Чанде пеш шоираи шинохта Муҳаррами Сорбонзод дар синни 67-солагӣ бо дунёи фонӣ падруд гуфт. Ӯ 8 октябри соли 1958 дар маҳаллаи Қибили шаҳри Норак таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёна дар зодгоҳаш ва Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат (1991) дар Маркази саломатии шаҳри Норак кор кардааст. Узви Иттифоқи нависандагон аз соли 2014. Муаллифи маҷмуаҳои […]Идома...
11 ноябри соли равон Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гашт. Аъзои ИНТ субҳи он рӯз дар пояи ҳайкалҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ ва оромгоҳи Мирзо Турсунзода ба расми эҳтиром гул гузоштанд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба кори анҷуман оғоз бахшид. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои […]Идома...
Муроҷиатномаи Анҷумани XVI нависандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат
Пешвои муаззами миллат! Мояи шукргузорӣ ва саодатмандист, ки Анҷумани 16-уми нависандагони Тоҷикистон дар фазои болидарӯҳӣ ва фараҳмандии халқамон баргузор мегардад ва ин ба фазои адабӣ низ бетаъсир намемонад. Чунин муҳити гарми зиндагию эҷод аз шарофати ғамхории пайваста ва заҳматҳои пурбори Шумо дар саросари кишвари азизамон фароҳам омадааст. Имрӯз, хушбахтона, сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакатамон, ки аз […]Идома...
Вакилони муҳтарам, адибони гиромӣ! Миллати фарҳангпарвару тамаддунсози мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Тайи ин муддат Тоҷикистон ба пешрафтҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид. Мо давлати гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва дар остонаи нестӣ қарордоштаро мерос гирифта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба қатори […]Идома...
Маъруф Бобоҷон баъди ба итмом расонидани факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) ба ҳайси муҳаррир дар Идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷӣ, муҳаррири калон, мудири шуъбаи мухбирони ҷумҳурӣ, сармуҳаррири Идораи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (1968-1986), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи […]Идома...
Султонмуроди Одина хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, ба ҳайси омӯзгор котиби кумитаи иҷроия (1985), муовини раиси Шӯрои вакилони халқ (1990 91), роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия (1991 2007), муовини мудири шуъбаи маориф (2007-2013) ва мушовири раиси ноҳияи Ҳисор (2013-2016) фаъолият дошт. Солҳои 1994-2000 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ, 3 даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор интихоб шуд. Беш аз сӣ сол […]Идома...
Шоир ва рӯзноманигори пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмон Олим дар 89-солагӣ дунёро падруд гуфт. Шодравон 30 июли соли 1936 дар рустои Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби зодгоҳаш гирифт. Баъди ба поён расондани риштаи суханшиносии Институти давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ) муддате омўзгорӣ кард, сипас ҳамчун мухбири минтақавии рӯзномаи […]Идома...
Устод Садриддин Айнӣ яке аз аввалин нависандагоне буд, ки асари барҷастаи илмии «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро иншо кард ва баъдан солҳои 30-40 роҷеъ ба эҷодиёти бузургтарин намояндагони адабиёти тоҷику форс – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва дигарон як силсила асарҳо ва мақолаҳои илмӣ таълиф намуд. Аз ҷумла, дар очерки бадеии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» […]Идома...
Таҳқиқ ва тарҷумаи осори суханварони адабиёти тоҷик ба забонҳои мухталифи олам дар мамолики мухталиф, аз ҷумла дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар замони Истиқлоли миллӣ ба марҳалаи комилан нави хеш ворид гардид. Дар самти густариш ва вуруди ин раванди муҳим ба сатҳи нав саҳми донишманди соҳибном, ходими калони илмии институти забону адабиёт ва фолклори Академияи илмҳои […]Идома...
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ яке аз пажӯҳишгарон ва адабиётшиносони пурмаҳсул ва шинохта буда, дар пажӯҳиш ва нақду баррасии осори дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи худро дорад. То имрӯз асарҳои фаровоне аз қабили «Девони форсӣ»-и Навоӣ, «Куллиёти форсӣ»-и Муҳаммад Иқбол, «Илоҳинома» ва «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор, «Ҳазору як андарз»-и Низомӣ, «Ҳикоят ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ, «Девони Кабир»-и […]Идома...



