ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 29 ДЕКБАРИ СОЛИ 2017

29-уми декабри соли 2017 ҷаласаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аъзои Раёсатро ба муносибати соли нави мелодӣ шодбош гуфт ва ду устоди имрўзи адабиёт — Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадро, ки чанде пеш ба синни мубораки 70 расиданд, муборакбод ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

 Сипас Низом Қосим ҳисоботи солонаи ИНТ-ро ба ҳозирин ироа намуд, ки дар он муҳимтарин чорабинию корҳои анҷомшуда ва рухдодҳои адабии соли гузашта баён гардиданд.Зимни баррасии ҳисобот аъзои Раёсат Абдураҳмони Абдуманнон, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Носир Салимӣ, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон фаъолияти ИНТ-ро дар соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.Аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар фаъолияти яксолаи ИНТ-ро  мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ИНТ тавонист фаъолияти худро дар соли гузашта ба таври матлуб ба роҳ бимонад.

Насрнависон Шодӣ Раҷабзод ва Саодат Сатторӣ, шоирон Аъзами Ҳуҷаста, Гулнисо Ризвоншоева, Мунаввара Ойматова, мунаққид ва адабиётшинос Тоҷибой Султонӣ ба узвияти ИНТ пазируфта шуданд.Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Сайфиддин бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа озод  ва Парда Ҳабиб иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири ҳафтанома таъйин гардид.

Адибони шинохта Гулрухсор, Гулназар, Абдулҳамид Самад изҳор намуданд, ки Мансур Сайфиддин дар давоми фаъолияташ ҳамчун сармуҳаррир дар беҳтар шудани мазмуну муҳтаво,  гуногунии жанрҳо ва умуман ҷолибтару хонданитар шудани ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» саҳмгузорӣ намуд.

Раиси ИНТ Низом Қосим ба расми  қадршиносӣ ба Мансур Сайфиддин туҳфаи хотиравӣ супурд.Бо овоздиҳии якдилонаи аъзои Раёсат ба ҳайатҳои таҳририяи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» низ тағйирот ворид карда шуд.

Дигар хабарҳо