ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 28 ДЕКАБРИ СОЛИ 2018

28-уми декабри соли 2018 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҷаласаро оѓоз намуда, аъзои Раёсатро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард. Аъзои Раёсат масъалаҳои рўзномаро тасдиқ намуданд. Нахуст аз ҷониби Низом Қосим Ҳисобот оид ба фаъолияти ИНТ дар соли 2018 ироа гардид. Дар баррасии он аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ширкат ва пешниҳод намуданд, ки он қаноатбахш ҳисобида шавад.

 Нақшаи кори Раёсати ИНТ барои соли 2019 тасдиқ гардид. Масъалаҳои эълони пешниҳоди асарҳо барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 2019 ва тасдиқи қарори Раёсати ИНТ оид ба гузаронидани озмуни асарҳои беҳтарин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳокима ва доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Аъзои Раёсат ибрози бовару умед намуданд, ки адибони мамлакат иди  бузурги миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо осори арзандаи бадеӣ истиқбол мегиранд. Баъди баррасии ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои шуъбаҳои ИНТ, таҳлили асарҳои эҷоднамудаашон Шамсиддин Солеҳ (мунаққид), Абдуқаҳҳори Мўсо (шоир), Шаҳобуддини Ҳақназар (нависанда), Солеҳа Олимова (публитсист) ба узвияти ИНТ пазируфта шуданд. Адабиётшинос ва публитсист Муртазо Зайниддинов раиси Шўрои робитаҳои адабӣ, драматургия ва тарҷума интихоб шуд.

Дигар хабарҳо