Ойинадори насри муосири тоҷикӣ
Ба муносибати 80-солагии Абдухолиқ Набавӣ
Як нишонаи равшани дар солҳои 60 ва 70-уми садаи ХХ «ба таври ҳаққонӣ пеш рафтан»-и нақди адабии тоҷик ба шохаҳои мустақил, аз ҷумла «танқиди махсуси наср» ҷудо шудани он буд. Ва дар саргаҳи истиқлоли нақди адабии насри муосири тоҷик устоди равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ меистоданд. Он солҳо устод ягона донишманде буданд, ки ба таври мунтазам ва пайгирона вазъи насри муосири тоҷик, бурду бохт, тамоюл ва падидаҳои он ва асарҳои нависандагони номӣ ва навқаламро нақд ва таҳқиқ менамуданд.
Дар рӯзҳои мо анҷоми ин рисолатро муҳаққиқ ва мунаққиди номошнои тоҷик Абдухолиқ Набавӣ, ки аз номбардорони сазовори мактаби илмии академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ мебошад, ба зимма гирифтааст. Ӯ мисли устоди бузургвораш худро масъули нақсу камоли насри муосири тоҷикӣ медонад. Ва пайваста ва бидуни хастагӣ дар ин замина тақриз, мақола ва китобу рисола менависад ва дар баҳсҳо фаъолона ва ҷасурона иштирок мекунад. Ӯ иҷрои ин вазифаи басо душвор, заҳматталаб ва бидуни подоши моддиро шуурӣ ба уҳда гирифтааст ва ният кардааст, ки ин суннати муқаддаси устодашро идома бидиҳад.
Абдухолиқ Набавӣ ба таҳқиқи насри муосир аз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз намуда, мавзуи “Масъалаҳои писихологизм дар насри муосир”-ро барои рисолаи номзадӣ ва академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро ҳамчун устоди раҳнамои хеш интихоб кард. Ба омӯзиши ин мавзуъ таваҷҷуҳ намудани муҳаққиқи он вақт ҷавон аз он сарчашма мегирад, ки бино бар мушоҳидаи ӯ, аз нимаи солҳои 50-ум дар адабиёти муосири тоҷикӣ, аз ҷумла дар насри он “тасвири психологӣ аз ҳодисаҳои умдаи ҷараёни адабӣ” оғоз шуда, дар солҳои 60-80 “таваҷҷуҳ ба инсони алоҳида афзуд”. Ва табиист, ки маҳз дар ҳамин солҳо дар нақди адабии тоҷик низ нахустин мақолаву тақризҳо дар заминаи масъалаи мазкур ба табъ мерасанд.
Соли 1987 нашриёти “Адиб” рисолаи Абдухолиқ Набавӣ (он вақт Набиев) “Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон”-ро ба табъ расонд, ки он натанҳо дар фаъолияти илмию интиқодии муаллиф, балки дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикии он замон падидаи тоза ва назаррасе буд. Мунаққид бори нахуст ҳодисаи тасвири психологӣ, моҳият, вижагӣ ва имкониятҳои он, шаклу навъҳои он, назария ва амалияи он, тасвири психологӣ ва фардияти нависанда, воситаҳои таҳлили психологӣ, робитаи психологизм бо поэтика, марҳалаҳои асосии таҳаввулу такомули он дар насри муосири тоҷикиро дар заминаи романи сегонаи Ҷалол Икромӣ ба таври муфассал ва ҳамаҷониба ба миён гузошта, ба ҳалли он муваффақ гардидааст. Ба андешаи ӯ, тасвири психологӣ пеш аз он ки ба муҳимтарин восита ва асли асосии дарки бадеии инсон дар насри муосири тоҷикӣ табдил ёбад, се марҳаларо тай намудааст: 1) солҳои 20 ва нимаи солҳои 30-юм; 2) нимаи солҳои 30 ва аввали солҳои 50-ум; 3) нимаи солҳои 50 ва аввали солҳои 80-уми асри ХХ. Ва ӯ вижагиҳои умдаи тасвири психологӣ дар ҳар яке аз ин се марҳаларо бисёр дақиқ мушаххас кардааст. Гузориши равшан ва аниқу дақиқи масъалаи муҳимме чун тасвири психологӣ дар насри муосири тоҷикӣ ва ҳалли дурусти илмии он гувоҳӣ аз он медод, ки дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷикӣ як пажуҳишгари воқеии дигаре пайдо шуд, ки метавонад дар оянда таълифоти арзишмандеро ба вуҷуд орад.
Дар нимаи дувуми солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ дар Иттиҳоди Шуравӣ, дар Тоҷикистон дигаргуниҳои куллии сиёсиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд ва давраи ба истилоҳ бозсозию ошкорбаёнии горбачёвӣ ва ба истиқлол расидани ҷумҳуриҳои собиқи Шуравӣ оғоз гардид. Ва ин дигаргуниҳои куллӣ натанҳо равандҳои инкишофи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи онвақтаро дигар карданд, балки арзиш ва меъёрҳои онҳоро низ тағйир доданд, аз ҷумла арзишҳои адабӣ ва меъёрҳои доварӣ ва баҳодиҳӣ ба онҳоро.
Ба дарки моҳияти ин дигаргуниҳо аз аҳли илму адаби тоҷик, аз ҷумла мунаққидон ва муҳаққиқони тоҷик на ҳама омода буданд. Танҳо чанд нафари ангуштшуморе пайдо шуданд, ки монанди устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва шогирдону ҳамкоронашон, аз қабили Абдухолиқ Набавӣ он вақт аз зарурати навназарӣ ва бознигарӣ ба адабиёти шуравии тоҷикӣ ва «аз диди тозаву дигаре» баррасӣ кардани марҳалаҳои таҳаввули он сухан оғоз намуданд ва баҳсҳо карданд. Вақте ки Абдухолиқ Набавӣ дар навиштаҳояш аз ин масъала ёд меоварад, маъмулан рӯйи ду чиз таъкид мекунад: яке, аз зуҳури «танқиди камгирона» ва дигаре, «инкоргарии ифротӣ» ва онҳоро аз ҷумлаи «мушкилиҳои навназарӣ» дар нақд ва адабиётшиносии муосири тоҷикӣ медонад. Мунаққид намояндагони «танқиди камгирона» онҳоеро меҳисобад, ки дар бораи шахсият ва фаъолияти ин ва ё он адиб, ҳатто бузургоне мисли устод Айнӣ «фикру ақидаҳои муғризона, тамаъкорона, манфиатҷӯёна, гоҳе шуҳратталабона ва гоҳи дигар зеҳнии (субъективии) бебунёд» баён мекунанд. Ва он муаллифонеро, ки, бино бар гуфтаи ӯ, «худро дар мавқеи дигари идеологӣ ё субъектизми худхоҳона ва ё додситони кул тасаввур кардаву ба таърих ҳукм баровардан» мехоҳанд, аз зумраи нафароне мешуморад, ки равияи «инкоргарии ифротӣ» – «танқиду мазаммати сартосарӣ»-ро пеш гирифтаанд.
Абдухолиқ Набавӣ ҳар асареро, ки дар ин давра офаридааст ва онро «давраи пеш аз бозсозӣ ва… замони дигаргуниҳои ҷиддии инқилобӣ» номидааст, дар заминаи ҳамин дастури назарӣ анҷом додааст. Беҳтарин мақолаву рисолаҳое, ки муаллиф дар ҳамин давра навиштааст, монанди «Андешаҳои моҳиятҷӯ» (1978, тақриз ба китоби Муҳаммадҷон Шукуров «Паҳлуҳои тадқиқи бадеӣ»), «Пасту баландии роман» (1985, нақди панҷ соли наср), «Масъалаҳои насри муосир. Посух ба саволномаи маҷаллаи «Садои Шарқ» (1987), «Ҳақбин ва ростандеш» (1987, дар бораи романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём»), «Мақоми Фазлиддин Муҳаммадиев дар ташаккули насри ҷадиди тоҷикӣ» (1998), «Намунаи шоистаи насри ҷадиди тоҷик» (2004), «Мушкилиҳои навназарӣ ба эҷодиёти устод Айнӣ» (2008), «Намунаи насри муқовимат» (2007, чеҳраи эҷодии Урун Кӯҳзод), «Савори аспи сафед» (2008, чеҳраи эҷодии Муаззама Аҳмадова) ва ғ. аз рӯйи инсоф ва бидуни муҳобот, аз дастовардҳои нақд ва адабиётшиносии тоҷик ба шумор мераванд. Ин асарҳои муаллиф бо доштани мулоҳизаву мушоҳидаҳои ҷолиб, андешаҳои устувор ва натиҷагириҳои муҳимми илмӣ фарқ мекунанд.
Муҳаққиқи ҳақбину ҳақгӯй, устувор дар қавлу амал, озодандеш ва дорои истиқлоли фикр («мулоҳизаҳои ман характери озод хоҳад дошт») будани Абдухолиқ Набавӣ аз солҳои аввали фаъолияти мунаққидӣ ва муҳаққиқиаш маълум шуда буд. Аз ин ҷиҳат сарнавишти тақризи маълуми ӯ ба романи Ҷумъа Одина «Гузашти айём», ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» моҳи июни соли 1978 зери унвони «Назари ибратбини нависанда» чоп шуда буд, гувоҳ аст. Мунаққид пас аз баррасии романи мазкур барҳақ ба хулосае омада буд, ки он натанҳо «аз ҷасорати эҷодӣ ва пухтагии ғоявии нависанда ба хубӣ далолат медиҳад», балки «масъалаҳои ҳаётӣ, муаммоҳои зиндагӣ чунон гузошта шудаанд, ки касро ба андешаҳои ҷиддӣ дар бораи мақоми шахсу ҷамъият водор месозад». Абдухолиқ Набавӣ солҳо баъд дар китоби «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009) дар охирсухан ба таҳрири соли 2007 мақолааш «Ҳақбин ва ростандеш» (1987), ки ба муносибати ба Ҷоизаи Рӯдакӣ пешниҳод шудани романи «Гузашти айём» навишта шуда буд, ба хотир овардааст, ки вақте ки бо ташаббуси «ҳарифону ҳамкасбони камҳунари ӯ… дар долонҳову кабинетҳои дастандаркорони ҳизбӣ ва адабӣ маъракаи фош ва бартараф сохтани як нависандаи саркаш ва зиддишуравӣ зина ба зина авҷ мегирифт» ва «нависандаи ростбину ҳақгӯ дар вазъи баде сарашро ба кадом дар задан ва аз домани кӣ доштанашро намедонист», «ба ину он дасти ёрӣ (навиштани тақриз ё мақолае) дароз мекард, аммо ҳама худро «аз бало ҳазар гӯён» ба канор мекашиданд. Банда, ки дар он солҳо ҳанӯз як нақднависи ҷавон будам, ба ин ҳама ҳодисаҳо бесухан гӯш медодам, мушоҳида мекардам ва аз камҷасоратии баъзе ҳампешаҳоям ва аз вазъи носолими муҳити адабӣ хеле ҳам ба риққат меомадам. Ниҳоят ба хулосае расидам, ки дар ҳамин маврид бояд кореро анҷом дод. Ва ба мақсади навиштани тақриз ба румон афтодам». Мунаққид ин иқдомро, тавре мегӯяд, бар хилофи бисёре аз ҳампешагони хомӯш ва бетарафаш танҳо ба хотири «бо муаллиф тақсим кардани тақсир», «зарбаро ба худ гирифтан, аниқтараш бо муаллиф ба ҳам дидан» намудааст. Ва зимнан дар хитоб ба «аҳли қалам ва ноқидони ҷавон, ки ба арсаи эҷод қадам монда истодаанд», гуфтааст, ки: «аввалан дар қазоватҳои худ одил, воқеъбин ва ҳирфакор бошанд; сониян, дар мавриде, ки нисбат ба беадолатиҳои адабӣ сухани ҳақ гуфтан лозим бошад, истиҳола ва андешаи оқибати корро накарда, боҷуръатона онро изҳор намоянд. Бахусус, ки дар замони мо дар мавриди тамйиз додани адабиёти сара аз сақат мушкилоти бисёре дар миён ҳаст, вале дар ҷомеаи кунунии мо барои гуфтани ҳақиқати чизҳо шароити мусоид фароҳам омадааст».
Барои Абдухолиқ Набавӣ дар таҳқиқ ва нақд баёни ҳақиқати илмию адабие, ки дар натиҷаи омӯзиши раванд ва падидаҳои илмию адабӣ, шахсият, осор ва афкори намояндагони онҳо дар асоси маводу далелҳои фаровон ошкор ва кашф намудааст, фавқулода муҳим мебошад. Ӯ ин амали худро «садоқат ба мантиқи илмии таҳқиқ» номидааст ва онро, барҳақ, аз рисолати аслии хеш дар таҳқиқ ва нақд медонад. Муҳаққиқ ба кашф ва баёни ҳақиқати илмию адабӣ ба шарофати дорои андешаи моҳиятҷӯ ва биниши консепсионӣ буданаш муваффақ шудааст. Ва бар он ақида аст, ки дар таҳқиқ ва нақд истифодаи маводу далелҳои ҷудогонаи фаровон ва омӯхтани падидаву равандҳои гуногуни адабӣ ва илмӣ вақте самар хоҳанд дод, ки аз қонунияти умумии инкишофи адабиёт ва биниши консепсионӣ сарфи назар карда нашавад. Ба фикри ӯ «ҳукмҳои бемуҳокима», «далелзании беконсепсия (проблема)… арзиши баланде надорад. Бинобар ин … аз факту далелҳо натиҷаи умумӣ, моҳияткушо» бояд гирифт. Агар аз сари инсоф нагузарем, бамаврид аст бигӯем, ки дар амалияи нақд ва таҳқиқи муосири тоҷик, аз ҷумла дар баъзе аз навиштаҳои Абдухолиқ Набавӣ низ, ҳодисаи суиистифода аз кашфи қонунияти умумии равандҳои адабӣ ва илмӣ низ ба назар мерасад. Чунончи гоҳе барои исботи мавҷудияти ин қонунмандии умумӣ дар қатори асарҳои адабӣ ва илмии асил ва муаллифонашон аз навиштаҷоте ва қаламкашоне низ ном мегирем ва дар бораашон тақризу мақолаҳое менависем, ки ба меъёрҳои адабиёт ва таҳқиқи асил ҷавобгӯ нестанд.
Абдухолиқ Набавӣ вақте ки дар бораи вазъи насри замони истиқлол ва нақди он мулоҳиза рондааст, бо нигаронӣ ва алорағми таваққуи «баъзе аз дӯстон» «як андоза бо лаҳни тунд» изҳор доштааст, ки «дар матбуоти мо намунаҳои тақризи ҷиддӣ, танқиди бамуддао, мақолаҳои таҳлиливу тасвириро дар бораи ҳолати насри муосир мушоҳида намекунем»; «Ҳоло нақди наср ба баҳои мавридӣ ё мавсимӣ (гирифтани мукофотҳо) ва ё монографияи тавсифӣ табдил ёфтааст, ки дар ҳар ду маврид ҷараёни зинда, пуртаҳрик, ҷустуҷӯ, комёбиву нокомии нависандагонро нишон додан камтар ба назар мерасад».
Мавҷуд будани ин норасоиҳои ҷиддӣ дар насри муосир ва нақди он ва дар бахшҳои дигари адабиёт ва илми суханшиносии тоҷик аҳли илму адаби мо ва ниҳодҳои дахлдори онро водор месозад, ки дар ин бора биандешанд ва тадбирҳои заруриро биҷӯянд, то раванди ростини инкишофи илму адаби тоҷикӣ халалдор нагардад.
Ман Абдухолиқ Набавиро аз рӯйи навиштаҳояш ғоибона мешинохтам. Баъдтар вақте ки ӯ аз Хуҷанд ба Душанбе барои кори доимӣ омад, бо ҳам наздиктар шинос шудем. Ва чанд сол аст, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бо ӯ ҳамкор ҳастам. Ин ҳамкорӣ бароям тарафҳои ноаёни шахсият ва фаъолияти эҷодиашро ошкор намуд.
Вайро ҳамарӯза дар ҷойи кор ва пушти компутар мебинам. Барояш мафҳумҳои рӯзи истироҳату пагоҳу бегоҳ вуҷуд надорад.
Сабақи дигаре, ки аз ҳамкориву ҳамнишинӣ бо ин донишманди номӣ ва асил дар ин солҳо бардоштам, ин аст, ки ӯ дар зиндагии рӯзмарра ва фаъолиятҳои илмиаш фавқулода фурӯтан ва шикастанафс мебошад.
Ман ба мунаққид ва муҳаққиқи номии тоҷик Абдухолиқ Набавӣ, ки санаи мубораки 70-солагии умри азизашро чанде пештар ноаён аз чашми ҳама сипарӣ намуда, ба хонаи 80-солагӣ қадам гузошт, саломатӣ, сарбаландӣ ва барори кор металабам ва аз ӯ таълифоти нав ба наверо дар интизорам. Орзумандам, ки 90-солаю 100-солаю 120-сола шаванд.
Абдунабӣ САТТОРЗОДА



