Нахустмаҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод»

 Нахустмаҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод»

 

27-уми январи соли равон дар толори хурди Иттифоқи нависандагон нишасти аввали маҳфили адабии «Гуфтугў аз эҷод» бо иштироки шоирону мунаққидон ва алоқамандону дўстдорони шеър баргузор шуд. Он ба мавзўи ғазал ва шеваҳои нави ғазалсароӣ ихтисос дошт ва хеле хубу хотирмон ҷараён гирифт. Дар оғоз мудири бахши назми ИНТ Толиби  Луқмон иштирокдоронро ба даргоҳи адаб хушомадед гуфта,  зарурати тарҳи ин мавзўъ ва аҳаммияти онро таъкид намуд ва аз ҷумла баён дошт, ки ғазал имрўз аз қолабҳои пуристеъмолтарини шеъри замони мост ва дар саросари қаламрави адабиёти форсии тоҷикӣ ба қавле гўйи сабқатро аз дигар анвои шеър бурдааст. Аз ин ҷост, ки имрўзҳо ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Афғонистону Эрон чопи дафтару девонҳои махсуси ғазал дубора ба ҳукми анъана даромадааст ва шумори ғазалгўён хеле афзудааст. Дар замони мо ғазал аз лиҳози забону баён, сохтори зеҳниву суварӣ, фазо ва нигаришу нигориш дучори дигаргуниҳои чашмрас шудааст ва аз ғазали суннатӣ фосила гирифтааст. Бар замми ин, ғазал аз қолабҳои мардумписанд мебошад ва завқу салиқаи мардуми мо дар дарозои асрҳо бо он парвариш ва завқи зебоишиносиашон ташаккул ёфтааст.  

Ҳамчун рамз ва ҳусни оғози ин маҳфил дар ибтидо чанд ғазал аз пири ғазалсароёни адабиёти форсии тоҷикӣ Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ  аз тарафи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ровии мумтоз Ортики Кодир қироат шуд. Сипас шоир Акбар Абдулло таҳти созу навои хунёгарони ҳунарманди афғонистонӣ  суруди машҳуреро бар матни шоири машҳури ғазалсаро Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр иҷро кард ва ба маҳфил гармиву рўшноии хоса бахшид.

Ғазалхонӣ аз муњимтарин бахшҳои махфил буд ва ғазалҳои хондаи шоирони шинохта Давлати Раҳмониён, Абдуҷаббори Суруш, Абдуллоҳи Раҳнамо, Ворис, Беҳрўзи Забеҳулло, Саъди Мирзо, Одина Раҳмон аз ҷониби аҳли маҳфил пазироии гарм ёфтанд. Дар маҳфил ҳамчунин шоирони ҷавон низ ҳузур доштанд ва насли нави ғазалсароёни тоҷикро намояндагӣ ва муаррифӣ карданд. Ғазалҳои аъзои ИНТ Бузургмеҳри Баҳодур, Насимбек Қурбонзода, шоирони ҷавон Кўҳзоди Фатҳулло, Меҳровари Масчоҳӣ, Хуршед Эҳсон, Шаҳёд, Нурӣ Муҳаммади Истам, Омина Ҳамроева ва Родмеҳр Сулаймонӣ бо мавзўи ҷолиб, диди шоирона ва баёни тозаашон ба ҳамагон таассуроти хуб гузоштанд.

Дар ҷараёни маҳфил барои поси хотир ва ёдоварӣ аз ғазалсарои бузурги муосир Симини Беҳбаҳонӣ, рўзноманигори ҷавон Зайнаб Ҳусейнова як ғазали ин шоирро зебо қироат кард.

Суруди Аҳмади Зоҳир дар иҷрои овозхони афғонистонӣ Салим Ҷовид хеле рўҳнавозу шуниданӣ буд.

Дар бахши суҳбат ва мулоҳиза дар атрофи ғазали имрўз мунаққидону адабиётшиносонамон ширкати фаъол доштанд ва бо истинод ба баъзе ғазалҳои хондашуда назарашонро дар бораи нуқтаҳои қувват ва заъфи онҳо баён намуданд. Адабиётшинос ва мунаққиди маъруф Абдураҳмони Абдуманнон дар бораи марҳалаҳои ташаккули ғазали нав, ки дар асри гузашта оғоз ёфта буд, батафсил сухан гуфт ва аз ҷумла иброз дошт, ки дар гузашта ғазал доираи хоси луғати худро дошт ва истифодаи калимоту таъбирҳои дур аз латофат ва хашин дар ин қолаби латиф раво набуд, вале дар ғазали нав ин маҳдудиятҳо аз миён бардошта шуданд, доираи мавзўъи ғазал вусъат ёфт ва забонаш низ дучори таҳаввул шуд.

Номбурда ғазалҳои дар маҳфил хондашударо дар маҷмўъ хубу хушоянд арзёбӣ кард ва аз ҷумла ғазалҳои Давлати Раҳмониён, Суруш, Саъдӣ Мирзо ва Бузургмеҳри Баҳодурро бо бозёфтҳои тозаашон ҷолиби таваҷҷуҳ донист.

Суҳбати Шоири халқии Тоҷикистон ва адабиётшиноси номвар Рустам Ваҳҳобзода низ омўзандаву пурмуҳтаво буд. Номбурда ҳангоми андешаронӣ дар атрофи забони ғазал нукоти ҷолиберо иброз намуд, ки овардани порае онҳоро зарур медонем:

«Таърифи куҳану маъмуле, ки аз қадим ба ғазал дода шудааст, таъкидаш рӯйи латиф, зебо ва хушоҳангу равон будани забони он мебошад. Бо эътино ба ин таъриф баъзан мегӯянд, ки фалон калима муносиби забони шеър, хоса забони ғазал, нест. Аммо ба ин мавзуъ аз ду дидгоҳи нав бояд назар кард. Мавзуъи ғазал дар тўли асрҳо гуногунӣ ва вусъати хеле бештар аз ғазали куҳан пайдо кардааст. Имрӯз ҳеч мавзуъе аз доираи ғазал берун намондааст. Хусусан ғазали дорои мавзуъ ва мазмунҳои иҷтимоии рӯз беш аз ҳар навъи дигари шеър ривоҷ пайдо карда истодааст. Зеро таркиби ғазал худ маҳрамонатарин ва дар айни ҳол табиитарин забони баёни ҳолот ва ҳатто муҳовара мебошад. Абёти мазмунан пайваста ва гусастаи ғазал табиитарин сурати ҷумлаҳои сода ва мураккаби тоҷикӣ мебошад. Масъала ин аст, ки шоир битавонад вожаҳои куҳан ва навро дар мақоме қарор бидиҳад, ки оҳангу дурахшу таносуби онҳо ҳам табиӣ ва ҳам барҷаста зоҳир гардад ва ҷилои тозаи маънавӣ аз онҳо эҳсос шавад.

Константин Паустовский дар китоби “Садбарги зарин” мегӯяд:

“Шеър як вижагии шигифтангез дорад. Он суханро ба сароғози бакорату покӣ бармегардонад. Калимаҳои аз ҳама  фарсуда, “маҳкумшуда”, ки ҳама сифати суварии худро дар назари мо аз даст дода ва табдил ба пӯстлохи сухан шудаанд, дар шеър шурӯъ мекунанд ба дурахшидан, садо додан ва атр парокандан.”

Профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул баргузории маҳфили «Гуфтугў аз эҷод»-ро ибтикори хеле муҳим донист ва пешниҳод кард, ки иштирокдорони он бо шеърҳои худ дар донишгоҳҳо низ меҳмон шаванд ва ба ин минвол шеъри имрўзи тоҷикиро муаррифӣ бикунанд. Ҳамчунин адабиётшиноси ғазалҳои дар маҳфил ироашудаи шоирони пуртаҷрибаву ҷавонро қобили мулоҳиза донист ва пешниҳод кард, ки бар асоси ин ғазалҳо ва ашъори дигаре, ки дар нишастҳои ояндаи маҳфили «Гуфтугў аз эҷод» пешкаш мешаванд, тазкирае тартиб дода шавад.

Дар охир Шоири халқии Тољикистон Аскар Ҳаким дар бораи мавқеи ғазал дар шеъри имрўз суҳбати  муфассал кард ва аз ҷумла гуфт, ки имрўз шоирони мо дар срудани ин навъи шеър хеле пеш рафтаанд ва дар пайи тозагўйиву навовариҳо ҳастанд, агар баъзе намунаҳои ғазали ҷавонони имрўзро бо шеърҳои ҷавонони солҳои шасту ҳафтоди қарни гузашта муқоиса кунем, тафовути  хеле чашмрас мебинем, ки ин аз пешрафти онҳо гувоҳӣ медиҳад. – Аммо бояд нуктаеро ба назар бигирем, – гуфт номбурда. – Танҳо ба ғазал пойбанд шудан кори дуруст нест. Дигар анвои шеърро, ки имконоти фарохтар доранд ва ҳадафу ғояи бузургро метавонанд дар худ бигунҷонанд,  бояд таҷриба кард.

Маҳфили «Гуфтугў аз эҷод», ки минбаъд низ баргузор хоҳад шуд, барои нақду пажўҳиши ғазали имрўз ва дигар қолабҳои шеърамон метавонад заминасоз бошад, фазои  умумии шеъри имрўзамонро ба таври зинда бозтоб бидиҳад  ва ҳамзамон метавонад барои нақди адабии мо таконбахш бошад.

Дигар хабарҳо