Шамси фазли дури наздик аст Мавлоно, Шаҳчароғи рӯзи торик аст Мавлоно. Ханда механдад ба рӯйи раҳзани махзан, На араб, на турк, тоҷик аст Мавлоно! Инак, ҷаҳони шеързоду шоирофар, аҳли башар паёми пур аз ишқу умед, садои Мавлоно, садои шеъри забони модарии моро ба гӯши ҳуш ва гӯёву хамӯш хоҳад шунид. Имрӯз Қуния гулистони гулфишони шеъри […]Идома...
30 сентябр – Рӯзи Мавлоно Дар ҷаҳон аз «Маснавии маънавӣ» нусхаҳои хаттии зиёде маҳфуз монда, ки онҳо дар ганҷинаву китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванду теъдодашон хеле зиёд ҳам ҳаст. Танҳо дар китобхонаҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 35-40 нусхаи дастхати «Маснавии маънавӣ» ё дафтарҳои алоҳидаи он нигаҳдорӣ мешавад, ки матни ин шоҳасарро яке пурра ё дигаре қисм- қисм […]Идома...
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қарор кардааст, ки соли 2025 дар шаҳри Истаравшан ҷашни 165-солагии шоири маъруфи тоҷик Зуфархон Ҷавҳарӣ таҷлил карда шавад. Ин иқдоми хуб ва боиси ифтихор аст, зеро Зуфархон Ҷавҳарӣ дар шеъру шоирӣ ва таҳқиқоти илмии таърихшиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик бо сабку услуби худ нақши муассир гузоштааст. Оид ба паҳлуҳои мухталифи […]Идома...
Нуқраи Суннатниё бо ашъори латиф ва сифатҳои неки инсонияш дар байни шоирони имрӯзамон мавқеи шоиста ёфтааст. Ботинаш аз чашмасорони зодгоҳаш – рустои Роғи ноҳияи Ванҷ сафо ёфтаву суханаш аз табиати зебои ин диёр тароват гирифтааст. Донишомӯхтаи мактаби зодгоҳ ва факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар давоми солҳои гуногун дар ҳамин донишгоҳ, баъдан дар яке […]Идома...
Дар ин мақола кӯшиши ошкор намудани сарчашмаҳои ташаккули Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода – ду падидаи бузурги фарҳанги моро на аз нигоҳи муаллифони ҷилдҳои ғафси илмӣ дар бораи адабиёт, фалсафа, равоншиносӣ ё зебоишиносӣ, балки дар асоси як ҳикояи ба назар сода, вале пур аз ҳикмати “Падар” карданиям. Ин ҳикоя бо ҳамин ном ҳам дар “Ёддоштҳо”-и […]Идома...
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ аз замони худи ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо омӯхта, таърифу тавсиф шудаанд. То имрӯз шуълаи оташи муҳаббати ихлосмандону алоқамандони шеъри устод Рӯдакӣ […]Идома...
Ба назар чунин мерасад, ки солҳои охир устод Гулназар бо ҳама вуҷуд пеши худ ҳадафе гузошта буд, ки як тарзи нави шеъргӯӣ, номонои шеърҳои маъмулиро кашф кунад. Дар ин ҷода тозакориҳову тозаҷӯиҳои зиёдеро таҷриба намуд. Дар баррасии шеърҳои нашрияҳои адабии кишвар аз силсилаи тозагунаи “Лолаҳо дар ёлаҳо” ибрози назар дошта будем. Аммо дар мавриди як […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ Солҳои охир Гулназар аз ҳама шоирони ҳамсолаш бештар ба кори эҷод рустамона камар басту асарҳо офарид. Дарди бехобӣ ва тунд задани дилу набз озораш медод. Вале чун даврони ҷавонӣ ӯ ба чашм айнаки дурбин намегузошт ва бо панҷаи дасти рост мудом қафаси синаву дил намемолиду аз нафастангӣ […]Идома...
Китобхонаҳои шахсии академикҳо, докторони илм, кормандони илмӣ ва адибону донишмандони кишвар, ки то имрӯз ба Китобхонаи миллӣ супорида шудаанд, шумораашон ба 37 китобхона расида, муҳимтарин хазинаи китобии Китобхонаро ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза муҳаққиқон, донишҷӯён ва пажӯҳандагони риштаҳои гуногун аз онҳо баҳраманд мешаванд. 26 августи соли 2025 дар фонди китобии ин бахши китобхона боз як воқеаи […]Идома...
Хабари даргузашти шоир, нависанда, рӯзноманигори шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулқодири Раҳим аҳли адаб ва хонандагонро сахт андӯҳгин кард, марҳум бо эҷодиёти рангин ва сифатҳои неки инсонияш маҳбуби ҳамагон буд. Абдулқодири Раҳим бо маҷмуаҳои ашъори «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина» ва назири инҳо мавқеи худро ёфт. […]Идома...



