Посдори суннатҳои наср
Адабиёти тоҷики ҳавзаи адабии Ўзбекистон албатта, ҷузъи ҷудонопазири адабиёти муҳташами тоҷику форс буда, ҳоло рӯди шӯхи кӯҳиеро мемонад, ки аз миёни сангистонҳо, талу теппаҳои бешумор ва ҳазорон садди табииву сунъӣ пурсаброна ба худ роҳ мекушояд… Он ба гулистони воқеӣ мубаддал гаштааст ва солҳои охир таборони мо аз кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон мутаваҷҷеҳи он мешаванд. Бояд гуфт, ки дар канори назм бахши дигари адабиёт – наср доим дар ҳоли пешрафт аст. Адабиёти тоҷик дар муҳити Ўзбекистон соҳиби носирони хубу умедбахше буда, онҳо новобаста ба мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ рисолати худро аз ҷон ба сомон мерасонанд. Барои ғановати адабиёти мо часпу талош меварзанд ва дар шинохти худу миллати мо дар байни ҳамзабонон хидмат мекунанд. Насли нисбатан куҳансоли носирони мо Адаш Истад, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Бахтиёри Ҷумъа ва Муҳаммад Шодӣ мебошанд, ки ҳамоно хомаронӣ мекунанд.
Айни ҳол яке аз аламбардорони адабиёти тоҷикони Ӯзбекистон дар бахши наср Юнуси Имомназар аст. Ин адиби дардошно мунтазам бо таълифи асарҳои хубу хонданӣ дар ғановати адабиёт саҳм мегузорад.
Огоҳем, ки олимоне чун Ҷумъа Ҳамроҳ, Ҷаъфар Муҳаммад, Хусрав Саъдуллоҳ, Абдуқаюм Ҳасанов, Рамазон Абдуллоҳ, Ҷамшед Панҷизода ва боз чанд тани дигар гаҳу ногаҳ мақолаҳое ба нашр расонида, бештар бахши назми адабиёти моро таҳлил мекунанд, вале бахши наср ҳамоно аз назарҳо афтода ва дар ин самт як таҳқиқоти доманадоре сурат намегирад. Масалан, ҳанӯз осори адиби пухтакори мо Юнуси Имомназар, ки мебоист бо нашри нахустин китобаш таваҷҷуҳи олимони тоҷики ватаниро ба худ ҷалб месохт, мутаассифона, таҳқиқи дурусте нашудааст. Бояд бигӯем, нақд бино ба натиҷагириҳои адабиётшиносон ҷудо кардани сара аз носара аст. Таассуф, ки аксари ноқидон дар асарҳои бадеӣ танҳо сараро мебинанд, ки ин ҳолат ба пешрафти адабиёт мусоидат наменамояд. Юнуси Имомназар пайгирона таноби роҳеро мекашад, ки аз миёни сангистонҳои силсилакӯҳҳои Нурато Баҳром Фирӯз барин адиби шаҳир рӯйидаву ба адабиёти тоҷик чандин асари нағз эҳдо карда буд.
Адабиёти даврони истиқлоли моро бидуни эҷодиёти бою рангини Юнуси Имомназар тасаввур кардан муҳол аст. Вай бо асарҳои хурду бузург, чун роману қисса ва ҳикоёти басо дилангезаш адабиёти форсизабонҳои Ўзбекистонро ғанӣ гардонда, маҳсули эҷодаш берун аз кишвар ҳам хонанда доранд. Хосса, адибони кишвари ҳамҷавори мо – Тоҷикистон бо номи Юнуси Имомназар шинос ҳастанд ва қаламиҳои ӯро бо завқи баланд мутолиа мекунанд. Юнуси Имомназарро нахуст соли 2020 ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ўзбекистон пазируфтанд. Соли 2021 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гардид ва бо «Нишони сухан» қадрдонӣ ёфт. Ин воқеоти сурурангез, яъне пайвастан ба ду иттиҳодияи адибон маънои онро дошт, ки адибони шуҳратёр дар Ўзбекистон ва Тоҷикистон ҳунари нигорандагӣ ва истеъдоди фитрии як тан қаламкаши ҳамзабони моро дар навиштани асарҳои мансур эътироф карданд.
Чакидаҳои қалами ӯ зери чандин ҷилд фароҳам омадаанд. «Аз Гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Ҷоми саргардон», «Деҳаи зархез», «Сабзу сурх», «Гули санг» ва «Марзи умед» аз ин қабиланд. Нашри романи «Сабзу сурх» барои ҳавзаи адабии мо як воқеаи таърихӣ буд. Падид омадани онро бемуболиға метавон таҳаввуле дар насри адабиёти тоҷики Ўзбекистон муаррифӣ кард. Қиссаи дигари ӯ бо номи «Ҳасрат» дар жанри тамсил нигошта шуда, ки муаллиф аз забони ҳайвонот ва дар тимсоли онҳо ба таҳлили мавзуъҳои иҷтимоӣ мепардозад ва аз он садо баланд месозад, ки бо тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба рӯйи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, чун меҳру муҳаббат, расидан ба қадри ҳамдигар… соя афтода, одамон бештар барои манфиате омодаанд, ки ба ҳам бас озорҳо расонанд.
Бояд гуфт, ки мавзуъҳои навиштаҳои Юнуси Имомназар басо рангоранг буда, бештар хонандаро ба худшиносӣ талқин месозанд. Вай зиёдтар аз дарди миллат менависад ва аз беҳувиятии ҳамзабонон, ки ба хотири обрӯ ва парвариши шикам аз миллати худ ҳазар мекунанд, сахт оташин мешавад ва ин гуна тоҷикони миллатбезорро зери тозиёнаи танқид мегирад. Ӯ зери номи «Аз кӯлбори Дарвеш» силсилаи достонҳои хурдеро гирдиҳам овардааст. Дар ҳикояе аз ин силсила ба қалам омадааст, ки Дарвеш ба хонаи як дӯсти худ меравад ва писараки ӯ дар посухи саволҳои Дарвеш на ба забони модарӣ ҷавоб медиҳад ва аз ҷумла мегӯяд, ки «Падарам ба қабристон рафтаанд, то хокҷои модари худро зиёрат кунанд». Вақте он дӯсташ аз оромгоҳ бармегардад ва шодон эълом медорад, ки ба зиёрати қабри азизони худ рафта, дуою фотеҳа кардааст, Дарвеш ғазабнок мешавад ва якрост мегӯяд: «Рафиқ, агар хоҳӣ руҳи модарат шод бошад, ба фарзандат забони модарӣ ёд деҳ!» Дар ҳамин ҳикояти муҷаз адиб ҳоли имрӯзи аксари ҳамзабонони моро равшан гуфтааст. Ва дар ҷойи дигар мехонем: «Мои тоҷик ба андозаи ҳамин сабзазор худогоҳӣ надорем! Бубинед, ин сабзаҳо ҳар сол бештар реша зада, паҳнои густурдатарро фаро мегиранд, мо бошем… ҳарчи бештар ба асли насл теша мезанему аз вусъати буда мекоҳему мекоҳем».
Забони асарҳои адиб басо дилнишин буда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки вай донандаи хуби ин забон аст ва ҳар вожаро дар мақоми худ ба кор бурда ва худро низ масъул ҳис мекунад, ки ба ҷойи калимоти бегона вожаҳои навро истифода кунад. Вай аз забони имрӯзи ҳамзабонони мо дар Эрон огоҳона ва ба таври гулчин вожаҳоеро вориди забони мо месозад, ки айни вақт забону адабиёти мо эҳтиёҷе доранд.
Навиштаҳои ӯ бо сохти нигориши ҳамзабонони мо омезиш ёфта ва ба як сабки алоҳидае мубаддал гаштааст, ки таҳқиқи алоҳидае мехоҳад. Юнуси Имомназар ба ҷуз аз нависандаи ҳирфаӣ будан мутарҷими хубе ҳам ҳаст. Бо шарофати заҳматҳои ӯ осори нависандагони маъруфи Ўзбекистон ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр шудаанд. Таҳти номи «Хирмани сухан» се китобе нашр шуданд, ки аз шарҳи ҳоли мухтасар ва намунаҳои осори чил нависандаи шинохтаи ўзбек иборатанд.
Ҷилди аввал соли 2019 рӯйи чопро дид ва соли 2024 ду китоби дигари «Хирмани сухан» аз тариқи нашриётҳои «Тамаддун» ва «Муҳаррир» ба табъ расиданд.
Огоҳ гаштем, ки дар ин авохир пас аз заҳматҳои фаровон романи нависандаи соҳирқалами ўзбек Абдулло Қодирӣ бо номи «Рӯзгори гузашта» дар тарҷумаи Юнуси Имомназар дар Эрон рӯйи чопро дидааст ва ин навиди фарҳангӣ басо фараҳангез буд.
Кунун ҳамзабонони мо ҳам дар Эрон намунаи барҷастаеро аз адабиёти ўзбек мутолиа карда, ба ҳунари нигорандагии Абдулло Қодирӣ барин ҳамватани мо таҳсин хоҳанд гуфт. Ҳамин тавр, Юнуси Имомназар собит намуд, ки дар кори тарҷума низ дасти баланде дорад. Вай дар тарғиби адабиёти ўзбек дар байни хонандагони тоҷик ҳиссаи муносибе гузошта ва созмонҳои адабӣ, чун Иттифоқи нависандагони Ўзбекистонро мебояд, ки ба қадри ин заҳматҳо бирасад ва ба мутарҷим дар кори таҳкими дӯстии миллатҳои тоҷику ўзбек ҷоизаеро эҳдо кунад.
Шариф ХАЛИЛ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



