25 июни соли равон ҷаласаи навбатии Раёсати ИНТ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳозиринро бо фарорасии ҷашни бузург — Рўзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, иброз дошт, ки бисту ду сол қабл бо талошҳо ва хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ […]Идома...
29 марти соли 2019 маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи нависандагон барпо гардид. Аз рӯи масъалаи якум – даъвати маҷлиси садорати ИН қарор карда шуд, ки ҷаласаи мазкур даҳаи охири моҳи май даъват гардида, дар он «Вазъи имрӯзаи адабиёти бачагон ва дурнамои рушди он» мавриди муҳокима қарор дода шавад. Баъд аз ин маҷлиси Раёсат асарҳои барои дарёфти […]Идома...
28-уми декабри соли 2018 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҷаласаро оѓоз намуда, аъзои Раёсатро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард. Аъзои Раёсат масъалаҳои рўзномаро тасдиқ намуданд. Нахуст аз ҷониби Низом Қосим Ҳисобот оид ба фаъолияти ИНТ дар соли 2018 ироа гардид. Дар баррасии он аъзои […]Идома...
30 марти соли 2018 ҷаласаи васеи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳозиринро бори дигар ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд. «Наврӯзи имсола воқеан, наврӯзи адабӣ буд, чунки дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллатамон бо зиёиёни кишвар сухан бештар аз шеъру ҳунар, адабиёт буд ва ин таваҷҷуҳу ѓамхории доимиашон адибонро чун […]Идома...
29-уми декабри соли 2017 ҷаласаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аъзои Раёсатро ба муносибати соли нави мелодӣ шодбош гуфт ва ду устоди имрўзи адабиёт — Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро, ки чанде пеш ба синни мубораки 70 расиданд, муборакбод ва бо туҳфаҳои […]Идома...
11 августи соли 2017 ҷаласаи Раёсати ИН Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар оғоз аз ширкати фаъолонаи адибони кишвар дар кулли чорабиниҳои пуршукӯҳ ба муносибати 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, кори онҳоро самарабахш хонд. Сипас аъзои Раёсат ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ карданд, ки аз бахшҳои зерин иборат буд: […]Идома...
20-уми майи соли 2016 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим маҷлисро ифтитоҳ намуда, аъзои Раёсатро бо масъалаҳои баррасишаванда шинос кард. Масъалаи аввал оид ба иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 5 аз 8-уми апрели сои 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи […]Идома...