Парчамдории тоҷикон

 Парчамдории тоҷикон

Миллати тоҷик аз бомдоди таърих, аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби парчаму нишони миллии худ буд. Онро «Фарри Ориёӣ» меномиданд, ки ифодагари рамзи хуршед, покизагӣ, нишонаи абадият, ишорае ба чаҳор унсур хок, об, оташ, ҳаво, ки асоси мавҷудияти оламро ташкил медиҳад, мебошад. Дар таърихи парчамдории миллатҳои мутамаддини ҷаҳон «Дирафши Коваёнӣ», яке аз парчамҳои қадимтарин шинохта ва эътироф гардида, ворисони ин миллати соҳибтамаддун онро ҳамчун нишоне аз озодӣ ва мустақилияти комил ҳифз менамуданд. Маънои калимаи «дирафш» «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ, дар «Луғатнома»-и Деҳхудо, «Фарҳанги Муин», «Луғатнома»-и устод Айнӣ, «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва ғайра муфассалан зикр ёфтааст. «Парчам» вожаи суғдӣ буда, зулфу кокул ва ҳамчунин  пӯпаки абрешимӣ, мӯйина ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза баста мешуд. Ин вожа  бо гузашти замон  мазмуни дирафшро ифода менамояд. Мувофиқи “Фарҳанги асотир”-и Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ маънои «дирафш» аз забони паҳлавии порсии миёна, ки аз забонҳои шарқӣ-эронии бохтарӣ падид омадааст, маънои “тобидан” ва “дурахшидан”-ро дорад. Зеро ҳар боре, ки онро баланд мекарданд, аз бисёрии гавҳарҳояш ҷаҳон фурӯғ мегирифт. Куҳантарин маълумот дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар Авасто зикр гардидааст, ки ба зуҳури Зардушт ва густариши дини зардуштӣ тавъам мебошад. Дар нахустин фаргарди «Видевдод»-и Авасто аз шаҳри Балх, ки модари шаҳрҳо ва пойтахти шоҳ Гуштосп – тарғибгари Зартуштия буд,  «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта» ёд мешавад.

Академик Юсуфшоҳ Яъқубов дар мақолаи хеш “Аз таърихи парчами тоҷик” таърихи ойини парчамдории тоҷиконро 4500-сола медонад. Ин андеша шоёни дастгирӣ буда, ойини парчамдории мо – ориёиҳо шояд аз ин ҳам муқаддамтар бошад. Зеро, тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ аҷдоди мо, тоҷикон ҳанӯз аз оғози таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни хосса ва муқаддасоти миллӣ буда, дар ҳазораҳои 4-3 пеш аз мелод, замоне, ки бештаре аз халқиятҳои имрӯзаи ҷаҳон дар саҳнаи таърих зуҳур накарда буданд, аввалин давлатҳои мутамарказро ба вуҷуд оварда буданд. Пайдоиши аввалин давлатҳои ориёии Пешдодиёну Каёниён гувоҳи ин гуфтаҳо буда, мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳои ориёӣ ҳанӯз дар даврони ҳукмронии онҳо шакл гирифта буд. “Дирафши Коваёнӣ” минбаъд дар сарчашмаи таърихӣ-адабии даврони Сосониён «Ёдгории Зарирон» зикр шудааст. Дар ин сарчашма раванди ҷанги Эрону Тӯрон бозтоб гардида, аз кушта шудани Зарир бародари Гуштосп хабар медиҳад. Писари ӯ Настур барои ситонидани қасоси падар раҳсипор мешавад. Ӯ дар майдони ҷанг писари Ҷомосп, яке аз шогирдони Зардушт, Гиромикро мебинад, ки “Дирафши Коваёнӣ”-ро сахт ба дандон нигоҳ дошта, бо душман қаҳрамонона меҷангад.

Бештари муаррихону адибони пешин, аз қабили Берунӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Гардезӣ, Саолибӣ, Масъудӣ, Яъқубӣ ва дигарон аз шукӯҳу шаҳомати “Дирафши Коваёнӣ” маълумот дода, аксари шоирони классики тоҷик низ дар васфу ситоиши он шеърҳову достонҳо сурудаанд. Муҳимтарин сарчашмаи таърихии ин давра, балки шиноснома ва ифтихори миллати тоҷик “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебошад, ки дар он зиёда аз 500 маротиба мафҳумҳои дирафш, парчам ва алам зикр шудаанд.

Аз тавсифи Фирдавсӣ маълум мегардад, ки “Дирафши Коваёнӣ” аз пӯсти шер сохта шуда, баъди пирӯзӣ ба Заҳҳок аз ҷониби Фаридун ба он тағйирот дароварда шудааст:

Чу он пӯст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш
“Коваёнӣ Дирафш”.

Муаррихи асри Х Абумансури Саолибӣ дар “Шоҳнома”-и хеш зикр менамояд, ки Фаридун пас аз ғалаба аз болои Заҳҳок «Дирафши Коваёнӣ»-ро бо зарру сим, лаълу гавҳар оро дод, ки то кунун на чашме дида ва гӯше шунида. Ва пасон лашкар ҳар ҷойе, ки майдондорӣ кард, дирафш дар қалб чун ситора медурахшид. Донишманди дигари тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар бораи таърихи пайдоиши “Дирафши Коваёнӣ” андешаронӣ намуда, аз ҷониби Кова ва аз пӯсти шер сохтани онро таъкид менамояд, ки дар раванди таърих ҳамчун намоди давлатдорӣ ва омили муттаҳидкунандаи ақвоми ориёӣ хизмати бузург кардааст.

Марҳалаи дигари пурифтихори парчамдории мо ба замони Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён рост меояд. Ҳахоманишиён низ дар баробари пазируфтани “Дирафши Коваёнӣ” ҳамчун дирафши расмии давлати хеш ифтихор мекарданд ва онро дар тантанаҳои расмии давлатӣ парафшон менамуданд. Дар ин давра “Дирафши Коваёнӣ” бо рангҳои сапеду сурху бунафш зинат дода шуда, “мардуми зиёда аз 23 сатрапро зари як андешаи давлатдорӣ муттаҳид мекард. “Дирафши Коваёнӣ” дар муддати асрҳои мадид, аз ҷониби шоҳаншоҳони зиёди Каёниву Ҳахоманишӣ ба тағйироти зиёд дучор омаданд. Мувофиқи маълумоти Берунӣ ҳар шоҳе меомад, барои бақои номи худ дар он гавҳаре насб мекард. Бо мурури замон дар “Дирафши Коваёнӣ” расми уқоб (баъдтар мурғи Ҳумо) бо доштани ду курра дар чанголҳояшон тасвир меёбад, ки аз ҳукумати заминию осмонӣ доштани онҳо дарак медод. Дар замони Ашкониён низ “Дирафши Коваёнӣ” азизу мукаррам дониста мешуд ва танҳо дар ҷашну маросими давлатӣ ба намоиш бароварда мешуд. Акнун дар ин давра “Дирафши Коваёнӣ” мақоми намоёнтареро соҳиб шуда, ба ҷуз ин парчам ба таъбири Фирдавсӣ ҳар паҳлавону сарлашкару гарданкаш парчамҳои худро низ дошт ва дар маркази лашкар “Дирафши Коваёнӣ” аз ҷониби гурдони хосе назорат ва барафрошта мешуд. Масалан насб шудани офтоб дар маркази “Дирафши Коваёнӣ” ва бар сарнайзаи он моҳу замин илова аз Кайковус, дирафше бо нақши аждаҳо ва сайрнайзаи шердор аз Рустами Таҳамтан, дирафше бо пайкари пил аз Тӯси паҳлавон, дирафше бо расми шер аз Гударзи шерафкан, дирафше бо расми гавазн аз Сиёвуш мерос мондааст. Ашкониён низ дар сарнайзаи “Дирафши Коваёнӣ” моҳи нопурра ва заминро насб карданд.

Сосониён бо сарварии шоҳаншоҳони маъруфи худ Ардашери Бобакон, Шопури аввал, Хусрави Анӯшервон ва Хусрави Парвиз анъанаи давлатдории ниёгон, махсусан Ҳахоманишиҳоро идома дода, шоҳаншоҳии бузургеро ташкил карданд, ки зери “Дирафши Коваёнӣ” зиёда аз 70 қавму халқиятҳои ҷаҳони он рӯзиро муттаҳид мекард. Шоҳаншоҳони сосонӣ дар Ғарб мақоми Румро ба танг оварда, доираи партавафшонии парчами хешро васеъ  намуданд. Ойини парчамдорӣ дар аҳди Сосониён шаклу услуби хоси худро дошта, дар тамоми набардҳо парчамдоронро дар сафи пеш қарор медоданд ва баъди пирӯзӣ онро бо тантана вориди пойтахт мекарданд. Сосониён дар “Дирафши Коваёнӣ” иловаҳо намуда, тасвире бо намои чаҳоргуша бо ифодаи чаҳор тарафи олам ва чор унсури муқаддас ва дар маркази он намои офтобро инъикос намуда, ҳамеша аз он ҳифозат мекарданд.

Иззудин ибни Асир муаррихи асрҳои XII-XIII тоҷик дар асари худ “Ал комил фи-т-таърих” менигорад, ки “мардум ба даст овардани пирӯзиҳоро дар мушкилоти давлатдории худ аз баракати он дирафш медонистанд ва онро ба фоли нек гирифтанд ва гиромӣ шумурданд ва дар назди подшоҳони Эрон бузургтарин дирафше шуд, ки аз он хайру баракат меҷустанд ва онро “Дирафши Коваён” меномиданд. Онро ба роҳ намеандохтанд, магар дар корҳои бузург ва онро барнамеафроштанд, магар ҳангоме ки бо пешомадҳои бузург рӯбарӯ мешуданд”. Аммо дар раванди забткориҳои арабҳо дар охири соли 636 қушунҳои араб бо қушуни Сосониён ба ҳам бархӯрданд, ки ин муҳориба се шабонарӯз давом кард ва дар рӯзи чаҳоруми набард бо талафоти 4000-нафараи лашкари арабҳо ва талафоти 10 000-нафараи сипоҳи эрониён, арабҳо дар муҳорибаи Қодисия пирӯзӣ ба даст оварданд. Пас аз кушта шудани Рустами Фаррухзод – сарлашкари Сосониён ба дасти Ҳилол ибни Улфа ва парчамбардорон Баҳман ва Ҷолинус аз дасти Зуҳра кушта шуданд ва «Дирафши Коваёнӣ» – парчами пирӯзмандии эрониён, ки чанд қарн дар майдонҳои ҷанг бо ғурур сар бар осмон меафрошт, ба дасти арабҳо гузашт. Зирор ибни Хаттоб “Дирафши Коваёнӣ”-ро ҳамчун ғанимат бо худ бурд, ки бар ивази он сӣ ҳазор дирҳам ҷоиза гирифт. Дирафшро назди Умар ибни Хаттоб бурда, гавҳарҳояшро ҷудо карданд ва пӯсташро оташ заданд.

Мувофиқи маълумоти Табарӣ қиммати дирафш аз ҷониби гавҳаршиносон муайян карда шуд, ки ба як ҳазор ҳазору дувист ҳазори дигар баробар буд. Яъне ба як миллиону дусад ҳазор дирҳам сиккаи тилло, баробар ба ду миллион дирҳами тиллоии арабӣ ва бо асъори имрӯз ба ду миллиард долари амрикоӣ баробар буд. Шояд ба қимати гавҳаршиносони давр боварии инсони имрӯзи ҳосил нагардад, аммо бояд донист, ки андозаи “Дирафши Коваёнӣ” мувофиқи маълумоти Табарӣ “ҳашт ба дувоздаҳ зироъ” (ҳар зироъ ба андозаи имрӯзаи воҳиди ченак 0,60 см-ро ташкил медиҳад) буд, яъне 5 метр бар ва 7 метр дарозӣ дошт. Баъди Сосониён ва суқути тақрибан дусадсолаи давлатдории миллӣ, ойини парчамдории мо аз нав эҳё гардида, дар замони давлатдории ҳокимони маҳаллии Хуросони бузург Саффориён, Тоҳириён, Сомониён, Бувайҳиён, Музаффариён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон аламҳою дирафшҳои гуногун ҳамчун рамзи эҳёи дигарбораи миллати куҳанбунёду тамаддунофаре мансуб бо номи халқ ва ҷуғрофиёи бузурги Хуросон барафрошта шуданд.

Бо гузашти замон соли 1924 бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Марказии Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки миллати тоҷик баъди гузашти зиёда аз ҳазор сол ба таври расмӣ соҳиби Парчам ва Нишони худ гардид.

Санаи 20 марти соли 1953 Қарори Президуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба парчами Тоҷикистон интишор гардид, ки матои он аз чор рахи ранги уфуқӣ: рахи боло сурх буда, нисфи парчамро мегирифт, рахи сафед панҷяк, рахи сабз даҳяк, рахи поён сурх панҷякро фаро гирифта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд. 23-юми октябри соли 1981 Қарори нави Президуми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи Парчами давлатӣ ва тасдиқи «Низомнома дар бораи Парчами давлатии ҶШС Тоҷикистон» интишор намуда, тасвири парчамро ба чор рахи ранги уфуқӣ тасдиқ кард, ки ифодагари сиёсат ва хусусияти даврони Шуравӣ буданд.

12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти қабули «Эъломияи истиқлоли давлатӣ» ва дархости халқ ба гузаронидани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул кард. Аз 200 тарҳи аксҳои Парчаму Нишон пешниҳодгардида ҷои аввалро дар озмун гурӯҳи корие, ки сарварии онро Зуҳур Ҳабибуллоев ба уҳда дошт, ишғол намуд.

Санаи 24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами давлатиро дар шакли имрӯзааш қабул кард. Парчами давлатӣ аз се ранг, сурх, сафед, сабз ва акси тоҷу ҳафт ситора асос ёфт, ки ҳар кадоми онҳо моҳияти таърихӣ ва сиёсиро доро мебошанд.

Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира инъикос шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтанд: «Ранги сурх рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар дили пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикони дунё қомат афрохт, ки намоди пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва рамзи муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Т. М. Ғуломов,
профессор

Дигар хабарҳо