ДЕҲОТӢ АБДУСАЛОМ

АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ 14 марти соли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.
Пас аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.
Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1938) ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» кор кардааст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Нашриёти давлатӣ вазифаи муҳаррири адабиро адо намуда, дубора котиби масъули Иттифоқи нависандагон (1944) интихоб шудааст.
Солҳои 1946-1949 дар Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати корманди илмӣ хидмат карда, баъдан дар Нашриёти давлатӣ сармуҳаррир, дар моҳномаи «Шарқи Сурх» муҳаррири масъул, дар Институти таърихи партия мудири шуъбаи тарҷумаи осори класикони марксизм-ленинизм, дар Иттифоқи нависандагон муовини раис ва дар моҳномаи «Тоҷикистон» муҳаррири масъул будааст.
Аз соли 1961 фаъолияти илмиро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ идома бахшидааст.
Ҳанӯз аз давраи мактабхонӣ ба майдони эҷод қадам ниҳода, бо ҳикоя, шеърҳои ҳаҷвӣ, фелетон ва мақолаҳои публитсистӣ мақбули хонандагон гардидааст.
Аввалин ҳикояҳои ӯ дар моҳномаи «Раҳбари дониш» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд.
Соли 1932 маҷмӯаи ашъораш «Манзараҳои сегона», соли 1934 «Таронаҳои меҳнат» ва «Меваи Октябр» аз чоп баромадаанд.
Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст.
Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст.
Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.
Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965-1966 интишор ёфтааст.
Тарҷумаи русии гулчини шеърҳояш «Оби равон меояд» соли 1957 дастраси хонандагони русзабон гардидааст.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии «Хусрав ва Ширин» (1936), мустақилона либреттои операҳои «Шӯриши Восеъ» (1940) ва «Комде ва Мадан» (1952)-ро навиштааст.
Соли 1953 (ҳамроҳи Б.Раҳимзода) мазҳакаи «Қиссаи Таърифхоҷаев»-ро ба қалам овардааст.
Вобаста ба ҷанбаву масъалаҳои гуногуни адабиёти бачагон, тарҷумаи бадеӣ, маданияти сухан, фасоҳати забон ва ғ. мақолаҳои пурарзиш офаридааст.
Дар нашри осори ниёгонамон, ҷамъоварии адабиёти шифоҳӣ, мураттаб сохтани луғатҳо, тарҷума ва таҳрири осори класикони максизм-ленинизм саҳми арзанда гузоштааст.
Охирин хидмати фаромӯшношудании ӯ таҳрири чанд ҳарфи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад, ки китоби рӯимизии хурду калон гардидааст.
Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.
Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
31 январи соли 1962 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо