ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР

Ҳанӯз дар оғози садаи бистум як зумра адибони тавонманду шуҳратёри мо, назири устод Абулқосим Лоҳутӣ бо адибони машҳури беларусие чун Янка Купала, дӯстию ҳамкорӣ доштанд.

 Дар замони шӯравӣ адибони тоҷику беларус осори ҳамдигарро ба забонҳои модарияшон тарҷума мекарданд ва ба ин васила робитаву дӯстии онҳо таҳкими бештар ёфт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ин робита вусъати бештар пайдо кардааст. Ин нукта дар вохӯрии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо директори Хонаи интишороти «Звязда»-и Беларус Павел Яковлевич Сухоруков ва намояндаи Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Беларус Алеся Игнатова, ки дар Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон ширкат намуданд, махсус баён гардид. Низом Қосим  аз таърихи робитаҳои фарҳангии ду кишвари дӯст, муносибатҳои пурсамари кишварҳоямон, аз дӯстию бародарии сарварони ду давлат батафсил сухан ронд.  Ҳанӯз дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ адибони ҷанговари тоҷик Муҳиддин Фарҳат, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва дигарон дар ҳимояи марзу буми Беларус аз фашистон ҳисса гузошта буданд ва ин адабиёту фарҳанги мо ва мардуми моро ба ҳамдигар наздиктару ҳамдилтар намуд.

Низом Қосим ҳамзамон дар ҷараёни суҳбат зикр кард, ки соли гузашта нашрияи ИНТ «Адабиёт ва санъат» ва нашрияи адабии Беларус «Литература и мастарства» шумораи муштараке чоп намуданд, ки пурра ба адабиёти ҳамдигар ихтисос доштанд. Инро метавон саҳифаи наву дурахшоне дар робитаҳои адабии Тоҷикистону Беларус арзёбӣ кард. Ҳамчунин ин анъанаи некро нашрияи дигари ИНТ — маҷаллаи русии «Помир» ва маҷаллаи адабии «Нёман»-и Беларус соли гузашта идома доданд.

 Вобаста ба таваҷҷуҳи давлатамон ба нашри китоб Раиси ИНТ ба меҳмонон маълумот дод, ки ҳамасола бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон ҳазорҳо китоби бадеӣ барои хонандагони мактаб ва дӯстдорони адабиёт нашр мешаванд. Бо дастури Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри осори классикони тоҷик дар 55 ҷилд идома дорад. Алъон 36 ҷилди он бо теъдоди зиёд ба табъ расидааст.

Директори Хонаи интишороти «Звязда»-и Беларус Павел Сухоруков иброз намуд, ки аҳли фарҳангу адаби беларус низ аз робитаҳои самимонаи адабии мо шоданд ва мекӯшанд, ки минбаъд онро идома бидиҳанд.

Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар ва Сайидалӣ Маъмур аз сафарҳояшон ба Беларус ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки дӯстию ҳамкории мо бо адибони беларус хеле самимона аст ва имрӯз низ бо ҳамон гармию ихлос идома дорад.

Драматурги  шинохта Нур Табаров, мудири бахши робитаҳои адабӣ ва драматургияи ИНТ Ато Ҳамдам перомуни дӯстии адибони тоҷику беларус сухан ронданд.

Намояндаи Вазорати иттилооти Беларус хонум Алеся Игнатова низ аз табодули фарҳангӣ ва муносибатҳои ҳамдилонаи адибони ду кишвар изҳори шодмонӣ намуд.

Дар охири суҳбат меҳмонон аз номи вазири иттилооти Беларус, узви ифтихории ИНТ  Алес Карлюкевич ба Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва  драматург Ато Ҳамдам барои саҳми шоистаашон дар таҳкими робитаҳои адабии ду давлат дипломи махсус ва китобҳои арзишманд супориданд.

Дар навбати худ Низом Қосим ҷиҳати қадрдонию сипосгузорӣ ба меҳмонон Ифтихорномаи ИНТ-ро тақдим намуд.

Т. ХАЛИЛӢ, «АС»   

Дигар хабарҳо