Назаре ба филмномаҳои Шераки Ориён

 Назаре ба филмномаҳои Шераки Ориён

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Вақте дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён»-ро ба даст гирифта мутолиа намудам, дарёфтам, ки дар он осори ҷолиб пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардидааст. Сужаи ҳар боб диданӣ ва қаҳрамононаш чорагару серҳаракат ва пешраву тақдирсоз ба назар мерасанд. Ана барои чӣ дар асоси онҳо филмҳои ҷолиб рӯи навор омадаанд ва ба арсаҳои азимтар роҳ ёфтаанд.

Ҳанӯз вақте ки повести нахустини Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) «Аспи охирин» дар Масква тарҷума ва чоп гардида буд, таваҷҷуҳи мутахассисони зиёдро ба худ кашид ва яке аз адибони Русия, Анатолий Ким онро қиссаи синамоӣ номид, яъне қиссае, ки ҳама рӯйдодҳояш дидашаванда ва қаҳрамононаш барҷаста буданд. Аз рӯи ин повести Шераки Ориён филми «Дӯстонро намефурӯшанд» ба миён омада, дар бисёр кишварҳо ба намоиш гузошта шуда, дар кинофестивали Рига ва кинофестивали халқии Иттиҳоди Шуравӣ соҳиби ду ҷоиза гардид.

Баъд кинороману кинодрамаҳои дигари Шераки Ориён ба вуҷуд омаданд ва аз рӯйи онҳо филмҳо наворгирӣ шуданд, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Насл» ва ғайра.

Баъди «Қисмати шоир»-и устод Сотим Улуғзода ва таҳиягар Борис Кимёгаров қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» бо забони тоҷикӣ кино наворгирӣ намешуд ва ҳама бо забони русӣ буданд. «Марди мутааллиқи ду зан» ин холигиро пур кард ва бо забони тоҷикӣ рӯи навор омад. Ӯ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, то наворгирии филмҳо минбаъд бо забони тоҷикӣ сурат бигиранд.

Филми «Афсонаи зиндагӣ»-и Шераки Ориён дар кинофестивали байналхалқии Шветсария «Vertikal» дар миёни 47 филми кишварҳои ҷаҳон соҳиби  ҷоизаи асосӣ гардид ва кинофестивали «Золотой феникс» онро қатори панҷ филми беҳтарин дар ҳамоиши ҷаҳонӣ гузошт.

Дар китоби дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён» асарҳои ҷолиби дигари таърихӣ низ ҳастанд ва якеаш, албатта, ҳамон «Афсонаи зиндагӣ» мебошад.

Филмномаи «Духтари Бухорхудот ва писарони Амири Самарқандӣ ва Қараи бидавӣ» аз хурдсолӣ то салтанатсозии Исмоили Сомонӣ ва саргузашти пурифтихори ӯро фаро гирифтааст. Дар драмаи синамоии «Чӯбак» доири чӯбҷанги қадими тоҷик ва дар муборизаҳои шадид ҳам истифода шудани чӯбакҳои набардгарӣ омадааст. Ҳамон чӯбҷанге, ки дар замони Баҳроми Чӯбина машҳур буд ва зумрае бар онанд, ки тахаллуси «Чӯбина»-и ӯ аз ҳамин чӯбҷангҳо бархестаанд. Дар драмаи Сотим Улуғзода «Калтакдорони сурх» низ тимсоли ҳамин чӯбакҳои ҷангӣ, яъне калтакҳо омадаанд.

Дар адабиёт, хоса драмаҳои кишвари мо, шоираҳои классикро мудом қисматшикаста нишон медоданд ва ҳамчун гӯяндаи шикоятҳои ботинӣ тасвир мекарданд, яъне ҳаёташон пур аз сӯзу гудозу ҳасрат ба тасвир меомад. Аммо Шераки Ориён дар кинодрамаи худ «Вақте шаҳрситонҳо кушта мешаванд» шоирабонуҳоро ҳамчун чорагар, ботадбир, ҳидоятгар, наҷотгар ва созмондеҳи муқобилият алайҳи рақибони миллат офаридааст.

Дар драмаҳои таърихии Шераки Ориён қаҳрамонон ҷузъи ҷудонашавандаи воқеаҳо буда, воқеаҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи қаҳрамонҳои тасвиршуда гаштаанд. Муколамаҳо пухта ва барои гуфтори ҳунармандони нақшофар мувофиқ афтодаанд. Дар драмаҳои синамоии дар чанд соли охир офаридаи Шераки Ориён низ, хоса филмҳои «Вазъият» ва «Саргузашти гандум» ҳамин чиз эҳсос мешаванд.

Шераки Ориён драматурги боистеъдод аст. Аз рӯи навиштаҳояш филмҳои диданӣ рӯи навор омадаанд ва боз меоянд. Вай ҳамчунин чанд  драмаи театрӣ бо номи «Оғози умри ҷовид» (марбут ба Абуалӣ ибни Сино, ки онро «Телевизиони Тоҷикистон» ба навор гирифта буд) ва «Ишқнома» (марбут ба Фирдавсӣ ва ҳамсари ӯ) офаридааст, ки онҳо дар озмунҳои драмаҳои театрӣ соҳибҷоиза шудаанд.

Китоби дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён» китоби хонданӣ ва дилнишинест. Забони хоси театру киноро фарогир аст. Ман аслан ду-се драмаи синамоии онро аз назар гузарониданӣ будам. Вале китоб чунон мафтунам кард, ки то ба поён набурдамашон, билкул ором нагирифтам.

Ато ҲАМДАМ,

Нависандаи халқии  Тоҷикистон

Дигар хабарҳо