ва хосса нақди наср дар адабиёти тоҷик дар чанд даҳсолаи охир ҷойгоҳ ва дар натиҷа таъсири худро гум кардааст. Ин амр, ба назари ман, чанд омил ва сабаб дорад, ки куҳулати сол ва фавти адабиётшиносон ва мунтақидони маъруфи мо (М. Шакурӣ, С. Табаров, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода, Ҳ. Шодиқулов, Ю. Акбаров, Х. Шарифзода, А. Давронов ва ғ.), камтаваҷҷуҳии адабиётшиносони наслҳои баъдӣ ва нисбатан ҷавонтар ба равандҳои адабиёти муосир ду сабаби умдаи он мебошанд. Ин камтаваҷҷуҳӣ низ аз сўе, натиҷаи коҳиши нақшу мақо- ми адабиёти бадеӣ дар солҳои аввали пас аз истиқлол ва ҷанги дохилӣ аст ва аз сўйи дигар, марбут ба боздеҳи моддӣ надоштани заҳмати мунтақидон; мунтақиди адабӣ барои он ки маҳсули қалами адибро амиқ ва дурусту густарда нақду баррасӣ кунад, бояд он асарро гоҳе ду бор ва се бор мутолиа бикунад ва баъдан таассуроту андешаҳои хешро бинависад, ки барои он рўзҳову ҳафтаҳо сарф мекунад ва бадали ин заҳматаш ё пардохт намешавад ё ба мизоне ҳаққи қалам мегирад, ки гоҳе барои як коса лагмони чойхонаи «Роҳат» ҳам кифоят намекунад.

Коҳиши кайфию каммии таълифоти мунтақидон бадеҳист, ки халое пурзиён дар адабиёти тоҷик эҷод кардааст ва ин амр аз чанд лиҳоз асари манфӣ барои адабиёти тоҷик ва ҳам зиндагии фарҳангӣ ва иҷтимоии мо дорад. Аввалан, набояд фаромўш кард, ки бидуни нақди адабии солим ва пўё раванди адабии пуртаҳаррук вуҷуд надорад. Раванди адабӣ аз робитаи мутақобила ва пайвастаи байни адиб (шоир ва нависанда) ва хонанда сурат мегирад ва барои он ки ин робита солиму дуруст ва пайваста ҷараён дошта бошад, нақши мунтақид хеле бузург аст. Мунтақидони адабӣ ҳастанд, ки чун саррофони гавҳаршинос сараро аз носара имтиёз медиҳанд, хубиҳову зиштиҳоро менамоёнанд ва бо ин кор, аз сўйе, адибонро аз мунҳариф шудан аз «ҷодаи мустақим» ҳушдор медиҳанд ва аз сўйи дигар, хонандагонро ба дарки дурусти осори бадеӣ ҳидоят мекунад. Ка- шфи тамоилҳои дурусти рушди адабиёт, чунонки устод Абдунабӣ Сатторзода фармудаанд, ба воситаи баррасию нақди намунаҳои беҳтарини он низ асосан кори мунтақидон аст. Лекин, чунонки гуфта омад, дар солҳои охир хонандаи тоҷик аз роҳбалад дар роҳи пурпечутоби адабиёт маҳрум шудааст ва адибон аз довари бериёи сахтгир. Ҳар кӣ қалам ба даст дорад, ҳар чӣ хост менависад ва ҳар кӣ чизе ба дасташ уфтод, мехонад. Тафовути сара аз носара, фарқи хубу зишт ба ҷуз шумори каме аз хонандагони бозавқ дигаронро муяссар нест; кайфияти пасти ба ном «осори бадеӣ», ки солҳои охир бештар ба чоп мерасанд, завқҳои зебоишинохтии шаклнаёфта ва дар ҳоли парваришро мекушанд ва завқҳои мурда боиси боз ҳам поинтар омадани кайфияти адабиёти бадеӣ мешаванд.

Бояд гуфт, нақди адабии тоҷик ба маънои имрўзӣ ва густардаи худ зодаи даврони шўравӣ аст ва аз ҳамон оғози пайдоиши худ бо адабиётшиносӣ пайванди қавӣ дорад ва ҳатто метавон гуфт, бахше аз адабиётшиносӣ буда ва ҳаст. Ҳама мунтақидони маъруфу машҳури мо аввалан адабиётшинос буданду ҳастанд ва баъдан дар канори риштаи асосии фаъолияти худ, ба нақди адабӣ ҳам машғул шудаанду мешаванд. Ин амр дар баробари як имтиёзи барҷаста, ки заминаи қавии илмӣ доштани намунаҳои беҳтарини нақди адабии тоҷик аст, чандин нуқсони назаррас низ дорад.

Чунонки медонем, нақди адабӣ ихтисосан бо раванди адабиёти муосир сару кор дорад ва аз ин лиҳоз бояд фаврият аз аслҳои муҳимтарини он бошад, бояд ҳадди ақалл муҳимтарин осори насрӣ ва назмии адабиёт дар муддати як-ду моҳи аввали пас аз чоп шудашон дар моҳномаи адабӣ («Садои Шарқ») ва ё ба шакли китоби ҷудогона мавриди нақд қарор бигиранд, то ҳам роҳнамое барои хонандагон бишаванд ва ҳам адиб битавонад дар сурати зарурат дар чопҳои минбаъда асарашро веросторӣ кунад. Вақте ки адабиётшиносон кори нақдро дар канори фаъолияти аслӣ ва асосии худ анҷом медиҳанд, дар басо маврид наметавонанд ба китоби тозачоп вокуниши фаврӣ зоҳир кунанд. Дигар, асоси илмии нақд, бо риояти қонунҳои илм ва бо забони илм иншо шудани нақд доираи хонандагони онро маҳдуд мекунад ва аз ин тариқ, яке аз ҳадафҳои умдаи он, ки ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба китоби мавриди нақд аст, ҳосил намешавад. Дар нақди адабӣ бар хилофи адабиётшиносӣ завқи инфиродии мунтақид натанҳо ҷоиз аст, балки аз зовияи завқи инфиродӣ нигаристан бояд аз лузумоти нақд бошад ва ин амр на нақс, ки ҳусн аст, ҳам ба ин далел, ки нақди адабӣ низ чун насру назм як шохаи адабиёт аст ва ҳам ба далели он ки асари бадеӣ ҳам бо диди инфиродӣ офарида мешавад ва диди инфиродиро бо диди инфиродӣ санҷидан ҳам ҳунар аст. Албатта, ин амр ҳам шарти зарурист, ки аввалан завқи худи мунтақид бояд завқи солим бошад.

Хулласи калом, мехоҳам ёдовар биша- вам, ки адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ду чизи мутафовит бо ҳам ҳастанд; адабиётшиносӣ илм аст ва чунонки илмро хос аст, дорои қавонин ва қоидаҳои хеш ва нақди адабӣ навъе публитсистикаи бадеӣ-оммавӣ. Бесабаб нест, ки дар кишварҳои ғарбӣ, кори нақди адабиро, асосан журналистони тахассусӣ анҷом медиҳанд . Бузургтарин нашрияҳои ғарбӣ, дар радаи хабарнигорони умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ… ҳамчунин хабарнигорони адабӣ доранд ва чунонки хабарнигорони иқтисодиашон мабонии иқтисодро омўхта ва фаро гирифтаанд, ҳамчунин шореҳони адабиашон асосҳои назарии мактабҳо ва ҷараёнҳои мухталифро омўхта ва муҷаҳҳаз шудаанд. Кори ин шореҳони адабӣ асосан нақд ва муъаррифии китобҳои нави бадеӣ ва ё баррасии фаъолияти халлоқии нависандагон аст. Машҳуртарини онҳо дар нашрияҳо сутуни ихтисосии худро доранд ва ҳаводоронашон пайваста навиштаҳои эшон дар ин сутунҳоро, ки нақди китобҳо ва ё офаридаҳои адибон аст, мехонанд ва асосан пас аз хондани навиштаҳои онҳо (ки навъе тавсия аст) ба ҷустуҷўйи он китоб мераванду онро мутолиа мекунанд. Таваҷҷуҳи пайвастаи бузургтарин нашрияҳои ғарбӣ ба осори бадеӣ дар канори муҳимтарин масоили сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар, минтақа ва ҷаҳон таъкид бар аҳаммияти адабиёт дар ҳаёти иҷтимоӣ аст ва низ раванди адабии зинда ва дар ҳоли таҳаррукро эҷод мекунанд. Агар нашрияҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодии мо низ ин корро ба таври доимӣ ва ҳирфаӣ ба роҳ монанд, бешак дар самти ҷалби мардум ба адабиёт ва аз ин тариқ рушди маърифат хидмати шоиста хоҳанд кард.

Ҳамчунин, адибон низ дар кори нақди адабӣ хеле фаъол будаанд ва ҳастанд. Чунончи, нақди китоб ва баррасии офаридаҳои ҳамқаламон гўшае аз фаъолиятҳои адабии нависандагони бузурге чун Вирҷиния Вулф, Ҳерман Ҳессе, Хорхе Луис Борхес ва дигарон будааст. Бояд нависандагони тоҷик низ, чунонки шоиронамон, дар нақди осори ҳамқаламонашон фаъол ва саҳим бошанд. Устоди шодравон Гулназар, гиромиёд Муҳаммадалии Аҷамӣ, устод Камол Насрулло, Низом Қосим, Салими Зарафшонифар аз ҷумлаи мунтақидони фаъоли шеъри муосир буданд ва ҳастанд. Мутаассифона, нависандагон дар ин замина хеле камтаваҷҷуҳтар ҳастанд.

Аммо ҳадаф аз гуфтани ин суханон, албатта, на он аст, ки адабиётшиносон набояд ба нақди адабӣ машғул бишаванд! Ҳаргиз! Вале беҳтар буд, чун ба нақд мепардозанд, тавофутҳои ин дуро ба назар бигиранд, забони навиштаҳояшонро аз қайду шартҳои забони илм раҳо бикунанд, назарашон фарохтар аз чаҳорчўби илм бошад, яъне ба назари бештар объективии илмиашон, ки маҳдудтар аст, диди субъективии инфиродиро низ биафзоянд ва рўшантару ба фаҳми доираи густардаи хонандагон наздиктар хома ронанд.

Дар оғоз ишора кардем, ки дар қиёс бо нақди шеър нақди насри тоҷик боз ҳам вомондатар аст. Дар айни ҳол ба ҷуз Абдухолиқи Набавӣ ва то ҷойе Матлубаи Мирзоюнус, Шамсиддини Солеҳ ва Мисбоҳиддини Нарзиқул (ки низ адабиётшинос ҳастанд), дигар касе, ба ҷуз мавориди истисноӣ, ба нақди насри бадеии тоҷик машғул нест. Ва сабаб ҳа- мин аст, ки то кунун умдатарин вижагиҳои эҷодиёти Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, ки дар солҳои даҳаи 80-уми қарни гузашта насри тоҷикро сифатан нав карданд ва ҳар яке сабки хосси нависандагӣ доранд, таҳқиқ ва кашф нашудааст. Тамоилҳои асосии рушд ва низ сабабҳои ақибмондагии насри муосири тоҷик низ асосан аз доираи таҳқиқ берун мондааст.

Мафҳуми «адабиёти ҷаҳон» ба маънои истилоҳии раванди умумибашарии фаъолиятҳои муштараки адабии намояндагони ақвом ва милали мухталифи олам то ибтидои асри 20 вуҷуд надошт ва агар қаблан ҷойҳое ҳам онро ба кор гирифтаанд, фақат ба маънои «адабиётҳои халқҳои ҷаҳон» будааст. Ва воқеан, то инқилобҳои илмию фаннии қарни гузашта, ки ҷаҳонро ба истилоҳ ба «як деҳкадаи бузург» табдил дод, ин падидаи «адабиёти воҳиди чаҳон», ки ҳосили ду асли танаввуъ ва ягонагӣ аст, ҳанўз шакл нагирифта буд, то он замон мешуд дар мавриди «адабиётҳои тамаддунӣ» ва «адабиётҳои миллӣ» сухан гуфт, ки ҳар кадом бо қавонини хосси худ ва дар заминаи тамаддуни динӣ ва миллии худ рушд мекарданд. Аммо ҳадди ақалл аз нимаи дувуми қарни бистум тамоми адабиётҳои ақвому милали ҷаҳон дар чаҳорчўби жанрҳои яксон, дар заминаҳои мактабҳо ва ҷараёнҳои яксон таълиф мешаванд. Чунончи, сюрреализм дар Фаронса зуҳур кард ва ба зудӣ тамоми ҷаҳонро паймуд, реализми ҷодуӣ, ки дар Амрикои Лотинӣ пайдо шуд, тайи ду даҳсола ба шаклу дараҷаҳои мухталиф ба тамоми адабиётҳои ҷаҳон нуфуз кард; дар мавриди модернизму постмодернизм низ ин суханон сидқ доранд. Албатта, нависандагони ҳунармандтар ва амиқандештар бо он ки аз як падидаи «бегона ва берунӣ» таъсир мегиранд, онро ҳатман бо суннатҳои мавҷуди адабиёти миллӣ ва таҷрибаи инфиродии худ меомезанд, ки дар натиҷа офаридаи бадеиашон на тақлили маҳзи мактаби бегонагон, балки асари миллии баробарвазн бо меъёру мелокҳои адабиёти ҷаҳон ба бор меояд. Вале ин мавзўъ доманадор аст ва баҳсаш низ тўлонӣ. Ин қадар, ки гуфтам, барои он буд, то бигўям, ки ноқиди адабӣ (ва низ адабиётшинос) барои он ки асареро аз адабиёти миллии муосир нақд бикунад, бояд аз мактабҳои адабӣ ва ҷараёнҳо ва сабкҳои адабии роиҷ дар адабиёти ҷаҳон ва низ мактабҳои нақди адабии муосир огоҳӣ дошта бошад, дар акси ҳол наметавонад моҳияти ҷусторҳо ва диди зебоишиносии пешгомтарин нависандагони муосирро кашф ва бозгў кунад ва нақдаш ноқис хоҳад буд… Чунонки, барои он ки осори ҳамон Баҳманёр, С. Раҳимзод ва М. Солеҳро ба дурустӣ шиносем ва ба хонандагон бишиносонем, донистани адабиёти пешгузаштаи тоҷик кофӣ нест, пешгузаштагони ин се нафар ва низ касоне, ки баъд аз инҳо ба саҳнаи адабиёт ворид шуданд, берун аз адабиёти миллии мо ҳастанд, маъхазҳои омўзиши онҳо ва маншаъи зебоишинохтии эшон фаротар аз адабиёти тоҷики қарни бистум аст.

Аз қарни 19 ба баъд дар адабиёти бадеии ҷаҳон нақши наср нисбат ба назм барҷастатар шуд. Характери миллӣ, ҳувияти миллӣ, торихи миллӣ дар наср беҳтар, густардатар ва амиқтар ба тасвир меояд ва низ наср барои эҷоди андешаҳои миллӣ имкони фаровонтар дорад. Назаре иҷмолӣ ба феҳристи барандагони ҷоизаҳои бонуфузи адабии ҷаҳон (ба мисли ҷоизаи адабиёти Нобел, ҷоизаи Букер (Британия), ҷоизаи бародарон Гонкур (Фаронса), ҷоизаи Пулитсер (ИМА) ва ғайра кофист, то бибинем, ки 80 дар сади онҳо маҳз нависандагон ҳастанд. Бештари китобҳои бадеие ҳам, ки ҳамасола ба забонҳои мухталиф тарҷума мешаванд, китобҳои роману қиссаву ҳикоя мебошанд… Аммо, дар адабиёти мо ба таври суннатӣ шеър бар наср имтиёзу бартарӣ дорад, мо дар қиёс бо нависандагон шоирони хуб зиёд дорем. Тамоили мавҷуд дар адабиёти ҷаҳон, ҳамчунин рушди миллии мо тақозо мекунад, ки ба насри бадеӣ таваҷҷуҳи бештар гуморем, талош кунем, ҷавонони хушсалиқа бештар ба офариниши осори насрӣ рўй биёварад. Бидуни роману қиссаҳои хубу зиёд театр ва синемои миллӣ ҳам рушди назаррас нахоҳад дошт. Барои ин амр яке аз муҳимтарин вазифаҳо рушду тавсиаи нақди адабӣ умуман, ва нақди насри бадеӣ хусусан аст. Бо ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ташкили давраҳои магистратураи нақди бадеӣ (ҷудо аз адабиётшиносӣ) дар донишкадаҳои забон ва адабиёти донишгоҳҳои кишвар зарур аст. Хатмкардаҳои ин магистратура бояд шахсони китобхонда, огоҳ аз адабиёт ва мактабҳои адабӣ ва нақди адабии ҷаҳон бошанд ва муҳимтар аз он завқашон бар асоси адабиёти асил парвариш ёфта бо- шад. Ташкили сутунҳои хосси нақди китоб дар нашрияҳо, барномаҳои телевизионӣ ва родиёии муаррифӣ ва нақди китоб низ судбахш хоҳанд буд. Масъулони моҳномаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бояд дар ин амр пешгом ва мубтакир бошанд ва ноқидон, адабиётшиносон ва адибонро барои навиштани нақд ба китобҳои тоза ҷалб бикунанд. Ташкили мизҳои мудаввари баррасии осори тозаи адибон низ бояд бо ҷалби мунтақидон, адибон ва устодону донишҷўёни риштаи адабиёти донишгоҳҳо ба таври пайваста сурат бигирад. Истифода аз имконоти интернет, аз ҷум- ла, ташкили барномаҳои махсуси нақди китоб низ, албатта муфид аст. Садҳо нафар блогерони рус ҳамарўза аз тариқи шабакаҳои интернетӣ, адабиёт, китобҳои тозанашри бадеиро нақду муаррифӣ мекунанд, вале мо дар ин замина ба ҷуз барномаи «Китобхон»-и Далер Шариф чизи дигаре надорем. Ташкили семинарҳои омўзишӣ аз ҷониби мунтақидони варзида ва ботаҷриба барои ҷавонони алоқаманд низ дигар аз чораҳои ҳалли ин мушкил метавонад бошад.

Хулоса, мо бояд раванди зинда ва пуртаҳарруки адабиёт эҷод бикунем, вагарна натанҳо адабиётамон аз остонаи хонаи худамон дуртар намеравад, балки рушди маънавии миллиамон низ кундтар мегардад ва мо боз бештар ба ҳошияи таърихи ҷаҳон ронда мешавем.

Қодири РУСТАМ

Дигар хабарҳо