Номаи шодбошии ИНТ ба мунаққиди маъруф Абдухолиқ Набавӣ

 Номаи шодбошии ИНТ ба мунаққиди маъруф Абдухолиқ Набавӣ

Адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Абдухолиқ Набавӣ ба синни мубораки 80 расид. Ӯ соли 1967 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ҳамон ҷо ба фаъолият пардохта,  то нимаи соли 1984 ба сифати омӯзгор ифои вазифа кардааст. Аз соли 1984 ба ҳайси ходими калон ва аз соли 2013 то ба ҳол чун ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият менамояд. Соли 1981 дар мавзуи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Муҳимтарин вижагии баррасиҳои Абдухолиқ Набавиро дар заминаи адабиёти муосири тоҷик метавон таҳқиқи ҷанбаҳои ҳунарию эстетикии осори адибон ва пайдоишу таҳаввули равандҳои тозаи адабӣ дар адабиёти нави тоҷикӣ номид. То имрӯз наздик ба 400 мақолаи илмиву оммавӣ таълиф намудааст.

Рисолаҳои илмӣ-адабии «Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри шуравии тоҷик» (1978), «Тасвири олами ботинии инсон, нависанда ва замон» (1987), «Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009), «Адабиёт ва нақди адабӣ» (1993), «Назруллоҳи Бектош ва илму адаби тоҷикии солҳои 20-30 садаи 20» (2004), «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» (2004), «Ҷанги ватанӣ  ва афкори адабии тоҷикӣ» (2010),  «Достони об ё Обнома» (2004), «Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ» (2007), «Бухорои шариф – сароғози матбуоти миллии тоҷикӣ» (2012) аз таълифоти ӯ дар солҳои мухталифанд, ки бахшҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва таърихи матбуоти тоҷикро баррасӣ мекунанд.

Абдухолиқ Набавӣ яке аз тарроҳон ва мураттибони асосии лоиҳаи Куллиёти бисёрҷилдаи устод Айнӣ мебошад, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст. Заҳматҳои ӯ дар омодасозӣ ва таҳрири Куллиёти устод Лоҳутӣ ҳам шоистаи  таҳсин мебошад.

Аз соли 1984 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои зиёд узви Шурои нақду адабиётшиносии ин ниҳод мебошад.

Барои дастоварди илмӣ бо таҳсинномаҳои КМ Комсомоли Тоҷикистон (1978) ва АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), ҳамчунин, бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) сарфароз гардидааст. Бо китоби «Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ» (2015) барандаи ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ (2017) шуд.

Бо самимияту иродат ва орзуи тандурустии комилу саодати бехалал солҷашни устодро ба ӯ ва ҳама алоқамандони адабиёт муборакбод мегӯем.

Дигар хабарҳо