“Садои Шарқ” – садои дили хонанда

 “Садои Шарқ” – садои дили хонанда

       28-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти маҷаллаи миллӣ адабии “Садои Шарқ” дар соли сипаришуда бо иштироки адибону адабиётшиносони маъруф, муаллифони фаъоли маҷалла ва кормандони он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гардонандаи чорабинӣ муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз аз минбари баланди эҷодкорони кишвар будани “Садои Шарқ” ном бурда, зикр дошт, ки маҷалла дар тӯли фаъолияти қариб якасраи худ беҳтарин навиштаҳои адибону муҳаққиқон ва рӯзноманигорону ҷомеашиносонро пешниҳоди хонанда гардонидааст. Дар замони шуравӣ ҳар як асаре, ки барои нашр дар маҷалла пешкаш мешуд, қаблан аз муҳокимаи масъулин гузашта, бо таҳрирҳои зарурӣ ба табъ мерасид. Ба андешаи номбурда, ин анъана имрӯз ҳам бояд ба таври қатъӣ риоя гардад, то ин ки сатҳи баланди маҷалла нигоҳ дошта шавад. Маърузаҳои пурмуҳтавои мудирони бахшҳои наср, назм ва нақду адабиётшиносии ИНТ Сироҷиддин Икромӣ, Толиб Луқмон, Муҳриддин Сабурӣ ва нависандаи шинохта Шодӣ Раҷабзод оид ба насру назм, нақду тақризу китобиёт ва асарҳои публитсистии дар маҷалла нашршуда ироа гардиданд. Маърузаҳои мавриди назар дар маҷалла нашр хоҳанд шуд. Дар қисмати музокира Нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адабиётшиносон Абдураҳмони Абдуманнон, Ҳафиз Раҳмон, Муртазо Зайниддинзода, адибони шинохта Мирзо Шукурзода, Зариф Ғулом ва дигарон доир ба маърузаҳои пешниҳодгардида ва сатҳу сифати маводи дар маҷалла ба табъ расида андешаронӣ намуданд. Абдулҳамид Самад ва Кароматуллоҳи Мирзо дар суханрониҳои хеш аз замони дар ин нашрия заҳмат кашидани адибони маъруфамон ва низому тартиби кор дар он ёд оварда, хотираҳои ҷолиб нақл карданд.

        — Бояд дар тарғибу ташвиқи бештару пайвастаи маҷаллаи “Садои Шарқ” имрӯз аъзои ИНТ, муаллифон, кормандони шуъбаҳо ва дигар шахсони масъул талоши зиёд намоянд, — гуфт Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб. Ба гуфтаи Мирзо Шукурзода, бояд барои зиёдтар гардидани обуна ба маҷалла ҳамасола дар якҷоягӣ кӯшиш кунем. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҳам мебояд, ки чун солҳои пеш фолклор, насри ривоятӣ ва ҳаҷвия дар саҳифаҳои маҷалла бисёр чоп шаванд. Изҳори хушнудии адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон аз он буд, ки солҳои охир дар маҷалла мусоҳибаҳои хубу хонданӣ нашр шуда истодаанд. Хуб мешуд, агар аз ҷониби муаллифон барои чоп дар маҷалла очерки бадеӣ мунтазам пешниҳод гардад, зеро ин жанр ҳам ҳамеша хонандаи худро дорад. Дар охир сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустам Ваҳҳобзода ба ҷамъомадагон барои андешаҳои судманд ва пешниҳодҳои саривақтиашон миннатдорӣ кард.

Дигар хабарҳо