Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадим таҳким ёфта, аз дӯстии безаволи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ маншаъ мегирад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тайи солҳои охир дӯстии ду халқи бародар рушду нумуи тоза касб намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки ду миллати ҳамдилу […]Идома...
Аслан равшании андешаҳои наҷиб ва мазмунҳои латиф бар қоби ҳарфҳои сиёҳ мисли нури маҳ дар торикӣ метобад. Ва ба ростӣ, ҳангоми хондани шеърҳои Нуқраи Суннатниё ҳам дар китоби “Атри гули ёс” бӯи ин наҷобати равшан ба димоғат мезанад ва риштаи хаёлат гӯиё ба калобаи маҳтоб мепечад. Ӯ гоҳо ҳамнишини шеърҳояшро ба сояи нури латифи моҳ […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Гулназар Келдӣ Аввалин шиносоӣ бо Гулназар Аввалин шиносоии Ҳақназар бо Гулназари азиз ба василаи сағираи шоир, шоири тавонои миллат зиндаёд Ҳабибулло Файзулло сурат гирифтааст. Он вақт Гулназарро ба василаи як силсила шеърҳояш, ки баъди сафари хидматияш дар Афғонистон чоп шуда буд, ғоибона […]Идома...
Рӯзи 13 сентябр аз пурсӯзтарин рӯзҳо дар ҳаёти банда буд. Ман дидам, ки шахси поку заминӣ, марди ростраву накукор, инсони шарифу худоҷӯ ва китобдору китобхон дар ҷомеа қадру манзалати зиёд доштааст. Азбаски марҳум бегоҳии рӯзи ҷумъа аз олам гузашта буд, ҷаноза ба соати 9-и рӯзи дигар вогузор шуд. Банда соати 7 назди хонаи раҳматӣ ҳозир […]Идома...
Нависандаи маҳбуб Болта Ортиқов, ки зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар шумори намояндагони адабиёти бачагонаи тоҷик ва ҳам ӯзбек қарор дорад, бештар ба таълифоти осори насрӣ ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ иқдом намудааст. Аз ин рӯ, ҳамчун нависандаи зуллисонайн эътироф шудааст ва бояд гуфт, ки таълифоташ дар забони ӯзбекӣ бештар ба даврони баъд аз […]Идома...
Ба муносибати 95-солагии адиби номвар Субҳон Тӯйғун Константин Михайлович Симонов ҳарчанд шоири забардаст (муаллифи шеъри «Интизорам бош!»), насрнавис (романи «Зиндаҳо ва мурдаҳо), драматург («Ҷавоне аз шаҳри мо») буд, дар солҳои охири ҳаёташ китоби мақолаву очеркҳоро бо номи «Остаяюсь журналистом» чоп намудааст. Ман бо ин гуфтаниам, ки бисёре аз аҳли қалами мо, ҳарчанд дар адабиёти бадеӣ […]Идома...
Ба ҳамин наздикиҳо китоби тозаэҷоду тозанашри устод Абдулҳамид Самад бо номи «Инсон ва нависандаи нодир» (Душанбе, «Шарқи озод», 2025.) бо соядасти муаллиф ба дастам расид. Ин асар перомуни шахсият ва мактаби адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев иншо шуда, андешаву нигоштаҳои ҷолиби шогирду пайрави мактаби адабии мазкур устод Абдулҳамид Самадро дар бар гирифтааст. […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии шоири зиндаёд Нозирҷон Боҳирӣ Одатан касеро адиби бачаҳо мегӯянд, ки ҳаёту эҷодиёташро барои адабиёти кӯдакону наврасон бахшидааст ё баробари эҷоди асарҳо барои калонсолон дар адабиёти кӯдакон низ дастоварде дорад. Нозирҷон Боҳирӣ номбардори ин пешаи пуршарраф аст. Вай қариб сӣ сол дар матбуоти кӯдакону наврасон кор кард. Беҳтарин фурсати умр, айни қудрату ғайрати […]Идома...
Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ 80-сола шуд Дар ҳама давру замон меъёри асосии шинохти ҳунари суханвар ва сухангустар каломи ӯст. Каломи созанда, каломе, ки дилҳоро тасхир карда, ба хонанда эҳсоси ватанхоҳӣ, озодандешӣ, ифтихори миллӣ ва башардӯстӣ илқо менамояд, ба муаллиф умри ҷовид мебахшад. Ашъори қавию баландпарвози Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ кайҳост, ки ба гӯшаҳои […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии шодравон Муҳаммад Субҳон Бо нависандаи хушзавқ Муҳаммад Субҳон тайи чанд сол дар маҷаллаи “Хуҷанд” (ҳоло “Паёми Суғд”) ҳамкор будем. Солҳои ҳамкорӣ бо нависандаи табиатшинос дар хотираҳоям хуб нақш бастаанд, зеро ӯ дар баробари содиқ будан ба пешаи интихобкардаи худ инсони хуб ҳам буд. Нисбат ба ҷавонон ҳамеша ғамхорона муносибат мекард. Ба зиндагии […]Идома...