АРМУҒОНИ ШОИРОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМЗАБОНОН

Маркази тарҷумаи ИНТ маҷмӯаи шоирони ҷавони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») дар тарҷумаи шоири пуркор Сайфулло Қулаев ба нашр расонид. Пешгуфтори китоб ба қалами Раиси ИНТ Низом Қосим тааллуқ дорад.

Хонандагони ӯзбекзабон тавассути ин китоб бо намунаҳои ашъори шоирони ҷавон Муҳриддин Сабурӣ, Баҳроми Раҳматзод, Рустами Аҷамӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Шоҳбегим, Мирзо Наврӯз, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Мафтуна ва Толиби Луқмон шинос мешаванд.

Маркази тарҷумаи ИНТ қаблан китоби дигари шоирони ҷавони тоҷикро бо забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Сайфулло Қулаев интишор дода буд.

 Мавриди зикр аст, ки китоби «Тенгдошлар» дар қатори дигар китобҳои тоҷикӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ба намоиш гузошта шуд.           

Дигар хабарҳо