Сабк аз печидатарин ва мураккабтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ (ва анвои дигари санъату ҳунар) буда, аз аҳди қадим то имрӯз даҳҳо таърифу меъёрҳо барои шинохти он рӯйи кор омадааст. Бо вуҷуди он ки ин масъала аз самтҳои меҳварии таҳқиқоти устод Абдунабӣ Сатторзода нест, дар чанд мақолаи эшон диду назари хосси муаллиф ба мушоҳида меояд. Зимнан, бояд гуфт, […]
Дар таърихи фарҳангу ҳунари халқи тоҷик занону духтарони санъаткору ҳунарманд ба монанди муғанниён, овозхонон, наққошон ва ғайра бисёр будаанд. Аммо азбаски дар ҳаёти маънавии тоҷикон аз даврони қадим адабиёти бадеӣ, махсусан шеър ваҷҳи ғолиб будааст, фикр мекунам сафи шоирон дар миёни онҳо бештар будааст, аммо ному корномаҳои адабии онҳоро таърих нисбат ба мардони шоир камтар […]Идома...
Андешаҳо атрофи китоби “Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт (1977-2023)” Мураттибон:д.и.ф. профессор Ш.Н. Суфизода, академики АМИТ, д.и.ф.профессор М.Имомзода Зиндагӣ,масири офаринандагӣ ва мероси гаронсанги устод Айнӣ қаламравест, ки солиёни дароз зеҳну ҳуши пажуҳандагони риштаҳои мухталифи илму донишро ба худ маътуф медорад. Устод Айнӣ аз зумраи фозилмардонест, ки осорашон дар шинохту маърифати дирӯзу имрӯз ва фардои кишвару миллати мо […]Идома...
Файласуф, муаррих ва ҷомеашиноси олмонӣ Фридрих Энгелс (1820-1895) дар як номаи фозилонааш ба файласуф ва ҷомеашиноси маъруф Карл Маркс (1818-1883) аз таърихи 6 июни соли 1853 бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ забони форсиро langue universelle toute trouve (лунг йунивеғсел тут тғуве, фар.), яъне “забони мукаммали ҳамагонӣ” ба шумор оварда, дар ҳамин замина таъкид ба он […]Идома...
Дар ташаккулу такомули насри таърихии тоҷик тасвири реалистӣ, ки бо таъсири адабиёти рус ва Ғарб шакл гирифтааст, мақоми арзанда дорад. Устод Айнӣ бо эҷоди «Дохунда» дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ дар насри давраи нави адабиёти тоҷик аввалин асари калонҳаҷми эпикиро ба вуҷуд овард. Бо таълифи «Ғуломон» дар насри тоҷик романи таърихӣ пайдо шуд, ки […]Идома...
Пажӯҳишгарон истилоҳи «адабиёти шифоҳӣ»-ро, ки ба сурати гуфторӣ аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл мунтақил шудааст, дар муқобили адабиёти расмӣ, ки аз роҳи китобат ба даст омадааст, қарор медиҳанд. Ҳар ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои адабиёти шифоҳист. Ҳамчунин, ба номҳои дигаре аз он чун «адабиёти халқ», «адабиёти даҳанакӣ», «адабиёти омиёна», «адабиёти мардум», «эҷодиёти халқ» ва […]Идома...
Ҷанбаи зебошинохтӣ, зеҳннишинӣ, таъсир, ҷовидонагӣ, ҷаззобият, кашандагии ҳар шеъре бастагӣ ба вожагон дорад. Вожагон то расидан ба марзи матн фосилаи пурпечеро, ки ҳамроҳ бо ҳунар, офаринандагиву халлоқият аст, мепаймоянд. Замони гом ниҳодан дар матни шеър дигар онҳо нишона нестанд, балки ашёе мебошанд, ки шахсият пайдо кардаанд, нишонгари симои холиқи шеър, расонандаи паёму ҳадафи хосе ҳастанд. […]Идома...
Дар Тоҷикистон пас аз пирӯзии инқилоби Октябр дар матбуоти мо эҷодиёти адибони муосири эронӣ Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Саид Нафисӣ, Парвини Эътисомӣ, Хонларӣ, Ҷамолзода, Нодирпур, Фурӯғу Симин, Раҳии Муайирӣ ва дигарон натанҳо пайи ҳам дарҷ гардид, балки тавассути баёзу маҷмуаҳои алоҳида дар ихтиёри хонандагони тоҷик қарор гирифт ва, хушбахтона, ин анъанаи хуҷаста то ҳанӯз идома […]Идома...
(Аҳмад Абдуллоев. «Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII» – Душанбе: «Дониш», 2024. – 102 с.) Адабиёт нурест, ки моро фаросўи ҷаҳони маънавӣ ҳидоят намуда, уфуқҳои нави созандагиву ободкориро ба рўйи мо мекушояд. Дар ҳама давру замон ва ҳар сарзамин адабиёт бо ғановати адабию шукўҳи азалиаш дили муштоқони каломи бадеъ ва дўстдорони маънои бикрро тасхир […]Идома...
Пешгуфтор ба матни англисии «Ҳамосаи миллии Тоҷикистон. Исёни Муқаннаъ ва Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар тарҷумаи Абдусалом Мамадназаров, (Нашриёти «Роутлиҷ, Лондон, Ню-Йорк», 2024 Ҷонатан Зарман, профессор (ИМА) Асарҳои таърихии Садриддин Айнӣ “Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» манфиатҳоро фаротар аз дурнамои онҳо дар ду давраи сарнавиштсоз ва фоҷиавии таърихи Осиёи Марказӣ ироа мекунанд. C. […]Идома...



