Муҳтарам Садрӣ Умар! Фаъолияти эҷодии Шумо аз оғоз, яъне аз солҳои 80-уми қарни гузашта ҷанбаҳои гуногун дошт ва чандин бахшу самтҳоро фаро мегирифт. Баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб чандин сол дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва зодгоҳатон – шаҳри Кӯлоб ба таълиму тарбияи насли наврас машғул будед ва дар ин роҳ таҷрибаи бисёр андӯхтед. […]
Муҳтарам Ҷамшед Пирим! Шумо ҳамчун шоири ӯзбекзабон дар муҳити адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соҳибному соҳибмақом гаштаед ва дар пешрафти ин шохаи адабиётамон саҳми муносиб гузоштаед. Фаъолияти эҷодии Шумо, ки дар ду бахш – адабиёт ва рӯзноманигорӣ ҷараён гирифтааст, солҳои 70-уми асри гузашта шуруъ шуда, бо мурури замон густариш ёфтааст. Солҳои фаъолият дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» […]Идома...
Муҳтарам Муҳаммад Самӣ! Шумо пас аз хатми мактаби миёнаи № 4-и шаҳри Кӯлоб (1963) ва факултаи энергетикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1969) дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Хатлон фаъолият намудед. Сарфи назар аз касбу пеша, муҳаббат ба адабиёту сухани ноби китобатшуда Шуморо ба майдони адабиёт овард. Наздик ба чиҳил сол мешавад, ки пайи эҷод ҳастед. […]Идома...
Муҳтарам Мирзо Насриддин! Шумо баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ, солҳои 1968-1970 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ хизмат кардед. Баъдан, таҳсили худро идома дода, солид 1973 Техники политехники Душанбе в соли 1979 шуъбаи шабонаи факультеты автомобилей в хоҷагии автомобилей Донишкадаи политехники Тоҷикиростон хатм намудед. Ҳамзамон бо таҳсил дар автобазаи №2 Вазорати сохтмони ҷуҳурӣ […]Идома...
Муҳтарам Муҳибуллоҳи Қурбон! Шумо баъди хатми мактаби миёна дар факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров ва Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав, ғоибона) таҳсил карда, муддате дар мактаби деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гардида, ба онҳо забони англисиро омўхтед. Баъдан ба фаъолияти рўзноманигорӣ рӯ овардед ва […]Идома...
БАҲРИННИСОИ ГИРОМӢ! Солҳои дароз аст, ки номи Шумо чун бонуи хушзавқи суханвар тавассути шеърҳоятон ба хонандагон ошност. Бо вуҷуди хатм кардани риштаи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (соли 1968) сарнавишти Шумо аз аввал бо волотарин санъати нафиса, яъне шеър пайванд хўрдааст ва бо камоли муҳаббату иродат ба раҳгузори шеъру зебоӣ омадаед. Андўхтаҳоятон дар ин роҳ гувоҳӣ […]Идома...
Муҳтарам Сироҷиддин Қосим ! Шумо баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома дода, ибтидо бо ихтисоси муаллими таърих (1972) ва баъдан ҳамчун ҳуқуқшинос (1986) онро хатм намудед. Солҳои 1972-1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ хидмати низомиро адо кардед. Солҳои 1973- 1980 дар мактаби миёнаи № 26 ноҳияи […]Идома...
Муҳтарам Амиршоҳи Хатлонӣ! Шумо аз ибтидои фаъолияти ҷамъиятиву эҷодии хеш хидмати содиқонаро ба Ватан қарзу фарзи инсонӣ дониста, солҳои тӯлонӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти вилояти Хатлон заҳмат кашидед ва дар байни халқ соҳиби номи неку эътибори хос гардидед. Баъди касби маълумоти олӣ, охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамчун омӯзгор дар зодгоҳатон — ноҳияи Данғара […]Идома...
Муҳтарам Бахтиёри Ҷумъа! Шумо қабл аз он, ки хома ба даст гирифтаву пайи эҷод шавед, аввал аз мактаби нависанда ва тарҷумони маъруф, равоншод Ҳасан Ирфон дарси маҳорат омӯхтаед. Ҳангоми кор бо ин устоди забардасти сухан тасаввуроти Шумо нисбат ба адабиёт, аз ҷумла кори тарҷума вусъат ёфта, дар ҷараёни тарҷумаи романи Собит Муқонов «Мактаби ҳаёт» ва […]Идома...
Муҳтарам Равшан Замир! Шумо ҳарчанд хатмкардаи риштаи табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳастед, вале тамоми умри худро ба адабиёт ва пешаи рӯзноманигорӣ пайвастаед. Зеро аз оғози кӯдакӣ меҳри гарми суханро дар дил парвариш медодед ва ин меҳр батадриҷ афзунтар шуду Шуморо ба кӯи сухан овард. Дар ибтидои фаъолияти рӯзноманигорӣ хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло […]Идома...