ҶАЛАСАИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 29 МАРТИ СОЛИ 2019

29 марти соли 2019 маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи нависандагон барпо гардид.

Аз рӯи масъалаи якум – даъвати маҷлиси садорати ИН қарор карда шуд, ки ҷаласаи мазкур даҳаи охири моҳи май даъват гардида, дар он «Вазъи имрӯзаи адабиёти бачагон ва дурнамои рушди он» мавриди муҳокима қарор дода шавад.

Баъд аз ин маҷлиси Раёсат асарҳои барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар соли 2019-ро муҳокима намуда, қарор кард, ки ба мақсади дарёфти ҷоизаҳои номбурда асарҳои зерин то 20-уми июни соли 2019 ба муҳокимаи оммавӣ пешниҳод гарданд:

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Дар бахши наср:

«Вақти гули зардолу» (маҷмӯаи ҳикояҳо). Анвар Мирзоҳакими Олим. Пешниҳоди Шӯрои насри ИНТ.

«Пайкори мӯрон» (маҷмӯаи эпиграммаҳои ҳаҷвӣ). Абдурауф Муродӣ. Пешниҳоди Шӯрои насри ИНТ.

«Спитамен» (роман). Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин. Пешниҳоди Шӯрои насри ИНТ.

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар бахши назм:

«Сухандору» (Маҷмӯаи шеърҳо). Муҳтарам Ҳотам. Пешниҳоди Шӯрои назми ИНТ.

«Тирамоҳи сабз» (маҷмӯъаи шеърҳо). Акбар Абдуллоҳ. Пешниҳоди Шӯрои назми ИНТ.

«Чанори пур аз лола» (маҷмӯъаи шеърҳои бачагона). Абдусаттори Раҳмон. Пешниҳоди Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони ИНТ.

«Чашмасор» (маҷмӯаи шеърҳои бачагона). Муродалӣ Собир. Пешниҳоди Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони ИНТ.

«Як сафҳа баҳор» (силсилаи шеърҳо). Салими Зарафшонфар. Пешниҳоди ҳайати таҳрири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат».

Дар ҷараёни маҷлис нависанда Давлатхоҷа Назиров барои таълифи асарҳои зиёдаш дар мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ бо «Нишони сухан»-и Иттифоқи нависандагон сарафроз гардонда шуд.

Раёсат нависанда-тарҷумон Ҷамила Мурувватиёнро ба узвият пазируфта, шоир Зафар Сӯфиро бинобар иштирок накарданаш дар ҳаёти Иттифоқи нависандагон ва мувофиқат накардани мавқеи иҷтимоияш бо мавқеи иҷтимоии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар асоси талаботи ойинномаи созмон аз узвият хориҷ кард.

Дигар хабарҳо