ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 31 ДЕКАБРИ СОЛИ 2019

31-уми декабри соли 2019 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим нахуст аъзои Раёсатро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрик намуда, дар маҷмўъ ба аҳли адаб комёбиҳои тоза орзу кард. Аъзои Раёсат рўзномаи зерини маҷлисро тасдиқ намуданд:

1. Ҳисобот оид ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2019.

2. Тасдиқи Нақшаи кори Раёсати ИНТ барои соли 2020.

3. Чораҷўиҳо перомуни иҷрои банди 4-уми супориши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз 9-уми декабри соли 2019 дар бораи эҷоди драмаву спектаклҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир намудани мизҳои мудаввар дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» дар мавзўи мазкур (Гузориши мудири бахши робитаҳои адабӣ, тарҷума ва драматургия Ато Ҳамдам).

4. Тасдиқи қарори Раёсати ИНТ оид ба гузарондани озмуни асарҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

5. Қабул ба узвият.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Низом Қосим оид ба фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2019 ҳисобот дода, аз ҷумла чунин гуфт:

— Дар соли 2019 самтҳои асосии фаъолияти ИН-ро тарғиби нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи шарҳу тавзеҳи Истиқлолияту озодӣ, иду ҷашнҳои миллӣ, таҳкиму баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи мафкураи ҷомеа аз идеологияи бегона буданд.

Мувофиқи нақшаи ҳамкорӣ бо Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва як қатор вазорату сохторҳои дигари давлатӣ беш аз 200 мулоқоту вохўриҳо баргузор карда, тавассути васоити ахбори умум матлабҳои зиёде интишор дода шуданд.

Ба муносибати Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин асарҳо дар байни адибон озмун эълон гардид. Ба унвони он беш аз 30 асар дохил шуда, асарҳои устодон Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло ва Рустам Ваҳҳобзода ғолиб омаданд. Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ваҳдат бо ширкати адибони шинохтаи мамлакат маҳфилҳои шеър бахшида ба 30-солагии Истиқлолият, конфронси илмӣ-адабии «Устод Айнӣ ва истиқлолияти миллӣ», муаррифии китобҳои тозаэҷоди адибони кишвар дар доираи «Корвони китоб» ҳамроҳ бо нашриёти «Адиб» дар минтақаҳои гуногуни кишвар барпо гардиданд. Адибон дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки бо ибтикори Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолият ихтисос ёфтаанд, фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъбасти он саҳми арзанда гузоштанд.

Дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалҳо нақшаи баргузории маҳфилҳои наврўзии адибон тартиб дода шуд ва чунин маҳфилҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Бўстон, Хоруғ, Ҳисор, Душанбе, Ваҳдат, Кўлоб, Ёвон баргузор гаштанд.

Маркази тарғиби адабиёти ИН фаъолияти пурсамар зоҳир намуда, бо иштироки адибони номвари кишвар дар муассисаҳои таълимии оливу таҳсилоти ҳамагонӣ, вазорату идораҳо, қисмҳои ҳарбии пойтахт ва ноҳияҳои атроф, шуъбаҳои вилоятии созмон дар шаҳру навоҳии мухталиф беш аз 60 чорабинии   хотирмони идона баргузор намуд.

Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўаи ашъори наврўзӣ бо номи «Наврўзи ҷамшедӣ» омода карда, барои чоп ба нашриёти «Адиб» супурда шуд.

Шоирони суруднавис бо матнҳои навашон дар рангин сохтани чорабиниҳои тантанавӣ саҳми муносиб гузоштанд. Зиёда аз 30 матни нав эҷод ва ба оҳангсозон манзур гардид.

Сазовори таъкид аст, ки ҳамкории ИН бо Вазорати мудофиа ва Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ сол то сол таҳким меёбад. Адибон дар ҳайати гурўҳҳои таблиғотӣ имсол ҳам дар мулоқоту вохўриҳо бо ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ дар нуқтаҳои гуногуни мамлакат фаъолона иштирок намуда, бо қироати ашъору осори ватандўстонаи худ дили афсарону сарбозонро ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳимояи марзу буми Ватан гармтар карданд. Шоирони ватансаро дар озмуни ба муносибати 25-солагии қўшунҳои сарҳадӣ эълоннамудаи ниҳоди мазкур ширкат варзида, дар мавзўъҳои нигаҳдории сарҳад, мардонагӣ, шуҷоат, зиракӣ ва омодагии низомӣ беш аз бист суруди тоза иншо намуданд. Бахусус, ҳиссаи шоирон Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Ато Мирхоҷа ва Раънои Мубориз дар ин маъракаи муҳим сазовори зикр мебошад.

Таҳлили раванди инкишофи ҷанбаҳои мухталифи адабиёт, арзёбии вазъи жанрҳои адабӣ, муҳокимаи мавзўъҳои мубрами адабиёт яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ИН аст. Дар доираи ин барномаҳо муҳтавои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Памир” баррасӣ гардида, дар мавзўъҳои “Истиқлолият — дастоварди бузурги миллат”, “Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ”, “Устод Ҷалол Икромӣ ва инкишофи насри тоҷик”, “Инъикоси мавзўи мубориза бо терроризм ва ифротгароиву зиёдаравии динӣ дар қиссаҳои публитсистии нависанда Давлатхоҷа Назиров”, “Тозаҷўиҳои Пўлод Толис дар насри муосири тоҷик”, “Масъалаҳои худшиносию ватандўстӣ дар романи Мирзонасриддин Саидзода “Оташ дар хонаи қадим”, “Вазъи жанри фантастика дар адабиёти муосири тоҷик”, “Инкишофи жанри қисса дар адабиёти даврони Истиқлол”, “Шеър ва нақд дар сомонаҳои интернетӣ”, “Вазъи имрўзаи адабиёти кўдакон ва наврасон”, асарҳои дар панҷ соли охир тарҷуманамудаи нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор конфронс ва нишастҳои илмӣ-адабӣ гузаронда шуданд.

Иттифоқи нависандагон анъанаи таҷлили ҷашнвораҳои асарҳои илмиву адабии мондагорро идома дода, дар соли 2019 ба муносибати 80-солагии нашри қиссаи “Марги судхўр”  ва 70-солагии таълифи “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ, 70-солагии чопи романи “Вафо”-и Фотеҳ Ниёзӣ, 40-солагии нашри достони “Сурўши Сталинград”-и устод Муъмин Қаноат, 50-солагии ба чоп расидани қиссаи “Об аз куҷо меояд?”-и Аминҷон Шукўҳӣ, 40-солагии нашри маҷмўаи ашъори устод Лоиқ Шералӣ “Марди роҳ”, 50-солагии чопи дуҷилдаи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, 40-солагии чопи достони “Исёни хирад”-и устод Миршакар ва 70-солагии маҷаллаи русизабони “Памир” маҳфилҳои густардаи илмӣ-амалӣ баргузор намуд.

Бо ширкати адибон — барандагони имсолаи ҷоизаҳои адабии ба номи устодон Айнӣ ва Турсунзода Рўзи Одамушшуаро Рўдакӣ ва бо саҳми Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муассиру хотирмон барпо гаштанд.

Ба хотири қадршиносии адибон ҳамчунин маҳфилҳои эҷодии Ўрун Кўҳзод, Тўрахон Аҳмадхон, Қиёмиддин Абдуллозода, Зафар Мирзоён, маҳфилҳои ёдбуди Пайрав Сулаймонӣ, Раҳим Ҷалил, Пўлод Толис, Ҷалол Икромӣ, Аслам Адҳам, Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов, Баҳром Фирўз, Ўлмас Ҷамол, Масъуд Муллоҷонов, Лутфулло Бузургзода, Ғаффор Мирзо, Саидҷон Ҳакимзода, Тоҷиннисо Султонӣ доир гардиданд ва асарҳои Ўрун Кўҳзод, Тўрахон Аҳмадхон, Давлатхоҷа Назиров, Саидҷон Ҳакимзода, Пайрав Сулаймонӣ, Пўлод Толис, Аминҷон Шукўҳӣ, Баҳром Фирўз чоп ва муаррифӣ шуданд.

Боиси хушнудист, ки робитаҳои адабии мо бо давлатҳои ҳамҷавор торафт ҷоннок шуда, барои ҳамкориҳои ҳарчи бештар заминаҳои тоза фароҳам меоранд. Айни замон мо бо иттиҳодияҳои эҷодии адибони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тотористон, Ўзбекистон ҳамкории доимӣ пайдо ва бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои муаррифӣ намудани адабиёти тоҷик дар Ҷумҳурии мардумии Чин иқдомҳоеро роҳандозӣ карда истодаем. Аз ҷумла, баёзи назми муосир дар ҳаҷми қариб 500 саҳифа манзури Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин гардид. Соли 2019 шуъбаи робитаҳои адабӣ дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Ҷумҳурии Беларус иштирок намуд. Раиси Иттифоқи нависандагон дар солҷашнҳои иттиҳодияҳои адабии ҷумҳуриҳои Тотористон ва Қазоқистон, дар доираи иҷрои муқаррароти созишномаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон дар чорабиниҳо бахшида ба бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар шаҳри Тошканд ширкат ва суханронӣ кард.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳалли он ба таври ҷиддӣ ва таъхирнопазир дар назди созмони адибон истодааст, эҷоди асарҳои тозаи дархўри замон барои бачагон, бавижа, бачаҳои синни томактабӣ ва синни таҳсилоти ибтидоӣ мебошад. Иттифоқи нависандагон ташаббуси Вазорати маориф ва илмро дар мавриди ҷалби шарикони рушд ба тадвину чопи китобҳои бачагона дастгирӣ намуда, дар давоми сол бо адибон дар мавзўи шеваи таълифи асарҳои муосир барои кўдакон семинарҳои омўзишӣ гузаронд ва маҷлиси Садорати имсоларо ба ҳамин масъала бахшид. Дар маърўзаи раиси ИНТ «Масъалаҳои калони адабиёти хурдсолон» авзоъи кунунии ин бахши адабиёт амиқ таҳлил гардида, барои инкишофи он нуктаҳои ҷолиб баён шуданд. Бо мақсади расидан ба натиҷаи дилхоҳ ва даст ёфтан ба низоми муайян дар ин соҳа, маҷлиси Садорат лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона барои солҳои 2020 — 2025”-ро тасдиқ намуд, ки бо амри Президенти мамлакат дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанг баъди такмилу таҳрир ба Ҳукумат пешниҳод мегардад.

Агар соли 2019-ро соли оғози таҳаввулоти ҷиддӣ дар адабиёти кўдакон биномем, муболиға намешавад, зеро насли навраси мо соҳиби 39 асари тоза гашта, 27 китоби бачагона такроран ба нашр расид. Ин иқдоми муҳим дар солҳои оянда ба яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти ИН табдил хоҳад ёфт.

Дар соли равон 9 адиби мо — нависандагон Анвар Мирзоҳакими Олим бо қиссаи “Вақти гули зардолу”, Абдурауф Муродӣ бо маҷмўаи ҳаҷвии “Пайкори мўрон”, Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин бо романи таърихии “Спитамен” барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи устод Айнӣ, шоирон Муҳтарам Ҳотам бо маҷмўаи шеърҳои “Сухандору”, Салими Зарафшонфар бо силсилаи ашъори “Як сафҳа баҳор”, Акбари Абдуллоҳ бо маҷмўаи шеърҳои «Тирамоҳи сабз», Абдусаттори Раҳмон бо маҷмўаи шеърҳои бачагонаи “Чанори пур аз лона” ва Муродалӣ Собир бо маҷмўаи шеърҳои бачагонаи “Чашмасор” сазовори ҷоизаҳои адабии ба номи устод Турсунзода гардиданд.

ИН ба дарёфту рушди ҷавонони соҳибистеъдод таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Қобили зикр аст, ки намунаҳои беҳтарини осори ҷавонон муттасил дар нашрияҳои “Садои Шарқ”, “Адабиёт ва санъат” ва “Памир” чоп шуда, дар баробари ҷалб намуданашон ба чорабиниҳои мухталиф, ҳамчунин ҳамасола дар Рўзи ҷавонон бо ширкати онҳо маҳфилҳои эҷодӣ барпо мегарданд.

Маҷмўаҳои даҳ шоири ҷавон баррасӣ ва ба нашриёти “Адиб” пешниҳод шудааст. Умед дорем, ки дар соли нав ба табъ расида, онҳоро ба ҷустуҷўву бозёфтҳои бештар рўҳбаланд месозанд.

Барои такмили дониш ва сайқали истеъдоди адибони ҷавон бо дастгирии шуъбаҳои ИН, донишгоҳу донишкадаҳо ва адибони соҳибтаҷрибаи алоҳида айни замон дар ҷумҳурӣ маҳфилҳои адабии “Чароғи абадӣ”, “Суханварони Суғд”, “Ганҷи сухан”, “Гулафшон”, “Ганҷи Кўлоб”, “Парвози Шоҳин” ва ғайра амал менамоянд, ки дар тарбияи адибони наврас ва тарғиби сухан саҳми назаррас мегузоранд.

Маркази тарҷумаи бадеии назди Иттифоқи нависандагон асосан дар самти тарҷума аз забони тоҷикӣ ба забонҳои русӣ ва ўзбекӣ фаъолияти худро пеш бурд. Як шумораи солномаи “Литературный Таджикистан”нашр гардид  ва ҳоло шумораи 2-юми он омодаи чоп аст. Марказ бо маҷаллаи “Памир” ҳамкории доимӣ дорад. Айни замон аз тариқи озмун ба тартиб даровардани ҳайати кормандони он идома дошта, минбаъд ба тарҷума ба забонҳои арабӣ ва англисӣ замина гузошта мешавад. 

Соли 2020 моро ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон батамом наздик мекунад. Ба ин муносибат имрўз озмуни шеъру ҳикоя ва очерку мақолаҳои адабиётшиносӣ эълон мешавад. Бовар дорем, ки дар арафаи ҷашн он озмуни ягона нахоҳад буд. Мо ҳамқаламонро даъват мекунем, ки бо роҳи ширкат дар ин сабқатҳои адабӣ ва мустақиман ҷиҳати истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ асарҳои ҷолибу ҷозиб биофаранд. Дар ин кор ба ҳамагон комёбиҳо орзу мекунем.

Аъзои Раёсат Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон фаъолияти ИНТ-ро пурбору рангин арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки нақшаи он дар ҳамоҳангии комил бо корҳои бузурги созандагии давлату ҷомеа амалӣ гардидааст.

Сипас Нақшаи кори ИНТ барои соли 2020 баррасӣ ва пазируфта шуд. Аъзои Раёсат 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандиро, ки бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ба рўйхати санаҳои таҷлилшавандаи ЮНЕСКО дар соли 2020 ворид гардидаанд, рухдодҳои беназир арзёбӣ намуданд.

Доир ба чораҷўиҳо перомуни иҷрои банди 4-уми супориши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз 9-уми декабри соли 2019 мудири шуъбаи драматургия, робитаҳо ва тарҷума Ато Ҳамдам гузориш дод. Ҷумъа Қуддус, Абдураҳмони Абдуманнон, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло низ дар ин мавзўъ андешаҳояшонро иброз доштанд.

Аъзои Раёсат лоиҳаи қарорро доир ба гузарондани озмуни ИНТ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

Драмнавис Ҳалим Шариф, публитсист Ҳасани Асо, шоирон Дилором Исозода, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳим Дўстализода ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Дар маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дигар хабарҳо