Алимуҳаммад Муродӣ аз шоирони маъруфи мост, ки бо ашъори хонданӣ соҳиби ҷойгоҳи хосса гардидааст. Мавсуф дар охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бо нафаси тоза вориди адабиёт гардида, зуд дар муҳити адабии кишвар ва байни хонандагон эътироф шуд. Баъди ба поён расондани риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои маҳаллии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло […]
Сайидамин Ҷило, узви ИНТ аз соли 1995, муаллифи маҷмуаҳои ашъори “Паҳнои мурод”, “Гулбонги ғазал”, “Дар водии боронҳо”, “Гулшани ҳунар”, “Гулбоғи роз” ва ғайра дар шоҳроҳи шоирӣ таҷрибаи зиёд андӯхта, як зумра қаламкашони ҷавонро тарбият кардааст. Фаъолияти публитсистию драматургияш низ назаррас буда, дар тӯли солҳои гуногун як силсила очеркҳои пурмуҳтаво, намоишномаҳои “Калиди бахт”, “Афсонаи ҷангал”, “Муъҷизаи […]Идома...
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назокат Олимзода 18 июли соли 1955 дар ноҳияи Шаҳритус ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм карда, соли 1979 Донишгоҳи омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Солҳои 1992-1994 мудири мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, солҳои 1994-2002 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати ноҳияи Қубодиён, ҳамзамон роҳбари Созмони ҷамъиятии «Бунёдкор» буд. […]Идома...
Нависанда ва публитсисти маъруф Бахтиёр Муртазо 4-уми июли соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Пас аз итмоми мактаби миёнаи зодгоҳаш (1957) ва шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1963) ба ҳайси хабарнигор ва муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири […]Идома...
Шоири шнохтаамон Акбар Абдулло агарчи солҳои солҳои зиёд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошт, аз бомдоди умр ба шеъру сухани воло меҳру ихлос меварзид. Ин муҳаббати шуълавар ба каломи мавзун дар ҳар ҷое, ки қарор дошт, лаҳзае дар дилаш хомӯш нашудааст. Мавсуф дар мактаби олии ВКД СССР-и шаҳри Тошканд (1976), Академияи ВКД-и шаҳри Маскав (1986) […]Идома...
Латофат Кенҷаева соли 1967 баъди хатми мактаби миёнаи ноҳияи Деваштич ба шаҳри Душанбе омада, соли 1972 шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх ба поён расонд, пас ба ҳайси муҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои мамлакат барномаи «Фирӯза»-и радиои тоҷикро солҳо таҳия намуда, миёни бонувон ихлосманду шунавандагони зиёд пайдо кард. Вале ӯ чун барои […]Идома...
Яке аз ҳунарпешагони маъруфи кишвар, драматурги намоён, ходими хидматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон ба синни мубораки 90 гом ниҳод. Тӯрахон Аҳмадхон 1-уми июни соли 1935 дар деҳаи хушманзараи Шаршари ноҳияи Кангурт (ҳоло ноҳияи Данғара) дида ба ҳастӣ кушод. Даҳ сол дар хонаи кӯдакон тарбия ёфта, соли 1955 баъди хатми мактаби миёна донишҷӯи Донишкадаи давлатии театрии […]Идома...
Шоир, омӯзгори собиқадор ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 1999) Исмоил Зарифӣ 70-сола шуд. Мавсуф соли 1982, баъди хатми риштаи суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ҳоло ДОТ) чандин сол дар мактабҳои миёнаи зодгоҳаш шаҳри Панҷакент ба омӯзгорӣ машғул шуд. Муддате дар корхонаи тилои «Зарафшон» низ фаъолият дошт. Ду навбат вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Панҷакент […]Идома...
Шарифбек Азизӣ пас аз хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар тӯли қариб сӣ сол дар ниҳодҳои гуногуни тобеи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст. Мавсуф аз нависандагони камшумори детективнависи адабиёти имрӯзи мост. Собиқаи наздик ба сисола дар мақомоти қудратӣ боис гардидааст, ки таҷрибаи андӯхтаашро дар офаридани […]Идома...
Муҳтарам Ҳотам аз зумраи шоирон ва донишмандони номвари замони мост. Ӯ ҳам бо маҷмуаҳои ашъор ва ҳам бо таълифоти илмияш дар байни аҳли илму адаб ва хонандагони тоҷик мавқеи намоён ёфтааст. Мавсуф баъд аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм ва Институти давлатии педагогии Душанбе ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи рақами 28-и ноҳияи Ёвон (1972-1973), […]Идома...



