Ифтихормандам, ки соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси эътимодноки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будам. Соли як ҳазору нуҳсаду шасту нўҳ ба кишвари Афғонистон сафар намуда, дар сохтмони шоҳроҳҳои Пули Хумрӣ — Мазори Шариф — Шибирғон ва Мазори Шариф — Ҳайратон (рў ба рўи шаҳри Тирмиз) тарҷумон будам. Он вақт ин мамлакати хеле […]Идома...
ХУШ ОН ШЕЪРЕ… Ба муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ Хуш он шеъре, Ки бошад инъикоси қудрату азму мароми халқ; Хуш он шеъре, Ки бошад иқтибоси вазну тамкину қиёми халқ; Хуш он шеъре, Ки дорад ҷўр назми зиндагиро бо низоми халқ; Хуш он шеъре, Ки бо ҳар сатри тўлонӣ чу таъриху чу умри шоирӣ […]Идома...
Дар сӯгвории устод Гулназар Он дам, ки гузаштӣ аз ҷаҳони фонӣ, Аз байти ту абри дида шуд боронӣ: “Бо кибр назар макун ба хоки сари роҳ, Охир ба ҳамин хоки сияҳ сармонӣ”. Аз гул назари ту нармтар буд ба чашм, Рӯят зи тамуз гармтар буд ба чашм. Дар чашмаи чашмат набуд осори ғубор, Гар буд, ҳамон […]Идома...
Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи Гулназар Келдӣ шоми ҳамин рӯз дар оромгоҳи Лучоб бо ҳузури шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаводорони шоир баргузор гардид. Дар маросими ҷанозаи шоири […]Идома...
Хуш омадед ба меҳмонхонаи «Адабиёт ва Санъат», хонандагон муштоқи суҳбати самимонаи шумоанд. Иҷозат диҳед, суҳбатамонро бо ин суол шурўъ кунем: Дар ҳамбастагӣ бо овозхонӣ аз даврони кўдакиатон чӣ хотираҳо доред? -Падарам бештар сурудҳои Маъруфхўҷа Баҳодуровро дўст медоштанд ва дар хатнасури ману бародарам ўро даъват намуда буданд. Бародарам Музаффар Неъматов низ аз наврасӣ бо рубобу тор […]Идома...
Шодбошии Акбар Абдулло Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед. Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед. Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои […]Идома...
14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди […]Идома...
Чанде пеш бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад, анҷом ёфт. Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, […]Идома...
Валӣ Самад — донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷўянда ва заҳматкашу фидокор, пайвандгари риштаҳои фарҳангӣ, аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷўянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни миллӣ, фирдавсишинос ва шоҳномапажўҳ, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи даҳҳо монография ва мақолаҳои илмӣ, 24 октябри соли 2019 пас аз беморӣ дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт. Валӣ Самад 20 январи соли 1936 дар деҳаи […]Идома...
Барои ҳар миллат забони модариаш азизу муқаддас аст, зеро он муарриф, ойинаи рўзгор ва фарҳанг, хулоса, ҳастию бақои вай мебошад. Барои мо, мардуми тоҷик, забони модариамон дучанд азизу муътабар аст. Чунки дар давоми садсолаҳо мо соҳиби давлати миллӣ набудем, маҳз забони модариамон, ки дар тўли дарози таърих забони илму фарҳанг ва муоширати байни қавмҳои муқими […]Идома...



