Ҳангоме ки роҳбарони ду кишавари ҳамсояву дӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тукмаи рамзиро пахш карданд ва қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг боз гардид ва қаторҳо ба ҷунбиш омаданд, тирамоҳони дери соли 2015 дар даромади нақби Шаҳристон ба ёдам омад. Он вақт мо дар Рӯзи гиромидошти […]Идома...
Одамоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ бо худ рӯшноӣ мебаранд, баъд аз гузаштани умрашон низ ёдашон ба дилҳо фараҳ мебахшад. Танҳо ба забон овардани номашон кофист, ки дар дили мо дурахше аз хотираҳои некашон ҳувайдо шавад, худ аз худ лабханд занем ва табассум дар чеҳра бишкуфад. Воқеан, фархунда шахсест, ки пас аз тарки дунё карданаш ҳам ёдаш дар дилҳо […]Идома...
Адаш ИСТАД Баъзе касон гумон мекунанд, ки маҷмӯа, яъне Ансамбли Регистон танҳо аз се мадраса ва майдони таърихии он иборат аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ин ҷо иморатҳои бузурги дигаре низ буданд. Аз ин иморатҳо куҳансолтаринаш Мадрасаи Мирзо Улуғбек – ҳоким ва донишманди маъруфу машҳур мебошад, ки сохтани он соли 1417 ба охир расида, […]Идома...
Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид. Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию […]Идома...
Дар мулоқоти охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар синамои тоҷик ва дурнамои он дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт ва таъкид мешуд, ки ин риштаи муҳими ҳунар бояд мувофиқи талаботи замони муосир густариш ёбад. Баъди ин гуфтаҳои Роҳбари давлат дастандаркорони соҳаи синамо барои […]Идома...
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба қатори маконҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад. Ин матлаб 6 ноябри соли 2017 зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баъди навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ таъкид гардид. Вобаста ба ин Кумитаи рушди сайёҳии […]Идома...
Вақте ки дар хонадони Раҳмон Шариф 5-уми октябри соли 1952 писари сеюмашон таваллуд шуд, шодиву нишоти коргари совхоз ҳадду канор надошт. Худованд ба ӯ боз як дастёр бахшид. Ба ин муносибат сарвари хона хони зиёфат кушод ва аз Данѓараву атрофаш хешону дӯстонро даъват намуд. Албатта, барои барпо кардани ин маърака каму беш қарздор ҳам шуд. […]Идома...
Буд набуд… 50 сол пеш дар шаҳри Душанбе мире буд. Боре раиси Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон барои ҷудо намудани манзил ба назди ин мири шаҳр, ки он вақт шаҳрдорӣ дар таҳти назорати ҳизб буд, меояд. Ба Мири шаҳр Мамадназар Худоназаров (Рӯҳаш шод бод) котиба хабар медиҳад, ки аз Союзи композиторон раисаш омадаст. Раиси шаҳр бо дағалӣ […]Идома...
СУННАТҲОИ АДАБӢ ҶОВИДОНААНД (Нуктае аз омўзаҳои Ҳамойиш) Ҳамойиши адибони ҳавзаи Наврӯз ба поён расид. Дар давоми чанд рӯз дар фазоҳои гуногуни ҳама идона шеъри тоҷикӣ форсӣ дарӣ садо дод. Эҳсос мешуд, ки мардум беш аз суруду мусиқӣ ба шеър таваҷҷуҳ доранд.Дар хусуси натиҷаҳо ва овардаҳову бардоштҳое, ки аз ин Ҳамойиш ҳосил шуда, ҳоло то дергоҳе сухан […]Идома...
Моњи декабри соли 1967 ба пешвози љашни 50-солагии Тољикистон дар Душанбе Симпозиуми назми форсизабонон баргузор шуд, ки дар он аз Маскав, Ленинград, љумњурињои бародар, хусусан аз давлатњои дўсту њамзабон, аз он љойњое, ки бо адабиёту санъати форсизабонон шуѓл доштанд, мењмонон иштирок карданд. Дар маљлиси муњташам шоирон, нависандагон, донишмандон, муњаќќикону адабиётшиносон, намояндагони соњањои гуногуни адабиёт дар […]Идома...