Ин хона зи хишти куҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам, То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умри ҷавонӣ ба чи раҳ бохтаам. Дар оғози қарни бистум устод Садриддин Айнӣ бо ҳамроҳону ҳаммаслаконаш аз хиштҳои куҳани саргузашту сарнавишт, таъриху фарҳанг, илму адаб, расму оин, ахлоқу маънавиёти бузурги бостониамон бинои ҳастии давлату миллатамонро […]Идома...
31-уми майи соли 2018 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорат доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим онро оғоз бахшид. Дар ҷаласа масъалаи меҳварӣ «Устод Айнӣ ва Истиқлолияти миллии тоҷикон» буд. Дар ҷаласа қарори Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид. 1.Маърӯзаҳои узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон […]Идома...
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт. Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ карда, даргузашти ин шоири ватансароро барои халқи тоҷик, […]Идома...
Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи […]Идома...



