“Садои Шарқ” дар Хуҷанд

25 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати садсолагии Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” маросими ифтитоҳи Намояндагии он дар вилояти Суғд барпо гардид.

Ато Мирхоҷа – сармуҳаррири маҷаллаи мазкур дар хусуси зарурати таъсиси Намояндагӣ ва вазифаҳои он сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки ба шарофати дастгирии доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят теъдоди муштариёни нашрия сол то сол меафзояд.

Ба хотири ба таври мунтазам пеш бурдани фаъолияти маҷалла ва ширкати ҳамешагии он дар ҳаёти фараҳангии вилояти Суғд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қарор дод, ки Намояндагии маҷаллаи бонуфузи  он “Садои Шарқ” дар минтақаҳо созмон дода шавад, ки ифтитоҳи намояндагии нахустини он дар вилояти Суғд сурат гирифт.

Дар ҷамъомад Ато Мирхоҷа ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва Ваколатномаи нашрияро ба Баҳроми Мирсаид – намояндаи тозатаъйини он супорида, ба кори Намояндагӣ комёбиҳо орзу кард.

Дар ҷамъомад котиби масъули Шуъбаи суғдии ИН Аҳмадҷони Раҳматзод ва аҳли адабу фарҳанги вилоят иштирок намуданд.

Дигар хабарҳо