Набзи замон дар наср
Адабиёти бадеӣ, тавре ки маълум аст, инъикоси зиндагии пуршебу фароз ва паҳлуҳои мураккабу тазодҳои рӯзгори одамон дар замонҳои гуногун ба шумор рафта, рисолати нависандагон ба сифати муҳандисони руҳи инсон дар ин ҷода бузургу мондагор мебошад. Ҳамин масъулияти нигорандагӣ бо корбасти ҷузъиёту таҷассуми манзараҳои зиндагии инсонҳо дар лаҳзаҳои мухталиф аз ҷониби адибон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо тарзу шеваҳои мутафовит анҷом мепазирад. Нависандагони тоҷик асосан дар жанри ҳикоя рухдодҳои замони муосирро, ки дар меҳвари он инсон қарор дорад, бозтоби бадеӣ бахшида, талошу саъй менамоянд, симои қаҳрамононеро биофаранд, ки бо амалу кирдорҳои худ муҷиби пайравии табақаҳои ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, дар ташаккулу таҳаввули фардии онон ҳамчун созандагони ҷомеаи кунунӣ дорои арзишҳои волои ахлоқӣ бошанд.
Дар соли 2023 дар нашрия осори насрии пурмуҳтавою гуногунғоя ба табъ расидааст, ки ҳароина ҳалли бадеии ин осор ба сатҳи қобилияту истеъдод ва ҳунари нигорандагии носирони тоҷик иртиботи амиқ дорад.
Дар шумораи аввали нашрия ҳикояи нависандаи ҷавон Фирдавси Аъзам бо номи «Навҳаи доркӯб» чоп шудааст, ки масоили муҳим – коста гардидани ахлоқи иддае аз ҷавононро дар мисоли Афшин дар бар гирифтааст. Тавре медонем, Фирдавси Аъзам ҳамчун шоири хушкалом ва навҷӯ ба эҷоди шеър машғул буда, бо иншои ҳикояи мавриди назар исбот кард, ки ҳамчун носир метавонад дар тасвири зиндагии одамон, мушкилоту мураккабиҳои зуҳурнамудаи давру замон ва раванди рухдодҳои манфӣ қобилияти хуб нишон диҳад. Дар маркази ҳикоя воқеаи зоҳиран он қадар барҷаставу фарогир қарор нагирифтааст: писари мӯйсафеди бемор мехоҳад дарахти тановари зардолуро, ки дастнишондаи падар аст, решакан кардаю дар ҷойи он ҳавзи шиноварии замонавӣ бунёд кунад. Аммо ин амал маъниву моҳияти зиндагии мӯйсафедро зеру рӯ карда, ба руҳияи ӯ таъсири ногувор ва навмедкунанда мерасонад. Дар тасвири муаллиф характеру симои инсонии қаҳрамонон – падару писар бо худхӯриҳои ботинии мӯйсафед, ки тамоми марҳалаҳои зиндагии бонишоташ аз пеши назараш мегузаранд, амиқу равшан мегардад. Аз ҷараёни воқеаҳо дар ҳикоя маълум мегардад, дар байни фарзандони мӯйсафед Афшин, ки хурдӣ ҳисоб меёбад, бо гуноҳи дуздӣ дар Русия аз он кишвар берун карда шудааст. Дар ҳикоя мушоҳидаи тозаи нависанда ба мурғе, ки дар шохаи баланди зардолу лона дорад, яъне доркӯб (эзорсурхак) бастагӣ пайдо кардааст. Ҷанбаи бадеӣ ва баёни Фирдавс аз он мегӯяд, ки вай хулосаи ҳикматомезро, ки аз ҳикоя бармеояд, ба худи хонанда ҳавола мекунад. Амали зишту бадгуҳаронаи Афшин боиси марги падари бемори ӯ ва пош хӯрдани лонаи доркӯбу фавти чӯҷаҳояш мегардад. Бояд зикр кард, ки забони фасеҳу шоирона ва истифодаи таъбиру баёни тозаю хушоҳанги нависанда дар бозгӯию нақли ҳодисаҳо ва тасвири андешаҳои ботинии мӯйсафед нақши муассир гузоштааст. Дар маҷмуъ, ҳикояи «Навҳаи доркӯб» аз аҳамияти баланди ахлоқӣ бархӯрдор буда, таъқиду ҳушдорест дар масъалаи аз мадди назар дур нагузоштани тарбияи фарзандон, ки моҳиятан ба воқеаҳои замони муосир созгору ҳамоҳанг мебошад.
Шариф Халил аз носиронест, ки асосан ба навиштани ҳикоя машғул асту дар ин ҷода муваффақ ҳам мебошад. Дар ҳикояи навбатии ӯ – «Вақте ситораҳо хуспиданд» азоби шадиди руҳии зану шавҳари ҷавоне тасвир гардидааст, ки тифлаки дар гаҳвора будаашон ба бемории вазнин мубтало шудааст. Маҳорату ҳунари баёни нависанда дар он зоҳир гардидааст, ки вай дарду азоби Амину Соҳибаро дар фосилаи як шаб бо ифода намудани андешаҳои ҳузновару навмедкунандаи онҳо ба хонанда воқеию муассир ва ба таври боварибахш нишон дода тавонистааст. Тасвири лаҳзаи фоҷиаомезу ҳассос ва пуризтироби марги тифлак дар дами субҳ воқеан, бозгӯйи он аст, ки нависанда дили дардошно дошта, ин рухдоди сангинро бо ҳама паҳлуҳояш муассир рӯйи сафҳа овардааст. Адиби маъруф Абдулҳамид, Самад, ки низ аз устодони насри хурд ҳисоб меёбад, дар ҳикояи «Ҳамсояҳо» ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва дар айни ҳол пур аз зидду нақиз, нигаронкунанда ва изтиробангези одамони як гӯшаи шаҳр, рафтору кирдор, муносибату муошират, хислату атвори насли калонсолу ҷавони имрӯзро дар муқоисаи ду замон ба риштаи тасвир кашида, фикреро талқин кардан мехоҳад, ки бо дигар шудани марҳалаҳои таърихӣ симову сурат ва сирату ҷаҳони ботинии инсонҳо низ тағйир меёбад. Яке аз хусусиятҳои ҷолиби ҳунари тасвирии нависанда дар он зоҳир мегардад, ки вай рухдоду лаҳзаҳои бархӯрду муносибати қаҳрамононро дар фазою макони мушаххасу маълум, вале на бо нақли пайдарпаю муназзам, балки унсури психологии тасвир баён месозад. Ҷанбаи таҳлилию тадқиқи бадеии хӯву хислати қаҳрамонон дар ҳикояи нависанда чун дар дигар осораш дар сархат қарор гирифта, қаҳрамони марказии асар аз он дар изтироб афтодааст, ки дар қиёс бо замони Шуравӣ афроде худхоҳу сарватпараст дар як гӯшаи шаҳр пайдо шуда, бинову қасрҳои бошукӯҳ сохта, худнамоӣ мекунанд, ки нишоне аз одамият дар онҳо ба мушоҳида намерасад. Дар оғози ҳикоя адиби барӯманд, дар баробари одамони маҳалла дар хусуси сагҳои онҳо низ сухан ронда, ба хулосае мерасад, ки ин ҳайвонҳои вафодор аз ашхосе бо лақабҳои Аждар, Гуроз, Кобра, ки моҳияту ҳадафи ҳаётро дар молу сарват андӯхтан ва шукӯҳу ҷалоли беоқибат медонанд, болотар меистанд. Воқеан, устод Абдулҳамид Самад дар офаридани симоҳои хотирмон дасти боло дорад, ки ин омилро дар амалу корҳои неку хайрхоҳонаи мӯйсафеду пиразане, ки дар пайи ғамхории парандагонанд, метавон ба мушоҳида гирифт. Ҳикояи «Ҳамсояҳо» ҷанбаи вижаи ахлоқӣ дошта, нависанда ҳикмату ғояи гуманизмро дар хулосаи он таъкид карданист. Забону тарзи нигориш ва вусъати неруи тасвирӣ дар ҳикоя дар сатҳи баланд қарор дорад.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод нависандаи пурмаҳсулест, ки тавассути воқеанигорӣ характери қаҳрамонони худро дар лаҳзаҳои мухталифи зиндагӣ ба таври равшан таҷассум месозад. Ифшои марому ҳадаф, олами ботинии одамон, ба хусус, афроди беҳамияту пастфитрат дар ҳикояи «Даллол»-и нависанда қобили таваҷҷуҳ мебошад. Сабку шеваи нигорандагии адиб ҷолиб буда, ба василаи созмон додани муколамаҳо, ки мамлуъ аз суханони намакину обдор ва ҳикмати мардумӣ мебошанд, симои қаҳрамонон бармало мегардад, ки бозтоби рафтору кирдори Маҳманабии даллол ба ин далолат мекунад. Сипеҳри Ҳасанзод бо муҷазбаёнӣ ва дар қолаби таъбирҳои пуробуранги мардумӣ баён намудани хислати қаҳрамонон андешаеро хотиррасон мекунад, ки зиндагии Маҳманабии даллол ҳеҷ моҳияту ҳадафе надошта, вай кайҳо аз радифи одамони нек баромадааст. Ғояи хуб аст – фоҷиаи як фард дар гирудори зиндагӣ.
Нависандаи пуркору заҳматкаш, устод Кароматуллоҳи Мирзо дар ҳикояи «Ташвиши як соядаст» бо истифода аз аносири гуногуни бадеӣ, нақли батафсили моҷарои бо қаҳрамон рухдода, яъне гум шудани маблағи маош, симои одамонеро ба намоиш гузоштааст, ки дили бузургу самимияти хос доранд. Ҷузъиётнигорӣ, тасвири лаҳзаҳои изтиробангезу ҳассоси руҳии қаҳрамон, ҳангомаю овозаи бедардон ва ниҳоят, ёфт шудани пули меҳнатӣ ба тасодуфе (ин лаҳза дар ҳикоя хеле муассир инъикос гардидааст) аз он шаҳодат медиҳад, ки нависандаи борикбину пуртаҷриба Кароматуллоҳи Мирзо масъалаи одамиятро аз мавзуъҳои аслию муқаддам дар таълифоти бадеии худ меҳисобад ва ба ин мавзуъ содиқ мондааст.
Бояд зикр намуд, ки ҳафтанома иқдоми хуб нишон дода, дар саҳифаҳои худ эҷоди носирони ҷавонро низ ҷой медиҳад, ки Санам Боева яке аз онҳост. Дар шумораи шашуми нашрия ҳикояи мавсуф бо номи «Дарси ибрат» ба табъ расидааст, ки шогирдона ҳам бошад, аз нигоҳи банду баст, нақли воқеаҳо, ҳадафи пешгузоштаи навқалам умедворкунанда аст. Ҳикоя хурд буда, амали ногувори писаракеро бо исми Шариф, ки чархи мошини Раҳимамакро бо қаҳр мекафонад, дар бар гирифта, ҷамъбасти ҳикматомез дорад.
Чандест, ки Юнуси Имомназар дар ҷодаи наср қаламфарсоӣ карда, ҳикояҳое баргирифта аз рӯзгори муосиронро рӯйи сафҳа меорад, ки «Дер ойю дуруст ой» аз ҳамин зумра ба шумор меравад. Ин нависанда сарнавишти инсонҳоро дар лаҳзаҳои мухталиф бозгӯйӣ намуда, дар ҳикояи мазкур дар хусуси ишқи дерини Хусраву Ноҳид ҳарф мезанад. Нақли муаллиф батафсилу доманадор буда, ҳаёти қаҳрамони ҳикоя – Хусрав, ки бо амри волидон ба хешовандаш Муҳиба хонадораш мекунанд, воқеъгароёна сурат мегирад. Ҷараёни ҳодисаҳо тавре идома меёбанд, ки дасти тақдир ӯро баъд аз марги ҳамсараш дубора бо маъшуқааш Ноҳид рӯ ба рӯ месозад, ки азобҳои зиёдеро паси сар намудааст. Оқибат ин ду тани ташнаи меҳру вафо ба васли ҳам мерасанд. Нависанда дар бозтоби бадеии рӯзгори вазнине, ки қаҳрамонон аз сар гузарондаанд, кӯшиши зиёд ба харҷ додааст, вале як нуктаро гӯшзад бояд кард, ки дар ҳикоя нақли тулонӣ гоҳҳо мавқеи бештар пайло кардааст. Муаллиф метавонист воқеаҳоро муҷазтар ба риштаи тасвир кашида, ба кашолгапӣ роҳ надиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама, забону ҳусни гуфтори Ю. Имомназар равону ҷозиб буда, вай ба инкишофи мантиқии рухдодҳо диққат зоҳир намудааст ва симои қаҳрамонони худро боварибахш офаридааст. Се ҳикояи ҳаҷман хурди нависанда Азизи Азиз таҳти унвонҳои «Фарзанди ватан», «Сурати модар» ва «Сулҳ чист?» дар шумораи ҳаштуми ҳафтанома нашр шудаанд, ки ба ҳаёти бачагон ва инъикоси орзую омоли онҳо бахшида шудаанд. Ҳикояҳо ҷанбаи хуби тарбиявӣ дошта, ҳар яке бо пафоси баланди меҳанпарварона дар хотир зуд нақш мебанданд. Кӯтоҳбаёнӣ, тасвирҳои муҷаз ва вобаста ба фаҳмишу дарки бачагон талқин намудани ғояи сулҳ ва муҳаббат ба ватану модар дарунмояи ин навиштаҳоро фаро гирифтааст.
Дар шумораи нуҳуми нашрия бахшида ба 75-солагии зодрӯзи нависандаи хушбаён Муҳиб Қурбон ҳикояи ӯ бо номи «Парӣ» ҷо дода шудааст. Муҳиб Қурбон носири мушоҳидакору воқеанигор буда, диққати ӯро бештар масоили иҷтимоӣ ва оилавӣ ба худ ҷалб месозад. Дар ҳикояи «Парӣ» характеру феълу атвори бонуе бо исми Анор таҷассум ёфтааст, ки бо оғози ғайримуқаррии ҳикоя зуд таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад. Бо он ки Анор соҳиби ҳусни чашмгире буда, ҳама «Парӣ»-аш меноманд, як хислати нописандида дорад, ки натанҳо муҷиби накуҳишу мазаммати ҳамдеҳагон гардидааст, балки ҳамвора зиндагияшро ба вайронӣ кашида, аз ҳам рехтааст. Бо баддаҳонию дағалгуфторӣ се дафъа шавҳар карда, парвои оламу одам надорад. Рафтору кирдор, андешаву амалҳои Париро нависанда ботааммуқ тасвир намуда, сарнавишти талхи ӯро дар ҷамъбасти ҳикоя хеле моҳирона қаламдод намудааст. Ҳарчанд баъд аз рӯзгори танҳоӣ Парӣ ба пирамарди сарватманде бо исми Аъзамбой ба шавҳар мебарояду ҳамдеҳагонро ба ҳайрат мегузорад, аммо ҳамсарони собиқи зан фаҳмида наметавонанд, ки ин бор ба чӣ ваҷҳ шавҳари солманд бо ҳама сергапию сақатгӯйӣ Париро аз хонааш наронд. Нависанда ба ҳадафи худ расида, ин маъниро ба таври зайл баён намудааст:
«Ба ҷойи талоқ Парӣ соҳиби писарча гардида, боз барои тифли дуюм пояш вазнин шудааст. Шояд Парӣ дигар ҳақоратдиҳиро қатъ карда бошад?
Ба ин суол ду сол пештар ҳангоми хостгории нахустини Аъзамбой Шамсия ҷавоб ёфта буд. Аъзамбой асам (кар) буд».
Ҳамчун носири пурхондаву таҷрибаманд Муҳиб Қурбон масъалаеро ба тадқиқи бадеӣ кашидааст, ки омӯзанда буда, аз мушоҳидаи нозук ва интихобу дарёфти сюжети ҷолиб шаҳодат медиҳад. Дар ҳикоя ҷузъиёти баҳадаф ва таваҷҷуҳангез зиёд ба назар мерасад, ки рӯзгори то андозае сангини хонадони Париву модараш (дар ҳикояҳо ин эпизодҳо батафсил тасвир шудаанд) аз ин қабил ҳисоб меёбанд. Ҳикояи «Неши ақраб», ки ба қалами детективнавис Сироҷиддини Қосим мансуб аст ва порае аз романи нависандаи хушбаён Мирзонасриддин – «Нони шарикӣ» дар шумораи даҳум рӯйи чопро дидаанд. Дар ҳикояи «Неши ақраб», ки дар жанри моҷарописандӣ эҷод гардидааст, образи муфаттиш Баҳодур Ҳотамов дар меҳвар қарор дода шудааст. Носири детективнигор С. Қосим як рухдодеро, ки сабаби таҳқиқи муфаттишон мегардад (дуздии молу ҷиҳози табибони шифохона), ҳамчун сархати ҳикоя бозтоби бадеӣ бахшида, ҷузъиёти амали ғоратгаронро ҳақиқатнигорона инъикос намудааст. Сюжет, инкишофи воқеаҳо, лаҳзаҳои бархӯрд бо ғоратгар бо исми Бердӣ, ҳунару маҳорати муфаттиши кордону таҷрибаманд дар масъалаи муайян намудани нишонаҳои ҷинояткор аз ҷониби муаллиф ба таври анъанавӣ сурат гирифта, як лаҳзаи фаъолияти муфаттишон хотирмон анҷом пазируфтааст. Дар пора аз романи «Нони шарикӣ»-и Мирзонасриддин воқеаҳои мураккабу пурошӯби солҳои сиюм, ки ба сохтмони Вахш ва ободонии ин водӣ марбут мебошад, аз дидгоҳи нав дар симои қаҳрмонони асар Толстопятов, Каримҷон, Ҷовид таҷассуми бадеӣ ёфтаанд. Дар пораи мавриди назар матонату қатъият, иродату руҳи тавоно, азму талош ва заҳмати сангини коргарон ва мушкиливу мураккабиҳои он замон дар суханронии сардори қитъаи сохтмонӣ Толстопятов равшан ба назар мерасад. Ба нависанда муяссар гардидааст, ки дар қиёс бо як идда асарҳои дар ин мавзуъ таълифшудаи адибони даврони Шуравӣ ҳақиқати талху ғамангези раванди сохтмонро бо тамоми ҷузъиёташ, ки дардзову таҳрикангезанд, ошкору бепарда тасвир намояд.
Муродалӣ Собир чанд соли ахир ба таълифи осори хурди насрӣ пардохта, як силсила ҳаҷвияву ҳикояҳояш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» рӯйи чопро дидаанд. Дар шумораи ёздаҳуми нашрия ҳикояи мавсуф бо номи «Асп» чоп шудааст, ки ба мавзуи робитаи инсон бо ҳайвонот, дунёи вижаи як ҷонвар, ки барои инсон на ҳамеша фаҳмову аён аст, бахшида шудааст. Маълум аст, ки дар ин мавзуъ дар адабиёти тоҷик асарҳои хурду бузурги зиёде навишта шудаанд. (Аз ҷумла, повестҳои Абдулҳамид Самад – «Аспи бобом», ҳикояи ӯ – «Вақте ки асп мерафт», повести Шераки Ориён – «Аспи охирин»). Аммо ба Муродалӣ Собир муяссар гардидааст, ки порае аз саҳнаи зиндагиро, ки меҳру шафқати ҷонвари базабонро нисбат ба инсон дар бар гирифтааст, бо забони шево тасвир намояд ва дар иртибот ба ин саҳна симои қаҳрамонони ҳикоя – мӯйсафеди Шодмону Воҳиди шефтаи хиромидану ҷавлон задани аспро ба таври дилкашу ҷозиб таҷассум созад.
Хусусан, бо шиҳаи дардноки асп, ки аз марги мӯйсафеди соҳибаш хабар медиҳад, ба итмом расидани ҳикоя муваффақияти нависанда мебошад, ки тавониста аз усулу наҳваи дигаргунтари бадеӣ истифода кунад. Ин лаҳза дар охири ҳикоя чунин омадааст:
«– Оббое, Худо раҳмат кунад.
– Киро? – хоболуд чашмонашро молид Воҳид
– Бобои Шодмон аз дунё гузашт.
– Кӣ гуфт?
– Аспаш».
Умуман, Муродалӣ Собир ба баёни муҷазу кӯтоҳ майл дорад ва дар ҳикояи зикршуда ҷузъиёту лаҳзаи зиёдатӣ тақрибан ба мушоҳида нарасид.
Нависанда Маҷид Салим, ки асосан дар мавзуи табиат, олами ҳайвонот, сарнавишти печида ва муносибати одамон ба ҷонварон асар эҷод мекунад, дар ҳикояи «Харгӯш» ҳамин масъаларо пайгирӣ кардааст. Бераҳмии инсон дар мисоли Сайёд, ки дар дашти Полвонтуғай ба хотири сарвату нафс шуда, лонаи харгӯшҳоро оташ мезанад, то ки харгӯшбачаҳоро ба даст оварда, ба Пӯлоди муаллим бифурӯшад, дар ҳикоя бо маҳорати хуб тасвир шудааст. Нависанда ҳушдор медиҳад, ки подоши амали бад бадист, зеро Сайёд худ дар байни оташи афрӯхтааш дармонда, либосҳояш оташ мегирад. Умуман, дар навиштаҳои Маҷид Салим бозтоби хислатҳои ношоиставу амалҳои зишти одамон дар робита бо рухдодҳое, ки ба ҳайвоноту парандагон бастагӣ дорад, равшан сурат мегирад. Забони навиштаҳои адиб шевою ҷолиб буда, сабки нигоришаш содаву фаҳмо ва орӣ аз печидагӯйию такаллуфот аст.
Адиби маъруф Юнус Юсуфӣ дар ҳикояи худ – «Сарбоз» мавзуъро аз дидгоҳи нав ҳаллу фасл намуда, ғояи ба ватани аҷдодӣ содиқу ҷонфидо будани фардеро ба риштаи тасвир мекашад, ки ба миллати ҷопон мансуб мебошад. Вай Ёширо ном дошта, ба ривояти синамогари ҷопонӣ Ямато Сайкаку, новобаста аз фазову макон, ҳар гоҳ ба кишвараш хатаре таҳдид мекунад, пайдо мешаваду ба ҳимояташ омодааст. Нависанда қаҳрамонашро дар ҳолатҳои гуногун, гоҳ дар ин мамлакат ва гоҳе дар кишвари дигар, ғарқ дар олами хосааш тасвир мекунад, хислатҳои якрӯву якқавл будан, ҷонфидоӣ дар роҳи ватан, қатъияту устуворӣ, ҷӯш задани интиқомро дар дили ӯ, ба як сухан меҳанпарастии варо бо забону сабки ҷаззоб, дар ниҳояти маҳорату ҳунари нигорандагӣ пеши рӯйи хонанда ҷилвагар месозад. Ғояву ҳадафи ҳикоя, таъкиди нависанда бар мабнои новобаста аз ирқу нажод ва миллат дар ҳимояти ватан омода будани инсонҳоест, ки дили бузург ва ҷасорати тасаввурнопазир доранд.
Нависандаи хушзавқу боистеъдод Равшан Махсумзод дар ҳикояи «Қудрати инсон» бо шеваю услуби хоси худ воқеаеро дар меҳвар қарор додааст, ки ба иродаю руҳи бешикасти мӯйсафеди 93-сола иртиботи амиқ дорад. Симои мӯйсафед, аз ибтидо то интиҳои ҳикоя тавре офарида шудааст, ки хонандаро бо хислатҳои сабурию тамкин, заҳматдӯстӣ, самимияту одамдӯстӣ, таҳаммулу сарафрохтагӣ, ки ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳамеша дар часпу талош ва ҳаракат асту шикояту заифнолиро бад мебинад, касро ба худ нохудогоҳ ҷазб менамояд. Вай азоби ҷангу ҳалокати бародарашро дар ин фоҷиа таҳаммул кардаву марги фарзандаш Достони чилуҳафтсоларо мардонавор паси сар намудааст. Бар замми ин, наберааш Хусрав камбин (неруи биноияш суст) буда, ин вазъ ба мӯйсафед таъсири руҳӣ мерасонд. Бо вуҷуди ин, вай ба оянда бо умед назар мекунад, ҳаётро сидқан дӯст медорад. Тасвиру нақли Равшан Махсумзод орому батамкин сурат гирифта, вай бо баёни эпизодҳои ҷудогона, ки касро мутаассир месозанд, симои мукаммали қаҳрамонашро бо маҳорати том таҷассум мекунад. Эҳсосу туғёни ботини қаҳрамонони ҳикоя аз ҷониби нависанда гоҳо ба ҳадде муассир аст, ки он лаҳзаҳоро бе дарди дил наметавон мутолиа кард. Ин ҳолатро ҳангоми ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ қадам мондани писари мӯйсафед ва тасвири лаҳзаи вопасин дидору гуфтугӯйи онҳо сареҳан метавон эҳсосу дарк кард. Дар ҳар сурат, ҷанбаи бадеию ғоявии ҳикоя қавӣ буда, он дорои аҳаммияти баланди гуманистӣ мебошад.
Дар шумораи 22-и нашрия бахшида ба 100-солагии зодрӯзи адиби маъруф, шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ порае аз қиссаи «Асад ва Самад» ҷой дода шудааст, ки пурмуҳтаво, шавқовар ва хотирнишин мебошад. Рафтору амал ва дунёи аҷиби ботинии қаҳрамонони қисса Асаду Самад ва Таваккалхоҷа чун дар оина инъикос ёфта, лаҳзаву бархӯрдҳо тавъам бо воқеаҳои шавқовар басо ҳунармандона тасвир шудаанд.
Порча аз китоби чоруми «Саройи санг»-и шоир ва нависандаи заҳматкаш Ато Мирхоҷа таҳти унвони «Шикаст андар шикаст» дар шумораҳои 23 ва 24-и ҳафтанома ба табъ расидааст. Дар ин қисмати роман ҷавонмардию меҳандӯстии ҳокими Рӯшон Манзаршоҳ, ки дар баробари Юсуфалихони мансабталошу ҷангҷӯй ба хотири амнияту осудагии мардуми минтақа аз вазифааш даст мекашад, батафсил баён гардида, лаҳзаҳои мушкилу ҳаяҷонангез, ки ба шиддату изтироби руҳӣ меафзоянд, дар суханону муроҷиати Манзаршоҳ ба мардум бо ҳусни баёни волои нигорандагӣ рӯйи сафҳа омадаанд.
Саҳнаҳои пурдарди вафоти тифли Манзаршоҳ Меҳтаршоҳ, азобҳои бешумори ҳамсари ӯ – Анор ва самимияту меҳри дӯсташ Лахман дар порчаи мазкур ҳақиқатнигорона таҷассум ёфтаанд. Дар роман ғояи сулҳу субот ва манофеи ватанро бартар аз хостаҳои шахсӣ донистан тарғибу талқин гардидааст.
Нависандаи сермаҳсул ва соҳибистеъдод Саидаҳмади Зардон дар баробари таълифи қиссаву романҳои пурмуҳтавою хонданӣ, аз эҷоди ҳикоя дар канор намондааст ва «Сардаргум» шоҳид бар ин гуфтаи мост. Хати сюжети ҳикоя ба ҳодисаи ба назар нонамоён – гум шудани калиди ҳуҷраи кории қаҳрамони ҳикоя бастагӣ дорад. Нависанда бо забони ширадору тасвирҳои пуробуранг ва зарофати ба худ хос моҳияти ошуфтагию парешонии қаҳрамони ҳикояро бо ҷузъиётнигории ҳадафнок бармало намуда, бо ин таъкид кардан мехоҳад, ки замону мушкилиҳои он инсонро метавонад ба ҳолатҳои мутафовити руҳиву равонӣ мувоҷеҳ созад. Хислату характер ва симои қаҳрамон маҳз дар инъикоси лаҳзаҳои ҷудогона, ки ба софдилию содагии ӯ ишорат мекунад, равшану барҷаста мегардад.
Ду ҳикояи ҳаҷман хурди Муртазоалӣ Муродов бо номҳои «Зан ва дарё ва «Занги нимашаб» бо ҷанбаи психологии худ хуш омад. Агар дар ҳикояи «Зан ва дарё» фоҷиаи ба сари модар омада (ҳалокати писараш) на бо нақли муназзам, балки тасвири вазъи руҳии ӯ, ки муассиру таконбахш аст, мавриди бозтоби бадеӣ қарор гирифта бошад, пас дар «Занги нимашаб» аз қаҳрамоне ривоят мешавад, ки ҷаҳони бузурги диду фаҳмиш ва дили дардошно дошта, хайрхоҳу некрой аст. Забону баёни нависанда фасеҳу хушоҳанг буда, маълум аст, ки доираи омӯзишу мутолиааш васеъ аст.
Вале як нуктаро хотиррасон бояд кард, ки ин носир бояд аз маҳдудаи мавзуъ фаротар рафта, оламу одам ва ҳаводиси рӯзгору сарнавишти мураккаби инсонҳоро ба гунаи жарфу васеътар ба тасвир бигирад.
Дар хусуси ҳикояи адиби баркамол Ҳафиз Сайфуллоев – «Ҷӯй, нон, модарам ва ман», ки дар тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод ба нашр расидааст, зикр карданием, ки симои модар бо тамоми ҷузъиёти рафтору амал ва самимияту меҳрубонияш бо оҳанги таъсирбахшу лиризми шоирона офарида шудааст.
Ҳикояи устоди жанри ҳикоя, шодравон Раҳим Ҷалил – «Нақши Темурмалик» муҳтавою ғояи ибратомӯзи меҳанпарварона дошта, аз забони қаҳрамони он ҳақиқати раднопазир будани қаҳрамонию шуҷоат, муборизаю муқовимат ва истодагарии Темурмалик таъкиду талқин шудааст. Ҷонфидоии Темурмалик дар баробари муғулони бераҳму ғолиб ба он андоза дар давру бар густариш меёбад, ки баъдтар ба ривояту афсона табдил меёбад. Оқилсаркор – қаҳрамони ҳикоя аз рӯйи фаҳмидаву шунидааш диловарии Темурмаликро як-як ситоиш намуда, эътиқоди мардумро ба корномаю шахсияти ӯ на афсона, балки ҳақиқати кул меҳисобад. Нақлу тасвири нависанда аз ҳунару маҳорати баланди нигорандагии ӯ шаҳодат медиҳад. Бахшида ба таҷлили 70-солагии зодрӯзи нависандаи маъруф Сайф Раҳимзод Афардӣ ҳафтанома ҳикояи «Руъё»-и шодравонро ба табъ расондааст, ки аз нигоҳи тасвиру тахайюли бадеӣ, омезиши фазою макон ва рухдодҳои аҷибу шигифтангези худ воқеан, асари оригиналист. Шаҳомату бузургии ин адиб ва сухани сеҳромезаш дар он авомил нуҳуфтааст, ки ӯ аз нақлу қолабҳои анъанавии тасвир иҷтиноб варзида, ҳиссиёту туғён ва драматизми руҳии қаҳрамони худро бо забони пурфасоҳат ва санъати баланди нигорандагӣ, ки бешак, аз адабиёти классикии форсу тоҷик ва ҷаҳон сарчашма мегирад, таҷассум месозад. Руҷуъҳои қаҳрамони ҳикоя ба Майвалии ҳамдеҳааш тамоми хотираҳои талху ғамангези ӯро, ки ба давраи навҷавонияш пайвандӣ дорад, аён месозаду ба мадди назар мебарорад. Истифодаи руҷуъ ҳамчун усули тасвири бадеӣ дар суҳбати руъёии қаҳрамон бо дилдодааш низ ҷолиб буда, аз ишқи нокоми онҳо ҳикоят мекунад. Дар умум, «Руъё» ҳикоятест, ки дар он сабки тасвир дар тасвир мақому ҷойгоҳи асосӣ дорад ва аз истеъдоди нодири адиб шаҳодат медиҳад.
Мижгона Халилзода бо ҳикоёти дилнишину хотирмони худ тайи чанд соли ахир аз қаламкашони соҳиблаёқат буданаш дарак дода, дар роҳи эҷод гомҳои устувор мегузорад. Дар ҳикояи «Модар» носири ҷавон саъй бар он намудааст, ки мушоҳидаҳои нисбатан тоза ва дар айни замон муассиру дардолудро, ки аз рухдоди ба сари зан омада, ки шавҳараш майзада асту писараш ба бемории вазнин мубтало гардидааст, реалистона рӯйи сафҳа орад. Мижгона азоби сангини зан-модарро бо ҷузъиёти таъсирбахш ва андешаҳои ботинии ӯ боварибахш инъикос карда, дар офаридани симои модар муваффақ шудааст. Хусусан, лаҳзаи дар бемористон қабл аз ҷарроҳӣ мӯйҳои сари писаракро тарошидан, ки аз чашми модар дур намемонад, бадарду дилгудозона баён шудааст. Ин лаҳзаро М.Халилзода ба тариқи зайл тасвир карда:
«Духтури шинос Абубакрро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, аз ҳамкорон хоҳиш намуд, мӯйи сари писаракро тарошанд. Модар ба мӯйи сари фарзандаш, ки рӯйи замин меафтид, менигаристу худро рӯйи фарш афтода медид»…
Мижгона ҳоло дар айни такомул эҷодӣ қарор дорад. Забону баён ва тасвирҳои ӯ ҷолиб буда, аз ояндаи дуахшони қаламкаши хушзавқ шаҳодат медиҳад. Вай бояд бештару огоҳонатар ба омӯзиши осори бадеии ҷаҳон ва классикӣ рӯ орад.
Порча аз романи таърихии нависандаи пурмаҳсул Ато Ҳамдам «Тахти сангин» дар шумораи чилуҳафтуми нашрия ҷой дода шудааст. Роман таърихӣ буда, дар он муаллиф аз хусуси Арасту, ки муаллими Искандари Мақдунӣ буда, аз шаҳри зебою ободи Фивро хароб кардани ин сарлашкари оламгир ба сутӯҳ омадааст, ҳикоят мекунад. Андешаҳои Арасту дар муқобил бо Искандари шуҳратхоҳу ғосиб ва кирдорҳои ваҳшиёнаи ӯ бадарду пуризтиробанд. Мутафаккиру файласуфи донишманд тамоми лаҳзаҳои зиндагияшро пеши назар оварда, аз он ҳасрат мехурад, ки ин ҳаёт нопойдору бебақо ва беҳосил будааст. Симои Арасту аз ҷониби нависанда табиию реалӣ ва дар муколамаю суҳбатҳояш бо Искандар ҳамчун ҳакими тавоною доно офарида шудааст.
Ҳикояи нависанда Юсуфи Насрулло – «Танзи халабон» бардошту мушоҳидаи огоҳонаи нависанда аз зиндагии воқеӣ буда, ғояи онро гардишҳои ногаҳонию ғайримунтазира дар сарнавишти одамон ва дақиқу саҳеҳ баҳо дода натавонистан ба қобилияти ҷавонон дар бар гирифтааст, ки инро дар ҳикоя дар мисоли омӯзгор Олимӣ ва шогирди ӯ Ҳасан, ки баъдтар халабон шуда, устодашро дар ҳайрат мегузорад, дидан мумкин аст. Сабки нигориши Юсуфи Насрулло содаю шево буда, муколамаҳои сохтааш табиию боварибахшанд. Суханони қаҳрамонон мушаххасонида шуда, аз рӯйи он хислату атвори онҳо муайян мегардад.
Ба муносибати 60-солагии таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар шумораи панҷоҳуми ҳафтанома ҳикояи яке аз устодони насри муосир, шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев – «Хиёбони Нодир» ҷой дода шудааст, ки кайҳо ба ганҷинаи адабиёти тоҷик ворид гардидааст.
Нависанда Шералӣ Мӯсо кайҳост, ки мавзуи сохтмони иншооти Роғунро ҳадафи аслии эҷодиёти худ қарор дода, дар ин боб очерку қиссаҳои мустанад таълиф намудааст. Ҳикояи «Роғун ишқро наҷот дод» бозгӯйи фидокорию қаҳрамонии ҷавонмардони меҳандӯсту асил мебошад, ки дар меҳвари он амалу кирдорҳои неки Кенҷаю Ширин ба мадди назар баромада, нависанда дар лаҳзаҳои бархурду низоъҳои бешумор дар аҳди худ собитқадаму росих будани ду дилдодаро бо забони содаю равон ба тасвир гирифтааст.
Дар ҳикояи Салими Зарафшонфар – «Парчами ҷонпайванд» шуҷоату бебокӣ, иродату талошмандии сарбози тоҷик Каёнуш Хуршедиён, ки марзбони ватан аст, баҳри ба даст овардани парчами кишвар аз дасти гурӯҳи ҷангҷӯйи ҳаммарз ба таври воқеӣ ва табиӣ инъикос гардидааст. Забону каломи фасеҳи шоирона аз ғанӣ будани таркиби луғавии муаллиф шаҳодат медиҳад.
Нависандаи навҷӯю соҳибзавқ Матлубаи Ёрмирзо дар давоми соли гузашта якчанд новеллаю эссеи тозаи худро пешниҳоди хонандагони нашрия гардонид, ки ҳамагӣ аз аҳаммияти волои меҳандӯстию хештаншиносӣ бархӯрдор мебошанд. Аз ҷумла, дар новеллаи «Чашм» як лаҳзаи кӯтоҳ – вохӯрии тасодуфии пирамардеву модару духтарчааш тасвир шудааст, ки дар он ҷанги зидди фашистон ва азобу душвориҳои гуруснагӣ ба василаи нақли пирамард пеши назар зуҳур мекунад. Ҷузъиёте, ки муаллиф ба тасвир гирифтааст, боиси ба ангезиши хотираҳо ва дар либоси бадеӣ тобиш пайдо намудани он айёми сангин гардидааст. Новелла бо моҳият ва арзиши баланди бадеии худ дорои аҳаммияти ахлоқию тарбиявӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар саҳифаҳои нашрия ҳикояҳои Муҳаммад Самӣ «Мулоқоти деромада» ва «Чашмаи нишот», Сумайя Боева – «Хатои даҳдақиқаина», Маҳбуба Неъматзода – «Духтари тӯмордор», Юсуфи Насрулло –«Сайёҳи пурҳангома», Нозир Ёдгорӣ – «Эҳёи осиёби куҳна, Шодӣ Раҷабзод – «Хайрхоҳ», Муҳибуллоҳ Қурбон – «Нонхӯрак», Муродалӣ Собир – «Кӯҳпайкар», Маҷид Салим – «Мурғи сухангӯ», Аюб Кенҷа – «Гӯшту нохуни дардманд», Диловари Саъдулло – «Феъли бад» ва пораҳо аз романҳои Маъруф Бобоҷон – «Қарз», Саидаҳмади Зардон (бо ҳаммуаллифии Хушқадам Холиқов) «Ҳумоюнфол», Равшан Махсумзод – «Кафшергар», Ҳабибулло Ёров – «Теғи пурасрор», порча аз қиссаи нависанда Азизи Азиз – «Дунё пур аз савол аст», очерку эссеҳои Бахтиёр Муртазо – «Ман ватанро дуст дорам бештар», Матлубаи Ёрмирзо – «Нидои муосир» ва бахшида ба ёдбуди адибон Ҳоҷӣ Содиқ ҳикояи «Боғбонӣ», Раҷаб Амонов – «Офтоб» ва ғайра ба табъ расидаанд, ки паҳлуҳои мухталиф ва дар айни замон умдаи рӯзгори мардумро инъикос ва ғояҳои накукорӣ, инсондӯстӣ, меҳанпарварӣ, васфи ишқу муҳаббати пок, мазаммати хиёнату беаҳдӣ, ҳамзамон, урфу одат ва анъанаҳои миллиро талқину тарғиб намудаанд. Боиси хурсандист, ки нашрия солҳои охир дар самти тарҷумаи осори бадеии адибони кишварҳои олам ва таҳияву баргардони намунаҳои асарҳои нависандагони мамолики форсизабон (Эрону Афғонистон) кӯшишу талоши зиёде ба харҷ дода, дар саҳифаҳои худ ҳикояву пораҳо аз қиссаю романҳоро ба чоп мерасонад. Соли гузашта низ ҳафтанома осори фаровони тарҷумавӣ, аз қабили ҳикояҳои Шервуд Андерсон – «Қудрати илоҳӣ» дар тарҷумаи Равшан Махсумзод, Лев Николаев – «Муаллим» ва «Вохӯрӣ» (тарҷумон Ато Ҳамдам), Сергей Шаргунов – «Поповичҳо» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Роман Сенчин – «Гурба» (тарҷумаи Юнус Юсуфӣ), Лев Данилкин – «Юрий Гагарин» (тарҷумаи Бахтиёри Муртазо), Татяна Толстая – «Ба пас нигар» (тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод), Парвина Пажвок – «Ва бутҳо ба хона баргаштанд» (таҳияи Азимқул Насимов), Абдулло Исломов (тарҷумаи Ато Ҳамдам), Захар Прилепин (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ) , Неъмат Келимбетов (тарҷумаи Саидмурод Расулӣ), Юрий Нагибин – «Булути зимистонӣ» (тарҷумаи Ҷомӣ Ҷумъа), Нуралӣ Қобул – «Осмони кӯдакии ту» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Майя Доматти – «Анори дона-дона» (тарҷумаи Ато Ҳамдам), Шерхон Муртазоев – «Суруди чирчирак» (тарҷумаи Азимқул Насимов), Александр Ковинка – «Тарбияи хонагӣ» (тарҷумаи Маъруф Бобоҷон), Анвар Олимҷонов – «Ҳикояти нон» (тарҷумаи Ато Ҳамдам), Буди Дармо – «Одами миёнсол» (тарҷумаи Бурҳон Салмон), Сергей Винокур – «Ҳасрат» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Григор Тютюнник, — «Бузича» (тарҷумаи Хайруллоҳи Раҷабиён), Николай Хайтов – «Забондароз» (тарҷумаи Диловари Мирзо, Сергей Шаргунов – «Ту бозёфти манӣ» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ), Афанасий Мамедов – «Худ барои худ» (тарҷумаи Салими Зарафшонфар), Андре Моруа – «Ҷаҳони андеша» (тарҷумаи Шодӣ Раҷабзод), Иван Мележ – «Шабонгаҳ» (тарҷумаи Равшан Махсумзод), Юлия Вознесенская – «Як сабад хушбахтӣ», Татяна Ланская – «Фирор аз танҳоӣ» (тарҷумаҳои Сироҷиддин Икромӣ), Павел Баситский – «Аз рӯзгори Толстой» (Тарҷумаи Абдурауф Муродӣ), Антон Чехов – «Аз дафтараки ёддошт» (тарҷумаи Юнус Юсуфӣ), Николай Николаев – «Дарс» (тарҷумаи Саидмурод Расулӣ), Кӯзагар – «Ҳасани ғамкаш» (таҳияи Азимқул Насимов), Раҳнаварди Зарёб – «Акс» (таҳияи Насимбек Қурбонзода), Нуралӣ Қобул – «Сирри бибӣ» (тарҷумаи Сироҷиддин Икромӣ, Олим Ифтихор – «Саидуқи гӯё» (таҳияи Бурҳон Салмон)-ро пешкаши хонандагони худ гардонд, ки лоиқи таҳсин мебошад. Чун анъана дар саҳифаи «Мушфиқӣ»-и ҳафтанома ҳикояҳои ҳаҷвии адибони тоҷик ва намунаҳо аз нависандагони кишварҳои олам ба табъ расонда шуд, ки дорои лутфу танзу зарофат ва ҷанбаи интиқодӣ буд. Ҳикоёти ҳаҷвии Саидҷаъфар Баёзӣ, Ҷумъа Мирзо, Зариф Ғулом, Абдулвоҳид Оев, Бурҳон Салмон, Ато Ҳамдам, Абдурауф Муродӣ, Карим Давлат, Шодӣ Раҷабзод, Наҷмиддин Шоҳинбод, Бӯрибек Худобахш, Назокат Каримзода, Гурез Сафар, Мирзо Кенҷа, Эгамназари Соҳибназар, Ҳакималӣ Назаралӣ, Баҳодур Файзуллоев, Ҷумъахон Саидалӣ, Сипеҳр Ҳасанзод, Ҳамроҳи Авлиёпур, Юсуф Вафо, Абдусаттори Раҳмон, Сироҷиддин Икромӣ, Зайниддин Орифӣ, Нусратуллоҳи Исмат ва ғайра ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда, дар ифшои нуқсу камбудиҳои ҷомеа ва хислатҳои ношоистаи афроди алоҳида таъсиргузор мебошанд. Дар байни навиштаҳои ҳаҷвнигорон ҳикоёти таълифнамудаи адиби ҷӯяндаю тозабаён Абдурауф Муродӣ ҷойгоҳи хоса дошта, мавсуф бо сабку шеваи рангин, лутфу танзи намакин ба гунаи мухтасару муҷаз масоилу мушкилот ва норасоиҳои мавҷудаи ҷомеаро фош ва ба боди танқид мегирад. Ӯ дар нигориши воқеоти зарофатомез воқеан дасти боло дошта, қолабҳои маъмулиро канор зада, дар ду-се сатр (ҷумла) парда аз рӯйи камбудиҳои мавҷуда мебардорад. Забону баёнаш пуробуранг, ҳаҷваш тунду тез ва ҳадафрас мебошад. Маълум аст, ки доираи омӯзиш ва андӯхтаҳояш аз осори адибони ҳаҷвнигори ҷаҳон хеле фарох аст. Ҳаҷвиёти Саидҷаъфар Баёзӣ, Ҳакималӣ Назаралӣ, Бурҳон Салмон, Карим Давлат, Наҷмиддини Шоҳинбод ва чанд нафари дигар низ бо танзу зарофати ҷолиби худ муассиру хонданбобанд. Умуман, сол то сол осори насрие, ки дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» ба табъ мерасанд, бо муҳтавою ғояи ҷолиб ва фарогирии масоили муҳимми воқеоти ҷомеаи муосири мо аз пешрафту рушди адабиёт, хоса, наср шаҳодат медиҳанд. Бо вуҷуди ин, баъзе норасоиҳоро, ки дар интихобу дарёфти мавзуъ, ҳаллу баррасӣ ва ҷамъбасти бадеии рухдоду воқеот, камранг ба назар расидани симоҳои қаҳрамонон ва ниҳоят, адами консепсияи ҳикматгароӣ ва фалсафабунёд дар ин осор мавҷуд аст, набояд нодида гирифту пушти сар гузошт. Дар иддае аз навиштаҳо ҳанӯз побанди тарҳу нақши қолабгароӣ будани носирон ҳувайдост. Аз ҷумла, агар дар хусуси мушкилоти оилавӣ ва ё аз ҳам ҷудо шудани дилдодагон ё зану шавҳар сухан равад, ба гунаи ҳатмӣ гунаҳкор шавҳарро меҳисобанд ва ба гунаи ҳатмӣ ин шавҳар майзада аст. Бархе аз навиштаҳо хотирае беш нестанд ва афзун бар ин, ин гурӯҳ нависандагон ба пургӯию кашолгапӣ ва тасвирҳои нозаруру зиёдатӣ, ки дарбеҳи ночаспонро мемонанд, банд шуда, аз моҳияту ҳадафи аслии ҳикоя дур мешаванд, ки ин, албатта, мунҷар ба хастагию дилгир гардидани хонанда мешавад. Ҳанӯз, мутаассифона, адибон ба мавзуъҳои зиндагии мураккаби инсонҳо ва доғи рӯз кам рӯ меоранд ва ё аз тасвиру таҳқиқи омилу сабабҳои мушкилоти ҷомеа канораҷӯйӣ мекунанд, ки аз сари сидқу инсоф нест ин ҳол. Ба андешаи нависандаи машҳури англис Соммерсет Моэм, «адиб, агар вай асилу соҳибистеъдод бошад, ба мушкилию норасоиҳои ҷомеа, ки дар таҳти он иззу шараф, симои воқеан инсонии фард, азамату бузургӣ, ҳамияту фидокорӣ ва эҳсоси гуманистии ӯ нуҳуфтааст, бетафовуту сард бошад, таълифоти вай ба дард нахоҳад хӯрд». Омили дигар, муғлақбаёнӣ ва ноҳамвориҳо дар забону баён ва истифодаи гоҳо бемавриди калимаҳои шевагӣ аз забони худи нависандагон мебошад, ки аз чӣ бошад, ба нудрат ислоҳ мешавад. Дар хусуси ҳикоёти ҳаҷвие, ки саҳифаи «Мушфиқӣ»-и нашрия тайи як сол муаррифӣ намудааст, ҳаминро бояд гуфт, ки сарфи назар аз баъзе навиштаҳои хубу ҷавобгӯ ба жанри ҳаҷв, дар аксари ин ҳикояҳо ҷавҳари зарофату танз кам ба мушоҳида мерасад, нақли ғолибан тулонӣ моҳияти ин навиштаҳоро коста гардондааст. Аз иқдоми ба назар намоёни кормандони ҳафтанома он буд, ки намунаи осори навқаламонро дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расонданд. Ба хотири ёдбуду гиромидошти шоирону нависандагон саҳифаҳою шумораҳои махсус бахшида шуд. Дар умум, фаъолияти нашрия ва шуъбаи насрро тули як сол метавон хубу шоиста хонд ва ба заҳмати назарраси кормандони он таҳсин гуфт.
Шодӣ Раҷабзод,
нависанда