«Садои Шарқ»-ро шуниданд
Рӯзи 6-уми феврали соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили баррасии муҳтавои шумораҳои соли гузаштаи маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» бо ҳузури муовинони раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон ва Муҳаммадулло Табарӣ, шоиру нависандагон, муаллифони фаъоли маҷалла, арбобони шинохтаи фарҳанг ва дӯстдорони адабиёту қаламкашони ҷавон барпо гардид.
Маҳфилро муовини аввали раиси ИН Тоҷикистон Толиби Луқмон ҳусни оғоз бахшида, ба таври мухтасар дар бораи фаъолияти маҷалла дар соли 2025 ҳарф зад. Пас суханро барои нақду баррасии солонаи назми маҷаллаи мазкур ба доктори илми филология Шарифмурод Исрофилниё дод.
Сипас нависанда Шодӣ Раҷабзод дар боби наср, адабиётшинос Боймурод Шарифзода дар хусуси нақди адабӣ ва нависанда Абдурауф Муродӣ дар мавриди публитсистикаи маҷалла гузоришҳои муфассал пешниҳод карданд.
Дар бахши музокирот устодон Гулрухсор, Кароматулло Олимзода ва дигарон андешаҳои худро дар бораи муҳтавои «Садои Шарқ» ва беҳтару хубтар шудани фаъолияти он баён намуданд. Дар қисми хотимавии чорабинӣ сармуҳаррири собиқи маҷалла Рустам Ваҳҳобзода ба даҳ нафар муаллифон ва тарғибгарони фаъоли маҷалла ифтихорномаҳо супорид.
Сармуҳаррири феълии маҷалла Ато Мирхоҷа бо суханронӣ дар бораи вазъи кунунии нашрия, нақшаҳои ояндаи он ва арзи миннатдорӣ ба иштирокдорони маҳфил ҷамъомадро ҳусни анҷом бахшид.



