Адабиёти бадеӣ, тавре ки маълум аст, инъикоси зиндагии пуршебу фароз ва паҳлуҳои мураккабу тазодҳои рӯзгори одамон дар замонҳои гуногун ба шумор рафта, рисолати нависандагон ба сифати муҳандисони руҳи инсон дар ин ҷода бузургу мондагор мебошад. Ҳамин масъулияти нигорандагӣ бо корбасти ҷузъиёту таҷассуми манзараҳои зиндагии инсонҳо дар лаҳзаҳои мухталиф аз ҷониби адибон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт […]Идома...
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Қиссаи Равшан Махсумзод таҳти унвони «Кафшергар», ки нахуст дар маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» ва сипас ба сифати китоби алоҳида, ба табъ расид, аз ҷумлаи осори пурмуҳтавое ба шумор меравад, ки бо муҳиммияти мавзую масъалагузориҳояш ҷолиби диққат аст. Бояд таъкид кард, ки адиб дар таълифи қиссаи мазкур беҳтарин […]Идома...
Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Роҷеъ ба чанд асрори як ҳикояи адиб Сироҷиддин Икромӣ дар силки адибони ҳикоянависи баркамоли адабиёти муосир қарор гирифта, пайваста эҷод мекунад ва асарҳояш аз ҷониби ҳамқаламони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтааст. Соли 2016 барои қиссаи «Аз зулмот ба сафо» дар номинаи «Осори адабӣ» сазовори Ҷоизаи байналмилалии адабии […]Идома...
Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ «Шоҳнома» ва муаллифи он Абулқосим Фирдавсии хирадманд солҳо таваҷҷуҳи нависандаи беҳамтои миллатдўсти тоҷик Сотим Улуғзодаро ба худ кашида буд. Ў аз даврони ҷавонӣ мафтуни «Шоҳнома» буд ва баъдҳо чанд достони онро ба наср баргардонд. Билохира баъди омодагии дарозмуддат романи «Фирдавсӣ»-ро таълиф намуд. Муҳаққиқон Раҳими Мусулмониён, Худоӣ Шарифзода, […]Идома...
Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Китоби нави нависанда Тоҳири Муҳаммадризо “Ҳар давру ҳар мард”, ки нашриёти “Истеъдод” соли 2022 чоп кардааст, панҷ қисса ва 31 ҳикояву новелларо дар бар мегирад. Дар назари ман қиссаҳои ин асар дар маҷмуъ аслан як роман барин менамоянд. Не, муаллиф даъвогари ин маъно нест ва дар ҳақиқат […]Идома...
Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Вақте дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён»-ро ба даст гирифта мутолиа намудам, дарёфтам, ки дар он осори ҷолиб пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст. Сужаи ҳар боб диданӣ ва қаҳрамононаш чорагару серҳаракат ва пешраву тақдирсоз ба назар мерасанд. Ана барои чӣ дар асоси онҳо филмҳои ҷолиб рӯи навор омадаанд ва […]Идома...