11.04.2024 19:40, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳозирини арҷманд! Бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Аз сарчашмаҳои […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Дар моҳи мубораки Рамазон ва […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти […]Идома...
Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони aзиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, яъне ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азиз мебошад, самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, хонаи обод ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо […]Идома...
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям. Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни Сада, ки ҳамчун ёдгори бисёр гаронбаҳо аз аҷдоди некномамон ба мо мерос монда, ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон эҳё гардидааст ва ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллии мо табдил ёфтааст, самимона табрик мегўям. Ҷашни Сада дар қатори Наврўзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то рўзгори мо бо […]Идома...
31.12.2023, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям. Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям. Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони […]Идома...
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»! Хонумҳо ва ҷанобон! Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям. Парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои […]Идома...