АБДУЛЛО РАШИД

РАШИД АБДУЛЛО соли 1910 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

Бародари Ғанӣ Абдулло.

Соли 1932 факултаи филологияи Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст.

Ба ҳайси котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», мудири шуъбаи ада-бии чанде аз нашрияҳои ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи филмномаҳои Идораи киносозии Ду-шанбе кор кардааст.

Бо даъвати КМ ЛКСМ Тоҷикистон ба водии навободи Вахш рафта, дар мактабҳои деҳот муаллимӣ ва дар маъракаи барҳам задани бесаводӣҳиссагузорӣ кардааст.

Аз ибтидои солҳои сиюм ҳамчун шоири ли-рик ном баровардааст.

Соли 1933 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон достони «Қодир»-и ӯ дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст, ки аз вазъи рӯзгор ва кору пайкори нахустин трактористо-ни тоҷик ҳикоят мекунад.

Соли 1935 бахшида ба фотеҳони водии Вахш силсилаи шеърҳо чоп кунонда, соли 1936 достони «Вахш»-ро пешниҳоди умум гардондааст.

Чанд шеъраш ба русӣ тарҷума ва чоп шуда-анд. Худи ӯ шеърҳои алоҳидаи Н.Ҳикмат ва М.Ю.Лермонтовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

24 феврали соли 1938 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо