Паёми табрикотии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Конститутсия
06.11.2023, 08:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.
Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт.
Дар Конститутсия манфиатҳои миллӣ, арзишу анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи фарҳангии халқи тамаддунсози тоҷик, марому мақсади наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи халқ ифодаи озоди худро пайдо намуданд.
Тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат кафолат дода шуд.
Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад.
Ин ҳуҷҷати бунёдӣ барои ба ҷомеаи ҷаҳон наздик шудани кишвар замина гузошта, дар як муддати кӯтоҳ давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва имрӯз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои об, муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ дастгириву ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд.
Дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути раъйпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд карда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам устувор гардид.
Тибқи меъёрҳои Конститутсия як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, ба мисли терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб равона шудаанд, қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Ҳамватанони азиз!
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид.
Бо гузашти солҳо мо аҳаммияти бузурги сиёсиву ҳуқуқии ин ҳуҷҷати бунёдиро бештар дарк ва қадр мекунем, зеро имрӯз мо ба хубӣ медонем, ки маҳз дар заминаи он Тоҷикистони демократӣ рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоистаи худ гардидааст.
Бо дарназардошти вазъи ниҳоят ҳассосу мураккаби ҷаҳон, рӯз ба рӯз вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, осебпазир гардидани истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки бо эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва қонунҳо, ки таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ мебошанд, риоя ва иҷрои бечунучарои талаботу меъёрҳои онҳоро таъмин намояд.
Вобаста ба ин, дар моддаи 10-и Конститутсия сабт шудааст: «Давлат ва ҳама мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Бори дигар хотиррасон менамоям, ки Конститутсия ба сифати бахтномаи миллат аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки омӯхтану эҳтироми онро ба фарзандони худ, яъне наслҳои ояндасоз аз хурдсолӣ талқин намоем.
Миллати тоҷик ба шарофати афкору андешаи солиму созанда, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ ҳувияту ҳастии худро ҳифз карда, аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун халқи фарҳангиву тамаддунсоз ва сулҳпарвару озодихоҳ шинохта шудааст.
Имрӯз мо бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ, риояи қонунияту тартибот ва эҳтироми волоияти қонун тарбия намоем.
Бори дигар мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистони озоду демократӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан тандурустиву иқболи нек ва ба Ватани маҳбубамон суботи ҷовидонаву пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони гиромӣ!