Пешвои миллат дар корзори миллӣ

 Пешвои миллат дар корзори миллӣ

Рӯзи 20-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат дар шаҳри Роғун биноҳои нави прокуратура, нозироти андоз, хобгоҳи кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҶДММ «Осоишгоҳи асри XXI» ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳрро ба истифода доданд. Ба Сарвари давлат ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд меёбанд, муаррифӣ карда шуд. Сохтмони ҳамаи ин биноҳо то охири сол ба анҷом мерасанд.

Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд. Сарбанди неругоҳ аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр,  дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кӯбидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба сӯйи сарбанди неругоҳ шинос гаштанд.

Дар минтақаи сарбанди неругоҳ кор ба таври шабонарӯзӣ, дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётӣ низ боздид карданд.  Ин нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми неругоҳ буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисми поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ гаштааст. Дарозии трассаи асосии нақб 2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тулонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисмати болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисми поёнии неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар мегирад, муаррифӣ гашт. Тибқи лоиҳа пайвастшавии нақби мошингарди 39 бо нақби 23 ва дигар коркардҳои зеризаминии маҷмаа ба назар гирифта шудааст.

Вазифаи асосии нақби нақлиётии Т-39 таъмин намудани роҳи мустақим ва боэътимоди нақлиётӣ байни соҳили рост ва иншооти қисми поёнии неругоҳ, аз ҷумла барои интиқоли техника, таҷҳизот, мавод ва хидматрасонии иншоот дар давраи сохтмон ва давраи истифодабарии неругоҳ мебошад.

Пас аз ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ дар баландиҳои 1172 ва 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд. Вазифаи обқабулкунаки асосӣ вобаста ба сатҳи оби обанбор аз се зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон ва таъмини интиқоли боэътимоди он ба агрегатҳо мебошад. Ҳамзамон, ин иншоот барои мустаҳкам нигоҳ доштани қабати кӯҳпора ва пешгирӣ намудани кӯчиши ҷинсҳои кӯҳӣ баъди пур гардидани обанбор аҳаммияти зиёд дорад. Низоми обрасонии неругоҳ низ ба талаботи баланди муҳандисӣ мутобиқ карда мешавад. Оби аз обанбор ба ҷониби агрегатҳо равонашаванда барои агрегатҳои рақами 3 ва 4 аз баландии 1152 метр ва барои агрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5 ва 6 аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ба нақбҳои обрасон ворид мегардад.

Яке аз самтҳои муҳимми корҳои сохтмонӣ дар соли равон ба хобонидани бетони конструктивӣ дар мавзеи даромадгоҳи нақбҳои обрасони рақамҳои 3 ва 4 марбут мебошад. То рӯзи 1-уми августи соли 2026 дар ин қитъа 10 ҳазору 367 метри мукааб бетон хобонида шудааст.

Боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр идома ёфт. Сарвари давлат дар шахтаи рақами 4 бо мутахассисону коргарони ин қитъа, ки аксарияташон коргарони Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак мебошанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд. Зикр гардид, ки ҳоло дар неругоҳ зиёда аз 1500 мутахассиси корхонаи мазкур фаъолияти пурсамар доранд. Ҳоло дар қисмати болоӣ ва зеризаминии шахтаҳо корҳои арматурабандӣ ва бетонрезии конструктивӣ дар ду баст идома доранд. Дар ин ҷо дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ барои гидроагрегатҳои неругоҳ як роҳи мустақили обгузар, маҷмааи обқабулкунаки доимӣ бо 6 шахтаи дарвозаҳо сохта мешавад. Дар асоси дурнамо барои бунёди шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимии неругоҳ 65 ҳазор метри мураббаъ бетон ва тақрибан 5,5 ҳазор тонна арматура истифода мегардад.

То ин вақт дар ин қитъа 33 дарсади корҳо ба иҷро расидаанд. Баъди анҷоми сохтмони иншоот, шахтаҳо барои идора ва дар ҳолати зарурӣ пурра бастани нақби обрави зери фишори ҳар як гидроагрегат, таъмини имконияти азназаргузаронӣ, таъмири нақбҳо ва ҳифзи таҷҳизоти неругоҳ дар ҳолатҳои садамавӣ хидмат хоҳанд кард.

Дар давоми боздиди корӣ аз иншооти гуногуни неругоҳ раванди корҳои сохтмонӣ дар кони №17, нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои обпартои болоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои истеҳсоливу сохтмонӣ дар ин иншоот аз дидбонгоҳи кони №17 оғоз ёфт. Ҳоло дар кони мазкур ҳафт корхона фаъолият дошта, иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гилхок, рег ва сангреза, дар як шабонарӯз аз 10 то 12 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.

Фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои коркард дар кони номбурда барои таъмин намудани захираи зарурии масолеҳ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди истифода дар сохтмони сарбанди неругоҳ заминаи муҳим мегузорад. Нақби сохтмонии қабати чорум қобилияти гузаронидани то 3500 метри мукааб обро дар як сония дорад.

Аз ин рӯ, таъмини ҳаракати бехатар ва идорашавандаи чунин ҳаҷми бузурги об аз талаботи муҳимми техникии иншоот ба ҳисоб меравад…

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иҷрои корҳои бузурги сохтмонӣ дар шароити мураккаби зеризаминӣ натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешрафта, технологияи муосир ва заҳмати мутахассисони ватанӣ буда, зарур аст, ки барои боз ҳам босифат ва саривақт иҷро намудани корҳои бунёдӣ талоши бештар варзида шавад.

 

Дигар хабарҳо