МУЪМИН ҚАНОАТ ДАР ЁДИ МАРДУМИ БЕЛАРУС МЕМОНАД

Хабари фавқулода андӯҳбор ба Минск низ расид. Шоири бузурги муосир Муъмин Қаноат аз олам даргузашт…

Шахсияти ин  инсон ва эҷодкори басо хирадманд, бешубҳа, ба хонандагони бисёр мамлакатҳо дар қитъаҳои гуногун ошност. Устоди сухан аз нахустин китобҳои  ашъораш ғояҳои ҷаҳонбинии башардӯстонаро талқин мекард,  хонандагони қишрҳои гуногуни иҷтимоиро барои бовар намудан ба  ғалабаи  некуӣ ва адолат итминон мебахшид. Муъмин Қаноат, ки   алами талафот ва  сӯзи дили модарони фарзандбохтаро эҳсос мекард, достони фавқулода машҳури «Сурӯши Сталинград»-ро офарид.

Ин асар, ки қариб ним аср пеш навишта шудааст, имрӯз ҳам ақлу шуурро ба ҳаяҷон меорад, маҷбур месозад фоҷиаҳои бузурги ҷангҳои башарӣ бо изтироби дил идрок карда шаванд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки набарди умумихалқӣ алайҳи фашизм буд,  дар асар тасвир шудааст. Шеъру достонҳои ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаи  Александр Твардовский ва Константин Симонов, Евгений Евтушенко ва  Михаил Светлов, Михаил Дудин ва Мустай Карим, Расул Ғамзатов ва Олим Қӯшоқов барои ман маҳаки масъулияти шаҳрвандии инсон дар назди  ҳама аҳли ҷомеа, дар назди наслҳои оянда мебошанд. Ман ашъори Муъмин Қаноатро  бо эҷодиёти  шоирони мардумии Беларус Пимен Панченко, Аркадий Кулешов,  Петрус Бровка, Нил Гилевич, Ригор Бородуллин муқоиса мекунам ва мебинам, ки  дарду алами самимонаи онҳо нисбат ба кулли  оламу одам чӣ гуна монандӣ доранд, тимсолҳо ва рамзҳои инсонпарваронаи офаридаи онҳо чӣгуна ба ҳамдигар мушобеҳ ва  наздиканд.

Шеърҳои Муъмин Қаноатро ба забони беларусӣ барандаи  ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Беларус Геннадий Пашов тарҷума кардааст. Дар ҳаштҷилдаи «қомуси Беларусия» мақола оид ба шоири бузурги тоҷик ҷой дода шудааст. Ман медонам, ки Муъмин Қаноат ба Минск омада буд, то ҷоизаи коргарони НОБ-и Норакро ба Нависандаи халқии Беларус Васил Биков супорад.

Хотираи дурахшони Муъмин Қаноат дар дили хонандагони беларус ҷовидонӣ хоҳад монд.

Алес КАРЛЮКЕВИЧ, вазири  иттилооти Ҷумҳурии Беларус

Дигар хабарҳо