Нашри шумораи дувуми “Садои Шарқ”

Шумораи дувуми нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Садои Шарқ” бо мавзуъ ва мундариҷаи нав ба табъ расид.

Дар саҳифаи аввали маҷалла шеъри сардабири маҷалла Ато Мирхоҷа бо номи “Паёми сабзи ориёӣ” ҷой дода шудааст. Бо ҳамин мазмун мақолаи узви вобастаи АМИТ Фарҳод Раҳимӣ

“Саҳми Пешвои миллат дар эҳёи ҷашни Сада” ба зевари нашр ороста гаштааст. Ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун романи нотамоми “Ману моҳи хиргаҳнишин”-и ӯ тақдими хонандагон шудааст. Алоқамандони назми тоҷик дар шумораи навбатӣ имкон доранд бо шеърҳои тозаэҷоди Зиё Абдулло ва Озар Салим ошно бигарданд. Ба муносибати 85-солагии зиндаёд Салимшо Ҳалимшо ҳайати эҷодии маҷалла ашъори ӯро таҳти унвони “Умри гул” ба чоп расонидааст. Дар мақолаи Ҳафиз Раҳмон – “Муҳаққиқ ва инсони комил” дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии адабиётшинос Аламхон Кӯчарзода сухан меравад.

Бо матлабҳои дигари хонданӣ моҳномаи “Садои Шарқ” пешкаши хонандаи завқманди хеш аст.

Дигар хабарҳо