Зодрӯзи устод иди миллат аст

 Зодрӯзи устод иди миллат аст

Ин ҳақиқати бебаҳс аст: зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ барои миллати куҳанбунёд, вале аз ҷабри ғосибон ҷафокашидаи тоҷик, барои аҳли илм ва адабу фарҳангаш  ва албатта, барои банда, ки як нависандаи солмандам, дар баробари ҳама санаҳои арзишмандамон ид аст: иди ба ёд овардани роҳи зиндагии рангин, пуразият, аз талошу пайкор, ҷасорату заҳмати пажуҳиш, офаридаҳои ибратбахши як фарзанди шердилу донишманд, ҷоннисору ҷонпайванди миллат – Садриддин Айнӣ дар марҳалаҳои  ҳассоси таърихӣ, муборизаҳои шадиди фоҷеаангез. Зимнан, устод Айнӣ як ҳадяи бузурги худованд аст, чуноне дар боло зикр кардам, дар солҳои пургирудор, дасисанагезу хунрез, ки бадхоҳони ҳастии миллат, забону адабиёти моро пас аз пирӯзии инқилоби сурх ва гузоштани девори сиёсии ҷудоиандоз байни кишварҳои ҳамзабон шадидан инкор мекарданд, ба миллати тоҷик бахшид. Ва устод Айнӣ дар ин марҳалаи доғ сипару раҳнамои дилпури миллати тоҷик гардид.

Ӯ мисли як таҳамтани фозил, сарлашкари ҷасуру тавоно, бо ҳаммаслаконаш, хосса устод Лоҳутӣ дар сангари ҳифзи ному шарафи миллат, мероси фарҳангиву илмӣ, асолати забону пойдорӣ ва сарсабзии дарахти ҳазорсолаи забони форсии тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистони навтаъсис, зодбуми азалии шеъру адаб, нагусастани риштаҳои равобити фарҳангӣ бо мамлакатҳои ҳамзабон парчамбардори пешсаф шуд.

Ва ин ҳам ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар дарозои таърих, фарзан аз асри даҳ то замони ишон ҳеч фарде чун устод Айнӣ барои армонҳои миллӣ, ҳифзи ному забон, мероси фарҳангӣ дар рӯбарӯйи бадхоҳони ҷаррору кинавар дар набарди воқеӣ набудааст. Танҳо дар як фосилаи кӯтоҳ, дар ҳолате, ки ҳалқаи чиркину дурушти бадхоҳон дар гулуи миллати тоҷик танг мешуду онро бераҳмона мефушурд, устод бо иншо ва нашри китоби сарнавиштсозаш “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) он ҳалқадавакро моҳирона барканд.

Пирӯзии таърихӣ!

Дар ин сангар, дар ин часпу талоши оштинопазир сипар, такягоҳ, дастгиру мададгори устод Айнӣ руҳи поки бузургони миллат, осори пурҳикмат ва арзишманди родмардони адабиёт шудааст. Зимнан нашри нахустини ин китоби воқеан сарнавиштсози миллати тоҷику давлати Тоҷикистон “Намунаи адабиёти тоҷик” дар Маскав садсола мешавад. Ин ҳам шоистаи шодбош аст ва месазад, ки аз номи фарзонагони миллат ба ин муносибат ба руҳи поки устод Айнӣ беҳисоб дуруд фиристем.

Ин асар дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рағми бадхоҳон басо мусоидат кард ва роҳи ояндаи миллати моро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангии бостонияш муайян намуд; ҳамчунин барои худшиносӣ, ҳақталошии наслҳои оянда замина гузошт. Яъне Садриддин Айнӣ бо хираду заковат ва дурандешиаш роҳнамои тавонои миллати тоҷик шуд.

Доир ба ҳусни шахсият ва ҷилои ҳунари нигорандагӣ дар осори устод Айнӣ пажуҳишгарони номвар ҳам дар Тоҷикистон, ҳам берун аз он бо меҳр асарҳои зиёд офарида, нашр кардаанд. Устод низ дар асарҳои хурду бузургаш зиндагиномаи хеш, саргузаштҳои аҷоибу ғароиб ва ошноияш ба шахсиятҳои зиёди гуногунхислатро, махсусан дар чаҳор ҷилди “Ёддоштҳо” басо ҷолибу хотирмон қаламӣ кардааст. Бо вуҷуди ин, мехоҳам дар ин фишурда андеша ва баҳои ду абармарди илму адабиётамон – пайравону иродатмандони устод Айниро ба хонандаи гиромӣ ёдрас бикунам.

Як. “Агар хизмати адабиву илмӣ ва фарҳангии устод Айниро дар як палаи тарозу, хизматҳои ҳамаи моро дар палаи дигари тарозу бигзорем, мебинем, ки хизмати устод хеле ва хеле зиёд аст”. Мирзо Турсунзода.

Ду. Ин лаҳза ва гуфтугӯ аз китоби академик Муҳаммадҷон Шакурӣ “Равшангари бузург” иқтибос мешавад:

“Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму қалам гирд омада буданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор И.С.Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946-1956) ва донишманди забардасте барои миллат хизматҳои бузург кардааст, бахусус, пас аз чопи “Тоҷикон” месазад, ки ӯро «Падари миллат» бигӯем. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: “Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст”.

Оре, устод Айнӣ падар ва раҳнамои миллати тоҷик дар замони хунрезу хатарзо, лекин сарнавиштсоз буд. Вай бо кору пайкори густурдааш рисолати падарии худро барои кушодани чашми миллат, бедордил, зираку ҳушёр, дурандешу дар арсаи муборизаи дифои забон ва фарҳангу ҳастии хеш, марзу бум ҷасуру вафодор будан, аз шикасту нокомиҳои таърихӣ сабақ гирифтан, бо таҳаммул ба бозиҳои сиёсии пасипардагӣ баҳо доданро бошарафона иҷро кард. Аз ин хотир пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ арҷгузорӣ ба шахсият ва осори устод Айнӣ хеле боло рафт. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони хеш Садриддин Айниро нахустқаҳрамони Тоҷикистон

эълон кард. Барҳақ устод шоистаи ин унвони олист!

Аммо боиси дареғу афсус аст, ки гоҳе пажуҳишгарон шинохта ноҳақ бо густохӣ ва ситеза аз шахсият ва осори устод Айнӣ ҷурм меҷӯянд ва бо ин васила хонандаро ба ҷодаи каҷфаҳмиву каҷназарӣ мебаранд. Масалан, дар шумораи нуҳуми маҷаллаи “Самарқанд”, ки ба ифтихори бузургдошти устод Садриддин Айнӣ дар Эрон нашр шудааст, нигоштаи пажуҳишгари эронӣ, доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақиро бо номи “Айнишиносӣ: зарурат ва заминаҳо” мехонем. Ба аҳли илму адаби Тоҷикистон доктор Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ва пажуҳишҳои эшон то ҷое ошност. Дар ин мақолаи кӯтоҳ, ба назари мо, баъзе иддао ва эродҳои муаллиф баҳсталаб мебошанд. Ёҳақӣ дар оғози мақола эълом медорад: “Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти нави форсии тоҷикӣ, дар Эрон, чунонки бояд, шинохта нашудааст. Ин метавонад ба ду иллат бошад: хатти сириллик ё забони русӣ, ки ҳама осор ва тамоми пажуҳишҳо дар бораи ӯ ба ин хат ва ин забон навишта шудааст”. Ба иттилои Ёҳақии гиромӣ мерасонем, ки устод Айнӣ ҳама осорашро ба хати ниёгон навиштааст.

Дар ин хусус академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва айнишиноси маъруф, профессор А. Маҳмадаминов мақолаҳо ба табъ расондаанд.

Дар поёнтари мақола доктор Ёҳақӣ таъкид мекунад: “…аммо интишори ҳамин “Ёддоштҳо” ҳам ба шиносоии ӯ (Айнӣ – А.С) дар миёни эрониён, чунонки тоҷикони ҳамфарҳанги мо интизор доштанд, кумаки шоёне накард”.

Ин эроди муҳаққиқ лаҳзаеро ба ёдам овард, ки оғози солҳои навадуми асри бист Алии Деҳбошӣ – сардабири маҷаллаи “Килк”, ҳоло “Бухоро” зиндаёд Гулназар ва бандаро ба зиёрати донишманди шинохтаи Эрон, дӯсту ҳамсафи адиби шуҳратёр Содиқ Ҳидоят, муаллифи китоби дуҷилдаи “Фирдавсинома” Анҷавии Шерозӣ (ёдаш гиромӣ бод!) бурд. Зимни суҳбат чун сухан аз устод Айнӣ рафт, дар чашмони пиронаи устод Анҷавӣ нури шодӣ ҳувайдо шуд ва гуфт:

“ – Айнӣ бузургмарди донишманде буда. Оре, банда ба “Ёддоштҳо”-и эшон ошно шудаам. Чи насри бетакаллуф, шевову равон, чи забоне хушобуранги форсӣ. Аз баъзе осори пурарзиши илмии эшон ҳам огоҳам. Инро ҳам бояд ба шумо арз бикунам, ки дар олами форсии мо чунин мардони боҳунар, фидоӣ, ҷонсӯзи фарҳангу миллат кам будаанд…”

Шафеии Кадканӣ – устоди камназири шеъру адаби муосири форс, дар китоби машҳураш “Шоири оинаҳо” гуфтааст: ”Яке аз ширинтарин китобҳое, ки ин авохир хондам, хотироти Садриддин Айнӣ аст… Ин китоб ганҷинаи гаронбаҳоест аз вожагон, истилоҳот ва амсоли забони форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ, ки мо имрӯз ба бисёре аз он калимот башиддат ниёзмандем”.

Ин баҳои мунсифонаи хирадмандони Эрони бузург аст ба осор ва шахсияти аллома Айнӣ. Ва ин мушти обдорест ба даҳони нотавонбинони устод Айнӣ.

Сано бод ба он заргароне, ки қадри зар медонанд.

Дар поёнтари мақола вақте ин андешаи Ёҳақӣ: “шояд забони ғализи тоҷикии Айнӣ”-ро хондам, ангушти ҳайрат газидам. Аҷаб, аҷаб. Чӣ тавр муҳаққиқ ба худ иҷозат додааст, ки бо чунин ситеза ва густохӣ ибрози назар намояд.

Агар манзури доктор Ёҳақӣ корбасти гӯйишҳои мардумӣ дар навиштаҳои нависанда бошад, устод Айнӣ ба лаҳҷа ва шеваю гӯйишҳои мардумӣ эҳтиром дошт ва онро як ҷузъи фарҳанги решадори мардум ҳисобида, таъкид мекард, ки дар гӯйишҳои мардумӣ вожаҳои зебои аслу ноби форсии тоҷикӣ зиёд маҳфузанд ва истифодаву корбасти бамавриди онҳо хазинаи забонро ғанӣ мекунанд

Дар ин росто ба доктор Ёҳақӣ ёдрас мекунем: ҳам дар замони шуравӣ, ҳам алҳол, ки Тоҷикистон, хушбахтона, соҳибихтиёр аст, асарҳои хурду бузурги нависандагони номвари Эрон: Саид Ҷамолзода, Бузург Алавӣ, Ҷавод Фозил, Саид Нафисӣ, Содиқ Чӯбак, Содиқ Ҳидоят, Ҷалол Оли Аҳмад, Симини Донишвар, Маҳмуди Давлатободӣ…аз тариқи рӯзномаву маҷалла ва нашриётҳои Тоҷикистон мунташир шудаанд. Услуб ва сабки нигориши ин устодони сухан бештар тарзи гӯйиш, лаҳҷаву шеваи мардуми зодбумашон – остонҳои гуногуни Эронро дар бар мегирад. Вале хонанда ва муҳаққиқони суханшиноси тоҷик аз асарҳои адибони муҳтарами ҳамзабонамон “забони ғализ” наҷуста, онҳоро бо гармии меҳру самимияти хоса истиқбол гирифтанд, аз осори эшон ба ҳунару маҳорати дилнишини офарандагӣ тарзи гуфтор, олами афкор, рӯзгору дарду армони тимсолҳо ошно шуданд.

Оре, зодрӯзи устод Айнӣ барои аҳли илму адаб ва мардуми Тоҷикистон ид аст. Бешак, кору пайкор ва осори доманадори устод ба насли имрӯзу фардои мо садоқати фарзандона ба меҳан, дӯст доштан, ҳифзи ҷасуронаи асолати миллӣ, забону фарҳанги ниёкон, зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, эҳтироми заҳмати абармардон, ки дар марҳалаҳои доғи таърихи дуру наздик барои пойдории арзишҳои миллӣ, равнақи илму адабиёту фарҳанг бедареғ ҷонбозиҳо кардаанд, омӯзандаву ибратбахш хоҳад буд.

Банда пайваста аз шахсият ва осори устод Айнӣ баҳраманд мешавам. Мавзуъ ва унвони ду асарам: “Рӯдапо” ва “Ғамхӯрак”-ро аз “Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик”-и устод Айнӣ гирифтаам, ки ҳамеша ба руҳи покашон дуруд мефиристам. Дигар, ҳамаи хонандагон ва иродатмандони устод Айниро ба муносибати зодрӯзи хуҷастаашон шодбош мегӯям. Кош Худованд иродаи устувор, фазлу донишу заковат, ҳунару заҳматписандии устоди зиндаёд Садриддин Айниро ба суди миллату давлати Тоҷикистони озод насиби наслҳои имрӯзу фардоямон гардонад.

Дигар хабарҳо