НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХИЁБОНИ АДИБОН

Дар вохӯрӣ байни сарони ду давлат, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба амал омад, чун дигар соҳаҳо бобати ҳамкории маданиву маърифатӣ, зинда кардани анъанаҳое, ки ба мустаҳкамсозии робитаҳои адабӣ марбутанд, табодули фикр ба амал омада буд. Имрӯзҳо байни муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, ҷамоаҳои эҷодӣ ва варзишӣ, созмонҳои ҷавонон ва занон, иттифоқҳои касаба ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ байни ду мамлакат муносибатҳои бевосита ба роҳ гузошта шудаанд.

Дар Ӯзбекистон шудани намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, ҳамчунин, далел бар он ки риштаҳои адабию фарҳангӣ байни кишварҳои дӯст мустаҳкам мегарданд.

Намояндагони Тоҷикистон ба Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ташриф оварданд. Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт ва таъкид сохт халқҳои тоҷик ва ӯзбекро риштаҳои бародарӣ ва ҳамсоягии нек асрҳо инҷониб ба ҳам пайваста, муштаракии таърихи умумӣ, маданият, урфу одат ва арзишҳо онҳоро хеле наздик гардондааст. Вақтҳои охир бо саъй ва ташаббуси роҳбарони ду давлат ҳамкориҳои ба ҳарду ҷониб манфиатбахш дар ҷабҳаҳои гуногун ривоҷ меёбанд.

Вазир Шамсиддин Орумбекзода: «Донӣ, ки чист давлат, дидори ёр дидан», гӯён сухан бо шеър оғоз намуд ва изҳор кард вақтҳои охир муносибатҳои самимона байни мамлакатҳои мо дар равнақи робитаҳои адабию фарҳангиамон низ равшан намоён мегарданд.

Шоири мардумии Тоҷикистон Аскар Ҳаким хотираҳои ҷолиб дар бораи анҷуманҳои хотирмони адабие, ки як вақтҳо дар Тошканд сурат мегирифтанд, баён намуд ва мамнунӣ изҳор кард алъон таҳти сарпарастии роҳбарони ду давлат, ки ҳарду ба ривоҷи адабиёти миллӣ эътибори алоҳида менигаронанд, баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ ба ҷашни дӯстӣ, иди воқеии адабиёт ва ҳунар табдил меёбанд.

Халқи тоҷик Алишери Навоӣ ва адабиёти ӯзбекро ҳар қадар эъзоз кунад, халқи ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва адабиёти тоҷикро он қадар дӯст медорад, таъкид ёфт дар тадбир. Дар шаҳри Самарқанд муҷассамаҳои шоир ва мутафаккирони бузург Ҷомию Навоӣ гузошта шудааст. Президенти Тоҷикистон қарор намуд боғи истироҳати воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе «Низомиддин Алишери Навоӣ» номгузорӣ ва дар ин ҷо чун рамзи дӯстию бародарии ду халқ муҷассамаҳои Ҷомию Навоӣ гузошта шавад. Бо таклифи роҳбари Ӯзбекистон ба яке аз истгоҳҳои метрои Тошканд дар хати Сергелӣ, ки барпо мегардад, номи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода гузошта шуд. Ин ҳама, албатта, дар роҳи таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстии адабиётҳо байни ду кишвар хидмат менамоянд.

Шоираи мардумии Тоҷикистон Зулфия Атоуллоева гуфт, ман ҳанӯз овони донишҷӯӣ дар Институти адабиёти ҷаҳони Маскав ба номи Горкий дар фаъолияти эҷодии Ҳалима Худойбердиева, ки дар як вақт таҳсил кардаем, вазъи ондавраинаи ҷараёнҳои адабии ҳавзаи ӯзбекистонӣ, хусусан чун чашма ҷӯшзании шоираҳои ӯзбекро то андозае тасаввур карда будам. Ҳ. Худойбердиева, О. Ҳоҷиева барин дугонаҳои ҳамқалами ман ҳоло ба дараҷаи шоирони мардумӣ расиданд. Аз комёбиҳои эҷодие, ки онҳо ба даст меоранд, сарам ба осмон мерасад. «Тошканд – шаҳри нон», мегуфтанд як вақтҳо. Тошканди имрӯзаро бо шукӯҳ ва зебоиҳои хоссааш дида, гуфтанам меояд Тошканд ба шаҳри муҳаббат, самимият, маънавият ва адабиёт табдил ёфтааст.

Шоири ӯзбек Минҳоҷиддин Мирзо шеъри тозаэҷоди худро дар мавзӯи дӯстии ӯзбекону тоҷикон, ки решаҳои таърихӣ дошта, чун дарахти азамат дар даврони нав гул-гул мешукуфад, қироат намуд.

Сайри Хиёбони адибон, ки воқеан ба боғи шукуфони адабиёт табдил ёфтааст, ба меҳмонон таассуроти калон бахшид.

Гурӯҳи адибони тоҷик дар ҳайати шоирон ва нависандагони мардумӣ Аскар Ҳаким, Саттор Турсун, Зулфия Атоӣ, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло ва дигарон ба Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба номи Навоӣ ташриф оварданд.

Вохӯрӣ бо намояндагони илм ва адаб, дӯстдорони каломи бадеъ, вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ дар яке аз толорҳои китобхонаи бошукӯҳи давлатӣ мароқангез сурат гирифт. Бо варақ задани маводи чопӣ, ки дар гӯшаи «Китобҳои тоҷикӣ» гузошта шуда, бӯйи каломи шаккарбори форсӣ-тоҷикӣ дар маъхази бузурги маърифат бараъло ҳис мегашт ва дарак медод, Тошканди адабпарвар ба истиқболи аҳли қалами тоҷик – иштирокдорони тантанаҳои адабию фарҳангӣ, ки воқеан ба иди адабиёт ва ҳунар табдил ёфт, омодагии ҳарҷониба дидааст.

Тадбири расмиро не, суҳбати таҳтидилонаи соҳибқаламонро, ки мисле аз дер якдигарро мешиносанд ба хотир меовард ҳангоми вохӯрӣ бо адибони арҷманд. Ин дар ба меҳмонон навбати сухан додани узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев низ ба мушоҳида мерасид. Зода ва парвардаи воҳаи Сурхон, адиби номӣ Саттор Турсун гуфт, Ӯзбекистон барояш боз аз он азиз, ки қатори ҳамватанҳо дар ин диёри аҷдодиаш Усмон Азим, Эркин Аъзам барин дӯстони ҳамқаламаш зиндагию эҷод карда, як гӯшаи боғи адаби ин сарзаминро обод месозанд. Чанд сол мо аз дидори якдигар маҳрум мондем. Хушбахтона, бо саъйи президентҳои ду кишвар дарҳое, ки баста шуда буданд, аз нав боз гаштанд. Қатори мардуми зиёде, ки дар ду ҷониб ташнаи дидор буданд, мо, аҳли қалам низ, ки чунин рӯзҳои саодатнишонро интизорӣ мекашидем, дарк намудем, ки ин қадар якдигарро пазмон шуда будаем. Зиёрати шаҳрҳои таърихӣ, дидан кардан аз обида ва қадамҷойҳое, ки дар Бухорову Самарқанд воқеанд, инак имконпазир ва мо метавонем дар вақти дилхоҳ ба хонаҳои якдигар раҳсипор шавем, ғаму шодии худ баҳам бинем, бо ҳамкориҳои тозаи эҷодӣ адабиётҳои ду ҷонибро ба абадият пайвандем.

Нависанда Абдулҳамид Самад иброз дошт, дар сафари навбатӣ ба диёри дӯст, гуфтан мумкин, ба Ӯзбекистони нав, ба Тошканди нав дучор омадем, ки қарибони худро гарм пазироӣ намуд. Дар мисоли ҳамин кошонаи муаззами маърифат низ чӣ тавр ба амал омадани дигаргуниҳои азим дар ин кишвари рӯ ба ривоҷро тасаввур кардан мумкин. Мусаллам аст, давлате, ки ба тараққии илм, фарҳангу адабиёт эътибори алоҳида менигаронад, дар ҳамаи соҳаҳо комёб мегардад. Беҳуда нагуфтаанд, ки ободӣ аз ободии қалб оғоз меёбад. Баробари шаҳр ва манзилу маконҳо қалбҳои поки мардуми ин диёр, аз ҷумла, аҳли эҷоди он, фикр мекунем, ободии дигар касб намудааст. Қалб агар ободу хотирҷамъ, эҷодкор ба комёбӣ ва сарсабзиҳои эҷодӣ даст меёбад.

Аз рӯйдодҳои фараҳбахш ва таърихие, ки марбут ба мустаҳкамшавии муносибатҳо дар ҷабҳаҳои гуногун ба амал меоянд, устодон Аскар Ҳаким ва Камол Насрулло низ бо мамнунияти том ҳарф заданд. Аз «Хуш омадед!»-гӯии муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо, ки ба сухан баромад, самимият садо медод.

Дар вохӯрӣ сармуҳаррирони нашрияҳои «Овози тоҷик», «Шарқ Юлдузи», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», «Ёшлик» ҳузур доштанд. Адибони тоҷик дастоварди хеш – китобҳои бисёрҷилдаашонро ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон тақдим намуданд.

М. ШОДИЕВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Дигар хабарҳо