Мизи мудаввар дар ИНТ: “Инъикоси Роғун дар асарҳои бадеӣ”

 Мизи мудаввар дар ИНТ: “Инъикоси Роғун дар асарҳои бадеӣ”

Имрӯз 29 июли соли 2022 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати васеи аҳли илму адаб ва рӯзноманигорон доир ба мавзӯи  «Инъикоси НБО Роғун дар асарҳои бадеӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар оғози мизи мудаввар Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳмияти ҳаётан муҳим ва стратегии сохтмони аср – Неругоҳи барқи обии Руғунро зикр намуда, таъкид кард, ки дар ибтидои  сохтмон баъзе доираҳои илмӣ ва сиёсӣ бо нашри мақолаву гузориш ва пажуҳишҳо  мухолифатҳо нишон медоданд. Ӯ гуфт, ки доираҳои ғаразноки хориҷӣ, ҳатто баъзе чеҳра ва шахсиятҳо аз дохили Тоҷикистон бо нашри мақолаҳо ва гузоришҳои беасос хатарнок будани ин сохтамонро исбот карданӣ мешуданд, вале бо ширкати васеи коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ исбот шуд, ки тарҳи сохтмони Роғун хафнок набуда, яке аз тарҳҳои беназири сохтамонӣ дар ҷаҳон аст.  Ҳамчунин, таъкид намуд, ки асарҳои адабӣ, аз ҷумла се роман  ва очерку публитсистика дар мавзӯи Роғун эҷод шудаанд ва ин раванд бояд аз ҷониби шоиру нависандагон идома ёбад: “Асарҳое, ки дар ин мавзӯъ офарида мешаванд, бояд тазодҳо, рангорангӣ ва мазмуну образҳои барҷаста дошта бошанд. Одами зинда дар он амал кунад, мардумро бо шукӯҳи Роғун ошно кунад. Таъкиду ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин масъалаҳоро фаро мегирад”, афзуд Низом Қосим

Доир ба асарҳои эҷодшуда дар мавзӯи Роғун мудири бахши очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҷумъа Қуддус маърузаи муфассал намуда, таъкид намуд, ки асарҳои Шералӣ Мӯсо, Бахтёр Ҳамдамов, Мираҳмади Амиршоҳӣ, Раҷабалӣ Аҳмад ва дигар адибони кишвар ҷараёни сохтмони Роғунро воқеъбинона ва бо тасвири ҷузъиётҳо ба таври муфассал инъикос мекунанд. Ӯ афзуд, ки аксари муллифоне, ки доир ба ҷараёни сохтмони Роғун асар эҷод кардаанд, бевосита бо ҷараёни кори сохтмончиён ошно шудаанд. Минбаъд барои таъсирбахш тасвир кардани ҷараёни сохтмон,- таъкид намуд ӯ, адибони кишвар ба Роғун сафар намуда, ҷузъиётҳои муҳим ва ибратомӯзи  ин сохтмони асрро дар осори худ инъикос намоянд.

Равшани Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қайд намуд, ки тайи чанд соли ахир раванди инъикоси ҷараёни сохтмони Роғун дар Васоити ахбори омма камтар ба чашм мерасад ва бояд инъикоси ҷараёни сохтмон ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.

Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири нашрияи “Минбари халқ”  гуфт, ки нашрияи мазкур  ҳар ҳафта доир ба сохтмони Роғун матлаб чоп мекунад, аммо на ҳама мақолаҳое, ки ба нашрия меоянд, сазовори нашр ҳастанд. Вай афзуд, ки барои ба вуҷуд омадани матолиби хонданӣ ва ҷиддӣ дар нашрияҳо, ки диққати хонандаро ҷалб кунад, адибон ва рӯзноманигорон ҳавасманд шаванд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Мӯсо як нуктаи таърихиро зикр намуд. Вай афзуд, ки дар замони Шӯравӣ Узбекистон барои афзоиш додани кишти бахта ба обанбори бузург ниёз дошт. Дар он замон, — гуфт ӯ, мутахассисони Узбекистон тарҳи сохтмони Роғунро барои захирасозии об ба Маскав пешниҳод намуданд ва ин тарҳ аз ҷониби ҳукумати марказӣ қабул шуд. Ӯ гуфт, ки баъдан бинобар аҳмияти стратегӣ доштани ин неругоҳ онҳо ба оғози сохтмон мухолифат нишон доданд. Шералӣ Мӯсо доир ба сафарҳо ва таҷрибаи навиштани асарҳо дар робита ба сохтмони Роғун сухан ронда, таъкид намуд, ки барои инъикоси ҷараёни сохтмони иншооти аср, яъне Роғун ҳама аҳли қалам талош кунанд.

Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ” таъкид намуд, ки маҷаллаи мазкур осори зиёди манзуму мансур доир ба раванди сохтмони Роғун нашр кардааст. Аз ҷумла, гуфт ӯ, як шумора вижанома доир ба сохтмони Роғун нашр кардаанд. Минбаъд як саҳифаи вижа доир ба Роғун дар маҷалла созмондеҳӣ мешавад ва ҳар шумора дар ин саҳифа роҷеъ ба сохтмони Роғун матолиб нашр хоҳад шуд.

Публитсист Мираҳмади Амиршоҳӣ, ки дар сохтмони Роғун кор мекунад ва бевосита аз ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ошно аст, таъкид намуд, ки асарҳои зиёде дар хусуси сохтмони мазкур навиштааст. Вай афзуд, дар вақти навиштани асар қаҳрамонҳоеро бояд интихоб кунем, ки воқеан саҳми арзанда дар сохтмон  доранд.

Аҳли нишаст дар охир ба ин натиҷа расиданд, ки бояд ҷараёни сохтмони Роғун аз ҷониби адибон ва рӯзноманигорон воқеъӣ инъикос шавад,  то халқ аз  талошу пайкори сохтмончиён ва онҳое, ки дар сохтмони аср саҳм доранд, ошно шаванд.

Дигар хабарҳо