ҶАЛАСАИ ВЕСЕИ РАЁСАТИ ИНТ 30-ЮМИ МАРТИ СОЛИ 2018

30 марти соли 2018 ҷаласаи васеи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳозиринро бори дигар ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуд. «Наврӯзи имсола воқеан, наврӯзи адабӣ буд, чунки дар мулоқоти анъанавии Пешвои миллатамон бо зиёиёни кишвар сухан бештар аз шеъру ҳунар, адабиёт буд ва ин таваҷҷуҳу ѓамхории доимиашон адибонро чун ҳамеша рӯҳбаланд гардонд.

22-юми март ташаббуси нави Сардори давлатамон «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор. 2018-2028» шурӯъ гардид. Ин рухдод боиси рӯҳбаландии бузурги адибон мебошад. Мо низ бо сухани арзанда дар тарғиби  он саҳм мегирем. Дар Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ, ки рӯзи 28-уми март дар шаҳри Панҷакент доир шуд, боз ҳам Пешвои миллат ба сухан арҷ ниҳоданд ва афрохтани пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ва ба номи ин адиби маъруф гузоштани Маҷмааи фароғативу ҳунарии шаҳр  далели ин гуфтаҳоанд», — иброз дошт ӯ.

Сипас аъзои Раёсат масъалаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор доданд:

1.Дар бораи даъвати Маҷлиси навбатии Садорати ИНТ.

2.Ҷамъбасти фаъолияти «Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва таҳлили маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи  касбии аъзои  Иттифоқи нависандагон.

  1. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар робита ба масъалаи якум   Низом Қосим қайд кард, ки тибқи нақшаи кориамон Маҷлиси Садорати ИНТ даъват карда мешавад. Барои муайян намудани мавзӯи рӯзнома мо ба ҷаласа устодони муҳтарам ва адабиётшиносонро даъват намудаем, ки дар ин масъала маслиҳату машварати онҳо судманд хоҳад буд.

Дар баррасии масъалаи якуми рӯзнома, адибон Саттор Турсун, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Гулназар, Аламхон Кӯчаров, Муртазо Зайниддинов, Мубашшири Акбарзод ширкат карданд. Қарор дода шуд, ки маҷлиси навбатии Садорати ИНТ ба мавзӯи «Устод Садриддин Айнӣ ва истиқлолияти миллии тоҷикон» бахшида мешавад. Адабиётшиносон Аламхон Кӯчаров ва Муҳаммадюсуф Имомзода доир ба ин мавзӯъ маърӯзаҳо пешниҳод менамоянд.

Доир ба масъалаи «Ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва таҳлили  маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи касбии  аъзои ИНТ» гузориш дода шуд. Қайд гардид, ки Гурӯҳи кории номбурда дар тӯли қариб ду сол асарҳои чорсад нафар  аъзои ИНТ-ро баррасӣ намуд. Корҳои анҷомдодаи онро аҳли ҷомеа, ки аксаран аҳли завқу маънӣ ҳастанд, хуш пазируфтанд ва дастгирӣ намуданд. Мақсади асосӣ аз ин иқдом ҳифзи обрӯ ва асолати адабиёти миллӣ, баланд бардоштани масъулияти адиб дар ҷомеа мебошад.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур Гулназар, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Шаҳрияи Адҳамзод ибрози андеша карда,  фаъолияти гурӯҳи кориро мусбат арзёбӣ намуданд. А.Абдураҳмон иброз дошт, ки минбаъд масъулиятамон бояд бештар гардад. Нашрияҳои ИНТ бояд бо ҷиддияти  том кор кунанд, маводи сусту заифро чоп накунанд, чунки онҳо кори ИНТ-ро муаррифӣ менамоянд. Аскар Ҳаким афзуд, ки фаъолияти Гурӯҳи кории мазкур қобили дастгирӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир кори ИНТ беҳтар шудааст. Ба андешаи Меҳмон Бахтӣ ин кори зарурӣ аст. «Ман дар ҳозиру ѓоиб инро таъкид кардаам», — гуфт адиби маъруф.

Аъзои Раёсат фаъолияти Гурӯҳи кориро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Бо дарназардошти  иҷрои вазифаҳо фаъолияти Гурӯҳи кории омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ қатъ ва масъулияти риояи қатъии Оиннома  аз ҷониби раҳбарият, Раёсат, бахшу шӯроҳои эҷодӣ ва шуъбаҳои вилоятии он таъкид  гардид.

Гузориш доир ба ҷамъбасти фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Пӯшида нест, ки вазъи Иттифоқи нависандагон солҳои зиёде аҳли ҷомеаро ҷиддан ба ташвиш оварда буд. Қаламфарсоёни бешуморе бо ҳар роҳу восита узви ин созмони муътабар гардида, бо асарҳои хому рафторҳои ноадибона эътибори онро пайваста мекостанд.

Дар 26-27 соли охир шумораи аъзои Иттифоқи нависандагон қариб се баробар афзуда бошад ҳам, асарҳои бешу кам дархури завқу талаботи ҷомеаро боз ҳамон як гурӯҳи башумор эҷод мекарданд ва бори ин соҳаи фаъолияти барои миллату давлат муҳимро бар дӯш доштанд. Кор ба ҳадде расид, ки нафарони дар навиштани аризаву ҳолномаи худ оҷиз узви Иттифоқи нависандагон шуданд, интернет, радиову телевизион ва нашрияҳои аз асли ҳол ноогоҳро минбари тарѓиби арзону кӯчабозории худ қарор доданд ва назди ИН ва мақомоти ҳокимият даъвоҳои нашру фурӯши китобҳои беарзишашон, ҷашну хонаву замин ва ѓайра пеш гузошта, обрӯи адибу адабиётро сахт костанд.

Кор ба ҷое расид, ки раҳбарияти олии кишвар ба ин масъала мутаваҷҷеҳ шуд. Таваҷҷуҳ кунед ба суханони Президенти муҳтарамамон, ки ҳабдаҳ сол пеш, 20 марти соли 2001 зимни мулоқоташон бо зиёиёни кишвар гуфта буданд: «Дар сарзамини суханпарвари мо адибони соҳибкитоб ҳар қадар бисёр бошанд, бояд маърифаташон ҳамон қадар боло равад. Лекин ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки баъзан сифат қурбони миқдор шуда истодааст. Роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, обрӯю эътибори ташкилотро азиз доред, дар замони устод Мирзо Турсунзода Иттифоқи нависандагон ибодатгоҳ буд. Ҳар соҳиби китоб узви ин Иттифоқ шуда наметавонист. Қадри сухани асилро паст нафуроред, ки бардоштанаш оқибат душвор мешавад.

Сафи ба ном шоирону нависандагони чаласаводу беистеъдод афзуда истодааст. Адибони тавоно ва касбии мо имрӯз аз сабаби мушкилоти моддӣ асарҳояшонро ба табъ расонида наметавонанд. Лекин китобу маҷмӯаҳои беарзиш, пуч, аз асолати адабӣ фарсахҳо дур, барои ҷомеа зараровар ва завқкуш чоп мешаванд. Ақаллан дар нашрияҳои адабӣ би ин гуна асарҳо роҳ додан лозим нест. Солҳои охир боз як раванди номатлуби дигар қувват гирифтааст: ҳар касе, ки аз уҳдаи маблаѓгузории ноширон баромада метавонад, ҳар чиро шеъру қиссаю ёддошт гуфта, чоп мекунад». (Рӯзномаи «Садои мардум», №22, 24 марти соли 2001, саҳ. 3)

Ба ҷои эътибор додан ба нигаронии ҷиддии Пешвои миллат ва кӯшидан ба ислоҳи вазъи риққатбор, мутаассифона,  қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба як кори механикӣ ва ҳатто  мазҳака табдил ёфт. Талаботи Оинномаи ИНТ ва Низомномаи комиссияи қабул аз мадди назар тамоман афтоданд. Аксари китобҳое, ки аз ҷониби довталабони узвият ба шӯроҳои эҷодӣ пешниҳод мешуданд, ба одитарин талаботи кори адабӣ ҷавобгӯ набуданд. Ҳатто муаллифони дастуру рисолаҳои таърих, тиб, сиёсатшиносӣ, тадқиқи академии адабиёти халқҳои дигар, ки ба адабиёти бадеӣ ҳеҷ робитае надоранд, ба узвият пазируфта шуданд.

Ҳамин буд, ки се сол қабл вазъият дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт ва аз раҳбарияти Иттифоқи нависандагон ислоҳи фаврии он талаб карда шуд. Бо мақсади иҷрои супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №5, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзо, бо фармони Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, №15а, аз 25 апрели соли 2016 «Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва таҳлили маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон» дар ҳайати намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, роҳбарият, раисони шӯроҳои эҷодӣ ва мудирони бахшҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 17 нафар, Гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар давоми қариб ду сол он асноди қабул ва асарҳои 400 нафар аъзои ИНТ-ро мавриди таҳлилу баррасиву тақриз қарор дод. Аксари тақризҳо пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи шӯроҳо, бахшҳо ва Гурӯҳи корӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба чоп расиданд ва дар давоми солҳои 2016-2017 чил нафар, ба сабаби ҷавоб надодани сифати асарҳояшон ва як нафар, бино бар тақаллуб дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, аз узвияти Иттифоқ хориҷ гардиданд, ба панҷ нафар барои омӯзишу ислоҳи норасоиҳои эҷодашон муҳлат дода шуд.

Бояд гуфт, ки ин кори марбут ба қисмати инсонҳо аз ҷониби бахшҳо, Шӯроҳо, Гурӯҳи корӣ ва Раёсати ИН бо масъулияти тамом дар назди адабиёт ва завқи хонанда сурат гирифт. Яъне, нафарони хориҷшуда воқеан дар адабиёт тасодуфианд, сатҳу савияи асарҳояшон бисёр паст аст, вазифаи адабиёту рисолати адибро дар ҷомеа намедонанд, дар фаъолияти ИН саҳме надоранд ва узвияти ИН барои аксарашон ҷуз мояи фахри арзоне нест.

Албатта, вақте ки Раёсати ИН ба ин кор даст зад, тасаввур мекард, ки чӣ сарусадоҳое баланд мешавад. Пешгӯии Пешвои миллат — «Қадри сухани асилро паст нафуроред, ки бардоштанаш оқибат душвор мешавад» бисёр дурандешонаву дуруст баромад. Борони ѓайбату туҳмату носазову ҳазёнҳои аъзои хориҷшуда ва «мухлисон»-у ҳаводоронашон дар нашрияҳои кӯчабозорӣ ва интернети бесоҳибу бемасъулият ба унвони ИН, Раёсат ва роҳбарияти он чун сел ҷорӣ гашт. Сарфи назар аз иѓвову ҳангомаҳо Раёсати ИН ва Гурӯҳи корӣ бо устувориву матонат аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи муҳим ва мушкилу масъулиянок баромад.

Бо ҳамин далелҳо, пешниҳод карда мешавад, ки натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи кории омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ қаноатбахш ҳисобида, саҳми назарраси он дар поксозии сафи аъзои созмони мазкур, баланд бардоштани масъулияти адиб дар ҷомеа, муаррифии осори асили адабӣ ва мавқеъу масъулияти адиби ҳақиқӣ дар назар дошта шавад.

Бино бар иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда, пешниҳод мегардад, ки фаъолияти Гурӯҳи кории омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ қатъ намуда, масъулияти риояи қатъии Оиннома, қабули сифатноки аъзо ва нигаҳдошти сатҳу савияи баланди эҷодиву мавқеи сазовори шаҳрвандии онҳо чун кори ҳамешагӣ ба зиммаи раҳбарият, Раёсат, бахшу шӯроҳои эҷодӣ ва шуъбаҳои вилоятии он вогузор бигардад.

Дигар хабарҳо