Раҳи ваҳдат зи санги хора бигзашт…
(Чашмандозе ба мавзуи ваҳдат дар шеър)
Вақте ки сухан аз дилу ҷон берун меояд, ҳатман ангезанда аст ва ба шунаванда таъсири бештаре мерасонад. Бидуни фарқ, ки оҳанги ҳузн дорад ва ё шодӣ. Зеро он ангезаи ботинии гўянда аст. Ноқид бояд аз ин зовия ба матн бингарад ва ташхис бидиҳад, ки гўяндаи он сатрҳо, ки марбут ба мавзуи мушаххасе дар раванди замон мешаванд, чӣ воқеаҳои мудҳишеро аз сар гузаронидааст. Чӣ қувваи таҳаммулнопазиру дардноке ўро таҳрик дода, ки ин сатрҳоро бигўянд.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои Ватани азизи мо харобиҳои зиёд овард, сохтаҳоро сўхт. Устухони кўдакони он замон ба дунёомада шах нашуд, то ҳанўз дар қиёфаи ин насл осори дард аён аст. Навиштаи зерро чӣ гуна мешавад бе тасаввури он замон ҳазм кард:
Онон чу ба ҷаҳл ҳамзабонӣ карданд,
Сангони Ватан марсияхонӣ карданд.
Занҳои фусурда гўркобӣ карданд,
Тифлони гурусна мурдабонӣ карданд.
Танҳо агар осори пурдарду пурандуҳи дар он айём сурудаи халқро ҷамъ орем, ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Намешавад, ки халқи ин қадар азиятдида ва ё шоири мардумии ин қадар дардкашида шеъри иҷтимоиро сода бигирад, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагиро саҳлу содаву маснуӣ бисарояд?! Албатта, саҳми адибонамон низ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дорад.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани низоъҳои Тоҷикистон шеъри мо як навъ руҳияи навмедиву маъюсӣ дар худ касб карда буд ва ин раванд то соли 1997 идома ёфт.
Эй камонбардаст,
Камонабрўйи ту дар хона гирён,
Осмону ҷониби ў чашми ҳайрон.
Қомати ў чун камон хам гашта, бингар,
Он камони хеш бигзор,
Рав, камонабрўи худ бар дида бардор!
Дар ин шеъри Қутбӣ Киром як ҳолати ногувори он замонҳо эҳсос мешавад. Шоир мехоҳад ба зиндагии шахсии онҳое, ки ғурури миллиашон мурда буду ҳеч гуна сухане аз дўстиву рафоқат ва иттиҳоду якдилӣ судашон намебахшид, мудохила кунад ва мегўяд, ки «эй онҳое, ки Ватану миллат бароятон арзише надорад, лоақал андешаи наздиконатонро бикунед». Вале ин кўшишҳои Қутбӣ Киром ва ў барин шоирони ғамхору хештаншинос силоҳбадастонеро, ки пардаи ҷаҳолат пеши чашмонашонро пўшида буд, ба худ оварда наметавонист.
Лоиқ Шералӣ, ки борҳо «Дилам бигрифта аз ҷанги гиребонҳои садпора, Биё, аз як гиребон сар барорем, эй накукора!» мегуфту ҷангҷўёнро ба иттиҳоду ягонагӣ мехонд, ба хулосае расид, ки вақте хотири Рўдакиву Фирдавсиро пос намедоранд, панди суханварони имрўз аз куҷо судашон мебахшад?! Кор ба ҳадде расида буд, ки дигар ҳурмати хешу табор ва ёру бародариро аз ёд бурда буданд.
Бозор Собир натиҷаи фоҷиабори ин моҷароро чунин ба қалам медиҳад:
Аз мо шикаст ҳурмати ҳамхунӣ,
Аз мо шикаст ҳурмати ҳамширӣ.
Аз мо шикаст иззати хешӣ,
Аз мо шикаст решаи пайвандӣ.
\Хешу таборамон ҳама саргашта,
Хобанд пушта-пушта дар Афғонистон.
Дар он айём мардуми меҳрпарвару инсондўсти тоҷик, ки бо турктозиҳои манфиатхоҳон дар ҳалқаи бало монда, аз фарози шонаҳои ҳамдигар ба ҷониби равзанаи озодӣ менигаристанд ва он барояшон дастнорас менамуд, дасту дили худро аз зиндагӣ шуста буданд. Аскар Ҳаким ин ҳолати ногуворро бо яъсу навмедӣ чунин ба қалам медиҳад:
Фарёд зи дил хезаду фарёдрасе нест,
Ҷон дар тани мо мираду парвои касе нест.
Дирўз агар буд умеди дами Исо,
Имрўз Масеҳою масеҳонафасе нест.
Билохира, «раҳми Парвардигори мо омад»-у «нури ҳақ бар диёрамон тофт» ва «Масеҳою масеҳонафасе» дар дилҳо умеди зистанро бедор намуд ва овози ҳазорон бо шеъри Лоиқ Шералӣ вориди хонадони ҳар як тоҷикистонӣ гардида, башорати озодӣ дод:
Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Чун Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, мардуми азиятдидае, ки аз бими ҷони тифлаконашон дарҳоро ба рўи худ баста, моҳҳо чун чилланишин буданд, дару дарвозаи худро ба рўи дўстон боз намуда, сулҳу иттиҳодро пешвоз гирифтанд ва ғарибонро ба хонаи худ хонданду дастархони бародарӣ боз карданд:
Марди роҳ омадаӣ, ҳалқа мазан бар дари ман,
Бетакаллуф бидаро, хонаи ман хонаи туст.
Гарди раҳро мафишон аз бару аз домани хеш,
Баҳри ман гарди раҳат туҳфаи шоҳонаи туст.
Шодии ин мардум шодии адибону шоирон буд ва вожаҳои сулҳу ваҳдату дўстӣ, ки қариб фаромўш шуда буданд, дубора дар фазои шеър танинадоз гардиданд.
Ғаффор Мирзо суруд:
Чӣ навиде, хабари ид муборак бошад,
Ид дар домани хуршед муборак бошад.
Панҷаи оштӣ гардид ду мушти паси пушт,
Тарафайн оз бибахшид, муборак бошад.
Ва ё Гулрухсор мегўяд:
Аз сад бало гузаштем, аз Карбало гузаштем,
Охир ба худ расидем, бахти гарон муборак.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ адабиёт майдонро пурра барои даъвати комил ба иттиҳоду дўстӣ дод. Ашъори дар мавзуи иттиҳоду якдилӣ ва шинохти асолати миллӣ эҷодшуда адабиётро фаро гирифт ва бештар аз пештар рушд ёфт. Ашъори дар ин замина эҷодшудаи Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Низом Қосим, Фарзона, Назри Яздонӣ, Зиё Абдулло, Ато Мирхоҷа, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озарахш, Парда Ҳабиб, Абдуллоҳи Раҳнамо ва дигарон саршор аз даъват ба иттиҳоду якдилӣ ва дўстиву рафоқат мебошанд. Чанде аз онҳоро мисол меорем.
Аз Камол Насрулло:
Инак, эй миллати афтода, бихез!
Содагӣ ҷурм шуд, эй сода, бихез!
Аз дили санг баромад гули санг,
Аз дили нанг чу фарзода бихез!
Аз Раҳмат Назрӣ:
Хуни хуршед дар бадан дорам,
Як сипеҳрина дил задан дорам.
Ман дар ин кишвари аҳуроӣ
Бонги нафрин ба Аҳриман дорам.
Ман дар ин хонаи умеди хеш
Тоҷикистонтарин ватан дорам.
Аз Рустам Ваҳҳобзода:
Эй толиби Сосонӣ, эй вориси Сомонӣ,
Кас домани ин давлат нагрифт ба осонӣ.
Ободии меҳанро имрўз ҳамебояд
Бозуи каюмарсӣ, тадбири сулаймонӣ.
Бештари чунин шеърҳо бо маҳорати хуби шоирӣ эҷод шудаанд, яъне дар чунин мавзуъҳо низ ҳунармандии ин шоирон бармало мушоҳида мешавад.
Ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардонидани дўстиву рафоқат зарурати аз деҳа ба деҳа ва аз шаҳр ба шаҳр сафар намудану рў ба рў бо мардум суҳбат кардани зиёиён пеш омад. Дар қофилае, ки онро «Корвони сулҳу ваҳдат» ном мебурданд, адибон нақши бориз доштанд. По ба пои дигарон ба сафар баромада, дар мавзеъҳое, ки ҳанўз оташи ҷанг дар онҳо хомўш нагардида буд, бо мардум рў ба рў суҳбат оростанд.
Дар маҷаллаи «Шоҳроҳи Ваҳдат» як таронаи Гулназар бо номи «Шоҳроҳи Ваҳдат» ба хотири неру гирифтани «Корвони сулҳу Ваҳдат» чоп гардидааст, ки он як навъ дуои хайри сафар ба роҳравони ин шоҳроҳ аст:
Дил ба дил роҳ асту бояд боз кард,
Мову манро ҳамдаму ҳамроз кард,
Дар самои дўстӣ парвоз кард.
Шоҳроҳи ваҳдати мо бехатар бод,
Мардуми мо бозафар бод…
Шоир боз шудани роҳи дилҳоро, ки бар асари ҷанги даҳшатбори шаҳрвандӣ баста шуда буд, имконпазир медонад ва бо бовари комил таъкид кардааст, ки аз дил ба дил роҳ ҳаст, онро бояд боз кард.
Ё ба ин навиштаи Ширин Бунёд таваҷҷуҳ намоед:
Кўҳкан огоҳ шуд аз содагии хештан,
Васли Ширин баъд аз ин коми дили Фарҳод бод.
Аз ҳадиси Ширину Фарҳод ёд кардану онро оҳанги иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ додан диди тоза ва ҳунармандӣ мехоҳад. Барои шоир ваҳдату ҳамгироӣ акнун васли ширини садҳо Фарҳодро ба миён овард. Корвони сулҳу ваҳдат, ки дар он шоирону нависандагон по ба пои мардум шебу фарозҳои роҳи дарозеро тай намуда, аз дил ба дил роҳ ёфтанд, рисолати худро иҷро намуд. Устод Муъмин Қаноат, ки аз қофиласолорони ин корвон буд, мавзуъро чунин ба қалам медиҳад:
Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.
Ваҳдат ва ягонагӣ, кишвари моро аз вартаи ҳалокат наҷот дод.
Низом Қосим гўё натиҷаи кори чандсолаи адибонро дар ин самт ҷамъбаст намуда, менависад:
Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон ман ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон мо шудем.
Ваҳдат аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти ин шоир аст ва ў ба ин мавзуъ аз даричаи нав нигоҳ мекунад, шоирона Ваҳдатро барои хонанда тавзеҳ медиҳад:
Ваҳдат ду ҳиҷо нест,
Ваҳдат ду дил аст –
Сўи ҳам боз.
Ваҳдат як калима нест,
Ваҳдат ду дасти меҳр аст –
Сўи ҳам дароз.
Ваҳдат садо нест,
Ваҳдат садоқат аст –
Садоқати даст ба даст,
Садоқати дил ба дил,
Садоқати ёр ба ёр –
Саодати диёр!
Хулоса, нақши адибони мо дар таҳкими Ваҳдати миллӣ хеле чашмрас аст. Ашъору осор ва рисолаву мақолаҳои интишорнамудаи онҳо дар маҷаллаву рўзнома ва китобҳои алоҳида як шохаи доманадори адабиёти муосирамонро дар бар мегирад. Таҳқиқи мавзуи мавриди баррасӣ дар адабиёти имрўз чандон назаррас нест.
Камол Насрулло боре дар баррасии ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ин масъала дахл намуда, изҳори нигаронӣ кард, ки шеъри сиёсиву иҷтимоиро имрўз бисёре аз шоирони мо саҳлу сода мегиранд. Вақти он аст, ки ба сода гирифтани шеъри иҷтимоӣ хотима бахшида, иқрор намоем, ки эҷоди чунин шеърҳо ҳунари баланди шоирӣ мехоҳад. Ба қавли Рустам Ваҳҳобзода, ин гуна ашъор бояд чунон бошад,
Ки раҳи бахти халқ бинмояд,
Гираҳи бахти халқ бикшояд.
Муҳриддин САБУРӢ



