Дар вохӯрӣ байни сарони ду давлат, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба амал омад, чун дигар соҳаҳо бобати ҳамкории маданиву маърифатӣ, зинда кардани анъанаҳое, ки ба мустаҳкамсозии робитаҳои адабӣ марбутанд, табодули фикр ба амал омада буд. Имрӯзҳо байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, ҷамоаҳои эҷодӣ ва варзишӣ, созмонҳои ҷавонон ва занон, […]Идома...
Мисбоҳиддин НАРЗИҚУЛ Рӯзи чоруми майи 2018, субҳи зуд бо мақсади сафар ба шаҳри Самарқанди бостонӣ бо гурӯҳе аз ҳамкорон ба самти Пахтаобод ҳаракат кардем. Аз марзи миёни ҳарду кишвар — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, гузаргоҳи «Дӯстӣ» ба зудӣ ва осон гузаштем. Таваҷҷуҳи бандаро, пеш аз ҳама, муносибати масъулини ҳарду ҷониби марз ба худ ҷалб кард, ки бисёр […]Идома...
Хабари фавқулода андӯҳбор ба Минск низ расид. Шоири бузурги муосир Муъмин Қаноат аз олам даргузашт… Шахсияти ин инсон ва эҷодкори басо хирадманд, бешубҳа, ба хонандагони бисёр мамлакатҳо дар қитъаҳои гуногун ошност. Устоди сухан аз нахустин китобҳои ашъораш ғояҳои ҷаҳонбинии башардӯстонаро талқин мекард, хонандагони қишрҳои гуногуни иҷтимоиро барои бовар намудан ба ғалабаи некуӣ ва адолат итминон мебахшид. Муъмин Қаноат, ки алами […]Идома...
Ҳанӯз дар оғози садаи бистум як зумра адибони тавонманду шуҳратёри мо, назири устод Абулқосим Лоҳутӣ бо адибони машҳури беларусие чун Янка Купала, дӯстию ҳамкорӣ доштанд. Дар замони шӯравӣ адибони тоҷику беларус осори ҳамдигарро ба забонҳои модарияшон тарҷума мекарданд ва ба ин васила робитаву дӯстии онҳо таҳкими бештар ёфт. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин робита вусъати бештар пайдо кардааст. Ин нукта дар вохӯрии […]Идома...
Маркази тарҷумаи ИНТ маҷмӯаи шоирони ҷавони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар тарҷумаи шоири пуркор Сайфулло Қулаев ба нашр расонид. Пешгуфтори китоб ба қалами Раиси ИНТ Низом Қосим тааллуқ дорад. Хонандагони ӯзбекзабон тавассути ин китоб бо намунаҳои ашъори шоирони ҷавон Муҳриддин Сабурӣ, Баҳроми Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Шоҳбегим, Мирзо […]Идома...