Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сюжети романи «Саройи санг»-и А. Мирхоҷа дар пасманзари рўйдодҳои таърихӣ сурат мегирад, ки воқеаҳо ба воқеият асос ёфта, бо таърих робита доранд. Ин як навъ барқарорсозии бадеии воқеияти таърихӣ дар бораи рўзгори сангини тоҷикони минтақаи Шуғнон дар партави ҳодисаҳои солҳои 1860-1880 ва муборизаи шадиди мардуми баландкўҳ […]Идома...
БА ПЕШВОЗИ 9- МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА Боре, ҳангоми яке аз суҳбатҳои муқаррарии самимона бо дўстам Муъмин, баччагиҳои ба айёми ҷанг ростомадаамонро ба ёд овардем. Нағз дар ёд дорам, чӣ гуна нақлаш дар бораи маросими фоҷиабоу дил фишори ёдбуди ашкбори қурбониёни ҷанг, ки дар зодгоҳаш – Дарвоз роиҷ аст, моту мабҳутам карда буд. Дар хонае, ки […]Идома...
Дар асари Кароматуллоҳи Мирзо «Ишқи Сархўр» тақдири инсони муосир тавассути бархўрдҳои иҷтимоӣ ва низоъҳои зиндагӣ бо услуби моҷароӣ ба силки тасвир кашида шудааст. Нависанда дар таълифи асари иҷтимоӣ ҳамчун пажуҳишгар, сиёсатмадор муносибат карда, ба ҳаводиси наве, ки дар ҷомеа ба миён меояд, бодиққат назар афканда, мафҳум, моҳият ва масъалаҳои ҷомеаро дар дарунмояи ин навъи асар […]Идома...
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳоди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Алишер Мирзонаботовро дар бобати ба номи қуллаҳои баланди назми муосири тоҷику форс, дорандагони ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон ва унвонҳои олии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузоштани қуллаҳо дар ҳудуди ВМКБ хуш истиқбол намуда, самимона дастгирӣ мекунад. Ин навид тамоми қаламкашони […]Идома...
Имрӯз ба зодрӯзи намои адабиёти миллати тоҷик 144 сол пур шуд Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби оламшумул Садриддин Айнӣ 144 сол пур шуд. Устод Айнӣ миллати тоҷикро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро миёни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро […]Идома...
15 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии нависанда ва публитсист Карим Мўсо маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш аз хидматҳои Карим Мўсо пеш аз ҳама дар рангу бори дигар гирифтани жанри очерк дар адабиётамон ёдовар шуда, номбурдаро аз қаламкашони пурмаҳсул ном гирифт. Адабиётшиносон Алии Муҳаммадии […]Идома...
Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза ва қарорҳои бахшҳо асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, […]Идома...
31-уми марти соли 2022 ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим аъзои Раёсатро бо рўзномаи маҷлис шинос намуда, онро ба баррасиву муҳокима гузошт. Мувофиқи рўзнома, аввал масъалаи даъвати маҷлиси Садорати ИНТ ба миён гузошта шуд. Аъзои Раёсат баъди мулоҳизаронӣ якдилона ба ин қарор омаданд, ки маҷлиси навбатии Садорати Иттифоқи […]Идома...
Раёсати Иттифоқи нависандагон, аз 31 марти соли равон, қарор дод, ки Садорати навбатии ИНТ 26 май даъват карда шавад. «Бурду бохти нақди адабӣ дар даҳ соли охир» мавзуи маҷлиси Садорат муайян гардид.Идома...
Ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Ўрун Кўҳзод дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода шоми эҷодии ин нависандаи забардаст баргузор гардид. Адибону адабиётшиносон, дўстону ҳамқаламон аз хидматҳои шоёни Ўрун Кўҳзод дар рушди насри муосири тоҷик ёдовар шуданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани […]Идома...