Шумораи ҳаштуми «Садои Шарқ»
Шумораи ҳаштуми маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ», ки фарогири мақолаву чакомаҳои пурмағзу хонданӣ аст, аз чоп баромад. Дар саҳифаҳои аввал сармуҳаррири маҷалла Ато Мирхоҷа дар мақолаи “Даҳсолаи сулҳи ҷаҳон садсолаҳо поянда бод!” таъкид менамояд, эътирофи байналмилалии сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созандаи Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки кишвари мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз марказҳои асосии падид омадани ташаббусҳои глобалӣ дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.
Қиссаи мустанади “Дарвозаи тиллоии Шарқ”-и Карим Давлат шукуфоӣ ва ободонии ВМКБ-ро ба риштаи тасвир мекашад.
Сипас метавонед қиссаи “Хонаи сангин”-и нависандаи шинохта Равшан Махсумзодро бихонед.
Дар қисса муаллиф бо истифода аз ифодаҳои ширин ва масалҳои намакин аз забони қаҳрамонҳо арзиши зиндагӣ, қадри инсон ва ҷавонмардиро мефаҳмонад.
Силсилаи шеърҳои Толиби Луқмон саҳифаҳои баъдии шумораро оро дода, бо тасвири муассири муҳити покизаи хонаводагӣ оғоз меёбад.
Бахши шеърро навиштаҳои Салими Хатлонӣ бо номи “То ҳастам” идома медиҳад.
Ба муносибати 100-солагии «Садои Шарқ» “Ҷавонии маҷалла” ном мақолаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дарҷ аст.
Дар ин мақола то куҷо дар рӯшангариву андешасозӣ нақши меҳварӣ доштани моҳномаи «Садои Шарқ» дар солҳои 20-30-юм баён гардидааст. Ҳамчунин, “Мунодӣ буданд онҳо” ном матлаби Раҳим Ҳошим аз ҷойгоҳи шоистаи маҷаллаи мазкур дар равнақи илму адаби он замон қисса менамояд.
Саҳифаи “Аз адабиёти ҷаҳон” хонандаро бо нависандаи рус Николай Крамной (1891-1974) ошно месозад. Мутарҷим Сурайё Аҳмадзод менависад: “Мавзуи Шарқ дар эҷодиёти адиб мавқеи муҳим дорад.
Аз ҷумла, қиссаи «Таъми калела» дар бораи ду русбачаи ятимест, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон кӯчонда мешаванд ва аз шарофати меҳру муҳаббати мардум камол ёфта, ба хидмати Ватан камар мебанданд”.
Бахши “Ёдвора”-и “Садои Шарқ” ин бор аз нависанда Анвар Олим ёд кардааст. Дар он Солеҳ Зарифзод хотираҳои ширину омӯзандаи хешро бо номи “Ахтари сапедадам” пешкаш мекунад.
Маҷаллаи «Садои Шарқ» бо навиштаҳои зиёди хондании дигар пешкаши хонандаи завқманди худ мегардад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР



