Ошиқи касбу ҳунари хеш
Дар ҳаёт шахсиятҳоеро дидан мумкин аст, ки бо чеҳраи гарму нуронӣ, бо фарҳангу маънавиёт, бо хоксорию одоби ҳамидаашон касро ба дунёи меҳру муҳаббат ворид менамоянд. Шахсиятҳои мазкур одатан меҳнатдӯсту заҳматписанд мебошад ва дар иҷрои вазифаи касбии худ завқу иштиёқи баланд доранд, ошиқи касбу ҳунари хешанд.
Доктори илмҳои филология, профессор, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳзамон Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсони завқманду ошиқи касбу ҳунари хеш аст. Ӯ ҳамчун адабиётшиноси шинохта аз охири солҳои шастуми асри мозӣ то имрӯз дар Институти мазкур фаъолият менамояд. Комёбиҳои илмии вай дар мисоли китобу рисола ва монграфияҳои илмӣ ба табъ расидаву дар дар дасти хонандагони сершумор қарор доранд.
Тавсифи корҳои Шоҳзамон Раҳмон дар қайду мулоҳизаҳои зерини шодравон академик Муҳаммадҷон Шакурӣ низ намудор мегардад, ки дар китоби «Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик»-и Ш. Раҳмонов ин тавр сабт шудааст: «Тадқиқот ба масъалаҳои актуалӣ ва камомӯхташудаи назми лирикии форсу тоҷик, манбаъу сарчашмаҳои назарии жанру воҳидҳои шеър бахшида шудааст. Он ба маводи зиёди тадқиқотӣ асос ёфта, роҳҳои тараққиёти таърихии лирикаи назми тоҷик бо алоқаҳои байналмилалии назми дигар халқҳо равшан намудор мегардад. Рисола дар омӯзиши якчанд адабиёти дигар халқҳои Шарқ қимат ва аҳаммият дорад». Устод Шакурӣ дар охир чунин таъкид кардаанд: «Поэтикаи жанру воҳидҳои шеъри лирикӣ аз душвортарин бахшҳои адабиётшиносист. Дар ин соҳа ба комёбиҳо ноил шудан танҳо дар натиҷаи борикбинӣ, бозҷустҳои ҷиддӣ ва меҳнати шоққа муяссар мешавад. Намунаву нишонаҳои онро дар асарҳои Шоҳзамон Раҳмон метавон дид».
Бозҷустҳои профессор Шоҳзамон Раҳмонро дар китоби дигари ӯ «Маърифати забон» (2008) низ дидан мумкин аст. Ин китоби аз сарсухан, се қисм, охирсухан ва китобнома иборат буда, андешаю мулоҳизаҳои басо ҷолибу рангин ва пурмуҳтавои муаллиф вобаста ба масъалаҳои гуногуни маърифату фарҳанги миллӣ дар 208 саҳифа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қисми аввал бо номи «Забон ва замон» фарогири чор фасл буда, ба масъаҳои забон, нигоҳи донишмандон ба таълими забону барномаҳои он, хат ва алифбои ниёгон бахшида шудааст. Профессор Шоҳзамон Раҳмон дар сарсухани китоб ҷиҳати мақому мартабаи баланди забони тоҷикии форсӣ дар замони гузаштаву имрӯза маълумот дода, бо ифтихормандӣ таъкид менамояд: «Ин забон дар муддати ҳазору дусад сол он қадар пурбору муҳташам гардид, ки ҳеҷ забони дунё чунин равшану ноб, ширину лаззатманд, фарогири ҳамаи ҷабҳаҳои илму адаб ва фарҳанг нашудааст. Шеъру адаби дунё аз эҷодиёти бузургтарин шоирону фарҳангиёни форсу тоҷик баҳра мебардоштанд. Забони тоҷикии форсӣ забони байналмилал шинохта шуда, ба дигар забонҳо кумак мерасонд, он забони волои қисме аз халқу миллатҳои ҷаҳон низ шинохта шудааст. Алҳол ба ин забон беш аз 150 млн фарзандони форсиву тоҷикитабор дар бештаре аз мамолики дунё сухан мегӯянд».
Профессор Шоҳзамон Раҳмон дар қисми якуми рисола зери унвони «Сухан ойини мо, имони мост» бо муҳаббату самимияти беандоза ҷиҳати бузургию тавоноии сухани тоҷикӣ ибрози андеша намуда, чунин далеле пеш меорад: «Сухан аз ақлу дониш мехезад. Ин санъати оламгир олитарин воситаи руҳонист. Миёни мардуми форсизабон Фонии Навоӣ, Фузулӣ, Мирзо Фатҳалӣ Охундов, садҳо дигар адибони халқу миллатҳои дунё ин забони муъҷизаосоро ҷони девону дафтари худ қарор дода омадаанд».
Дар фасли дигар, ки «Нигоҳи донишмандон ба забон» ном дорад, таҳти унвони «Забони назми ноби Рӯдакӣ» (аз нигоҳи А. Мирзоев ва дигарон), «Айнӣ ва забони миллии тоҷикӣ, имло, забоншиносӣ ва маданияти нутқу ҳусни сухан», «Луғатдон ва луғатофарин» ҷиҳати вежагиҳои хоси луғавии забони назми ноби Рӯдакӣ ва нақшу мақоми устод С. Айнӣ, Т. Зеҳнӣ дар ҳалли мушкилоти забони миллӣ мулоҳизаҳои пурмеҳр ва пурасрори муаллиф баррасӣ шудаанд. Аз ҷумла дар ҷиҳати вежагиҳои хоси забони осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ менависад: «Ӯ гоҳ-гоҳе калимаҳои бутунро ихтисор намуда, ба шакли шаборӯз, жанг (ар-жанг), замӣ (замин), татор (тотор), духтандар (духтарандар), чу, к-акнун, варчи, в-арна, ҳар-ч, ман-т, н-омӯхт, фаромушт ва садҳо чунин калимаҳоро кӯтоҳ ё чанд калимаро ба ҳам пайваста, шаклҳои нави ихтисора ба вуҷуд меовард ва ба ин минвол дар шеър равонию оҳангнокӣ мебахшид». Шоир ба ҷойи калимаҳои арабӣ бештар аз калимаҳои тоҷикӣ истифода кардааст: сипанҷ – найранҷ; нӯшомеғ – нӯшомез. Ва дар мавридҳои муносиб чун калимаҳои халқии тоҷикӣ намеёфт, аз калимаҳои паҳлавӣ басок (гулчанбар, тоҷи аз гулу барг сохташуда), донок (доно), торик, мардак ва бисёр чунин калимаҳоро кор мефармуд, ки қисми зиёди онҳо ҳанӯз дар миёни халқ зинда мондаанд.
Дар фасли «Айнӣ ва забони миллии тоҷикӣ» саъю кӯшишҳои устод Садриддин Айнӣ дар ҳалли мушкилоти забони миллии тоҷикӣ батафсил баррасӣ мешаванд. Масалан, устод «Китоби имло» навиштан мехост, вале дасташ нарасид. Дар назди устод Айнӣ чунин масъалаҳои илмии забон пеш мебаромаданд, ки ҳақиқатан ҳам зуҳуроти нави замонӣ доштанд. Инҳо ба қоидаҳои навишти калимаву ибора ва ҷумлаҳо ҷиддӣ риоят кардан, муносибати ба ҳамдигар доштаи забони форсии дарӣ ва тоҷикӣ, ҳамрангӣ ва мушкилоти онҳо; тарзи талаффуз ва ифодаи тафаккури миллӣ, рӯйдодҳои истилоҳоти навини илмӣ, сиёсӣ ва калимаҳои ба фонди луғавӣ ҳазмшударо ба забони тоҷикӣ мувофиқ талаффуз кардан, дуруст навиштани истилоҳоти нави русию байналмилалӣ; ташаккули хату алифбо аз саргаҳ то замони ҳозира; имлои забони форсии тоҷикӣ… ва кӣ медонад, боз чӣ қадар мавзуъҳои дар он замон нави забони миллиро фаро гирифтан мехост». Устод ба забони миллӣ эҳтиёткор буд, ҳар чӣ пеш омад, хуш омад, қабул наменамуд.
Дар китоб ҳамчунин масъалаҳои сиёсати забон ва модернизатсияи маълумоти миллӣ, курси омӯзиши забони давлатӣ, барномаҳои забону адабиёти тоҷик дар гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ӯ ҳанӯз дар замони дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карданаш беҳтарин мутахассисони забони тоҷикиро ҷамъ оварда, барномаҳо таҳия менамуд, ки банда ҳамчунон фаъол иштирок доштам. Дар масъалаи тақвияту такмили курси омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳои ғайритоҷикии пойтахт ва таҳияи барномаҳои забон ва адабиёти тоҷик барои гурӯҳҳои тоҷикӣ ва факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олии ҷумҳурӣ ташаббусу фаъолияти пурсамар ва эҷодкоронаи профессор Шоҳзамон Раҳмон шоистаи назар ва хотирмон мебошад.
Банда шоҳид ҳастам, ки Шоҳзамон Раҳмон солҳои мудири шуъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон будан барои санҷиши татбиқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Доир ба тавсия ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мактабҳои таҳсилоти умумии ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ гурӯҳи корие созмон дода, ба фаъолияти мактабҳои русию узбекии шаҳру вилоятҳо шинос шуда, бо муаллимону хонандагон суҳбат ороста, дар дарсҳо иштирок намуда, аз ҷониби тафтишгарон ба устодони камтаҷриба ҷиҳати усули таълими забони тоҷикӣ маслиҳат ва дастурҳои методӣ медод, ки банда низ дар чунин гурӯҳҳои корӣ ворид будам.
Солеҳҷон Собирҷонов



