• 02.05.2024

«Хотири модар»

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Роҷеъ ба чанд асрори як ҳикояи адиб

Сироҷиддин Икромӣ дар силки адибони ҳикоянависи баркамоли адабиёти муосир қарор гирифта, пайваста эҷод мекунад ва асарҳояш аз ҷониби ҳамқаламони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтааст. Соли 2016 барои қиссаи «Аз зулмот ба сафо» дар номинаи «Осори адабӣ» сазовори Ҷоизаи байналмилалии адабии «Евроосиё» (марказаш шаҳри Лондон) гардидааст. Дар тарҷума ҳам муваффақ аст. Муаллифи маҷмуаҳои «Дар ҳасрати дидор», «Баъди борон», «Як қадам то варта», «Вақте ки насиб накард», «Боздошти муҳоҷир» ва «Подош» мебошад.

Маҷмуаи «Барфи хунолуд» 19 ҳикоя ва як қиссаи хуби солҳои охир эҷоднамудаи адиби хушбаён Сироҷиддин Икромиро зери як муқова гирд овардааст. Аз ин маҷмуа мо як ҳикояро мавриди таҳқиқ қарор додем ва ба баъзе асарҳо ишора кардем, то хонандаи гиромиқадр аз муҳтавои «Барфи хунолуд» ба қадри кофӣ бархурдор гардаду дар суроғи ин китоби аҷиб бошад.

«Хотири модар» ҳикояи нисбатан калони китоби «Барфи хунолуд»-и Сироҷиддин Икромист. Ҳикоя каму беш оҳанги қисса (повест) низ гирифтааст. Машҳур аст, ки ҳар асар ба ғайр аз оғозу анҷом ва ҳикмати хотирмон мушкилот ё худ моҷарои пурмуаммоеро дар худ гунҷонида, асарро пурасрору хонданӣ менамояд ва чӣ гуна ҳал шудани ин мушкилот аз истеъдоду ҳунару таҷрибаю фаросати адиб вобаста мебошад. Ҳамчунин, ҳар асари адиб аз саҳифаи аввал, балки аз чанд ҷумлаи нахустинаш, ҳушу ёди хонандаро бояд ба худ ҷалб намояд, то ӯ водор шавад, ки ба қавле, бо як нафас онро мутолиа кунад. Як хусусияти хуби эҷоди Сироҷиддин ин аст, ки ҳамин мушкилоту суоли асосиро одатан дар оғоз якбора баён менамояд. Дар ҳикояи «Хотири модар» низ адиб аз шарҳу баёни беҳудаю дилгиркунанда ва тасвирҳои дароз худдорӣ намуда, дарҳол ба баёни асли мақсад басо моҳирона пардохтааст. Хонанда беихтиёр аз худ мепурсад: «баъд чӣ хоҳад шуд?» ва ин савол то анҷоми ҳикоя аз зеҳни ӯ берун намеравад.

Оғози ҳикоя чунин аст: симои асосии асар – Беҳзод ба хонааш меояд ва он манзараро, ки ҳар дафъаи ба остона қадам гузоштан чашмдор буд, дигар намебинад: ҳар гоҳ ӯро ҳамсараш Гулноз шоду мамнун пешвоз мегирифт, сухани хуш мегуфт, ба сари дастархон даъват менамуд… Аммо ин дафъа чунин нашуд ва он эҳсоси гуворо, ки Беҳзодро хуморӣ намудааст, дигар вуҷуди ӯро фаро нагирифт. Дар ягон ҷумла адиб нагуфта ва таъкид накардааст, ки Беҳзод ҷавони некрою поктинатест ва инро хонанда набояд фаромӯш кунад, инро хонанда аз ҳаракату андешаҳои ӯ дарҳол пай мебарад. Агарчи ӯ ва хонаро тарк кардани Гулноз дар ҳар қадам мушоҳида мешавад, махсусан, ангуштарини никоҳиву гарданбанди тилоиашро вай пеши ойина гузошта рафтааст, Беҳзод боз ҳам дар ҳаққи ҳамсараш гумону шубҳаи нодуруст намекунад. Баръакс, Беҳзод меандешад, ки хушдоманаш бемор аст ва Гулноз саросема ба хонаи модараш рафтаву навиштани мактубча, занг задан ё ба ҳамсояҳо таъйин карданро аз ёд бурдааст.

Ин тасвир мисли воқеаҳои минбаъдаи ҳикоя хеле табиист, зеро оне, ки ба покии худ бовар дорад ва дилбари худро заррае озор надодааст, наметавонад дарҳол ба сари худ хаёлу гумони нохуш оварад. Дуруст, ки Беҳзод лаҳза-лаҳза мушаввашхотиру парешон мешавад, вале боз ҳам ноумед нест – ӯ дар ҳолате ки чӣ кор карданашро намедонист, беихтиёр дари ҷевони либосро боз карда, пероҳани ҳамсарашро ба даст гирифта, ба рӯяш мемолад ва ҳарисона бӯ мекашад. Ҳамин тасвир баёнгари ишқи поки Беҳзод аст, хонанда инро зуд пай мебарад. Чӣ хуш, ки адиб беҳудагӯйӣ накардааст, аз овардани ҷумлаи обшустаи «ӯ Гулнозашро бениҳоят дӯст медорад» худдорӣ намуда, «маҳз аз ин сабаб ӯро дар хона надида хотирпарешон шуд» нагуфтааст.

Баъди ин ҳодиса лаҳза ба лаҳза пуршиддат мегардад. Беҳзод ба Гулноз, ба додарарӯсаш Рауф, ба хоҳарарӯсаш Гулбаҳор занг мезанад ва онҳо ҷавоб намегардонанд. Фақат баъди ин Беҳзод ҷониби хонаи хушдоман раҳсипор мегардад. Вақте ҳикояеро мутолиа мекунед ва агар мақсади шумо танҳо баҳраманд шудан аз ҳикмати ин асар набошад, яъне онро бо хоҳиши муаллиф ё аз сари завқ беихтиёр мавриди таҳқиқ ҳам қарор дода бошед, шуморо ҳамеша як тарсу изтироб дунболагирї мекунад: мабодо ҷараёни табиии воқеа халал пазирад, мабодо як ҷумлаи нодурусту бемаврид ҳама дастоварди қаблиро барбод диҳад, мабодо муколамае, андешае, хулосае содалавҳона бошад… Хушбахтона, Икромӣ аз зумраи чунин адибон нест ва дар айни авҷи камолоти эҷодист. Кас ҳикояҳои ӯро бо камоли майл ва хотири ҷамъ мутолиа менамояд. Аз ин сабаб ҳар лаҳзаи ҳикояи «Хотири модар» дар лавҳи хотир сахт нақш мебандад ва саволе, ки дар зеҳни хонанда баъди мутолиаи ину он саҳифа пайдо мешавад, дар назараш аҷиб ҳам менамояд, ки адиб ин муаммою мушкили бар сари қаҳрамони асар пешовардаашро чӣ тавр ҳал ё бартараф мекарда бошад. Дар ягон асари Икромӣ хонанда ҷамъбасти воқеа, ё умуман ҳикояро пешгӯйӣ карда наметавонад. Муҳимтарин хусусияти асарҳои Икромӣ ғайри интизори хонанда ҷараён гирифтани воқеаҳост ва ғайричашмдошти ӯ анҷом пазируфтанашон мебошад. Ба назар чунин мерасад, ки муаллиф дар асарҳояш дидаву дониста моҷароҳоро пуршиддату пурасрор намуда, барои худ мушкил эҷод мекунад. Асарҳои ӯ ҳаргиз обшуставу муқаррарӣ ҷамъбаст намешаванд. Адиб, ки аз шеваи зиндагии мардуми шаҳру деҳот хуб огоҳу аз асрору мушкилоти рӯзгори онҳо бохабар аст, дар бораи кӣ ва чӣ навиштанашро некӯ медонад, Икромӣ муболиға намекунад ва тасвираш ба дараҷае ҷолиб мебошад, ки хонандаи шаҳрию деҳотиро низ хуш меояд. Барои мисол, воқеаҳои ҳикояи «Тардоман»-и китоби «Барфи хунолуд», агарчӣ гапу кори замони гузаштаи дуранд, яъне солҳои панҷоҳуми асри гузашта рӯй додаанд, инчунин, сухан аз ваҷҳи гум шудани як либоси муқаррарии зан аст, дар асл муаллиф мавзуи эҳтиёту эҳтирому ҳифзи номус ва иффати бонуи тоҷикро ба миён гузоштааст.

Баргардем ба ҳикояи «Хотири модар». Беҳзодро дар остонаи дар Рауф пешвоз мегирад ва баъди гуфтугӯи кӯтоҳ арз мекунад: «Вақташ расад, ҳамааш маълум мешавад. На худатро азоб деҳу на моро. Ғами худамон бас. Рав! Роҳи хонаи моро фаромӯш кун!..». «Чаро чунин шуд?» – аз худ мепурсад Беҳзод. Чаро наметавонад ҳамсари худро вохӯрад? Муҷиби шавқи мутолиа ва шавқи донистани асрори моҷаро хонандаро бештар ба худ мекашад. Ин ҷо Беҳзод гапу кори чанд рӯзи охирро пеши назар оварда, «ҳолатеро пайдо накард, ки боиси ранҷидани Гулноз шуда бошад, ба ҷуз як лаҳза…». Бояд қайд намуд, ки Икромӣ мушкилотеро ба қалами тасвир кашидааст, ки тоза, ғайриодӣ ва басо хотирмон мебошад. Гап дар сари он ки модари Гулноз бемор, дар дами марг аст. Барои шифо ёфтани ӯ маблағи калон зарур шудааст, вале Беҳзод ёрӣ дода наметавонад. Гулноз барои наҷоти модараш роҳи хато пеш мегирад. Замоне ӯ бо каси дигар – Амин улфат пайдо карда буд ва сари мӯ монда буд, ки хонавайрон бишавад. Аз ноилоҷӣ ва баъди дудилагиву андешаҳои парешони зиёд қарор медиҳад, ки ба ошиқи собиқи худ, яъне ҳамон Амин занг зада, маблағ пурсад ва хуб ҳам медонад, ки ӯ сиришти нопок дорад. Амину Гулноз замоне ҳамкасбу ҳамкор буданд. Боре Амин изҳори муҳаббат кард. Ҳарчанд Гулноз ба ӯ майл дошт, бо одобу назокате, ки хоси бонувон мебошад, арзи Аминро ношунида гирифту рад кард. Муколамаи ду маҳбуб агарчи оҳанги баҳс гирифтааст, аз фаҳшу берӯйӣ дур аст. Боре Амин ба фарзанд надоштани Гулнозу ягон рӯз бемеҳр шудани шавҳараш ишора мекунад, вале Гулноз мегӯяд: «Ту ба ҷойи дигарон ҳукм набарор. Ҳақ надорӣ…Мо аҳд бастаем, ки ҳеҷ гоҳ аз баҳри ҳамдигар намегузарем…». «Ҳама дар ибтидо ҳамин хел мегӯянд», – розӣ намешавад Амин ва хоҳиш мекунад, ки Гулноз аз шавҳараш ҷудо шавад. Гулноз рад мекунад… Аммо акнун рӯзе расид, ки Гулноз аз ноилоҷӣ ба Амин рӯи ниёз меорд. Амин чӣ мегуфта ва чӣ гуна рафтор мекарда бошад? Сироҷиддин Икромӣ дар ҳар лаҳза ҳолати равонии духтарро боварбахш ба қалам додаст. Гулноз боре ба рӯйи Амин шаппотӣ ҳам зада буд, то ин ҷавони эркаю булҳавас набӯсадаш. Акнун, баъди панҷ сол, дасташро барои шаппотии дигар задан не, барои пул пурсидан дароз карданист. Чӣ ҷавоб медода бошад Амин? Гулноз баъдтар тарки касбу коргоҳ мекунад, то дигар бо Амин рӯ ба рӯ наояд ва ҳамкорон аз муҳаббати Амину дудила буданҳои Гулноз огоҳ нагарданд. Панҷ сол аст, ки Гулноз Аминро надидааст. Ҳоло дидан мехоҳад ва маблағ мепурсад. Амин сарватманд аст. Не намегӯяд… Вале ба ивази чӣ?

Асари хубе эҷод кардааст Сироҷиддин Икромӣ. Азбаски асар ҳаётист, кас воқеаҳоро бемалолу осон тасаввур карда метавонад, гӯё филм тамошо мекунад. Аҷибтар ин аст, ки Беҳзод чунон рафтор мекунад, ки аз муносибати ҳамсарашу Амин огоҳ аст, зеро ба зудӣ ва бо нармӣ хоҳиш менамояд, ки Гулноз дигар тарки касбу кор кунад. Гулноз бо азобе розӣ мешавад. Муколамаи Гулнозу ошиқи собиқаш хеле табиӣ ба қалам оварда шудааст. Миёни Гулнози хавотирзадаю дудилашуда ва Амини аз занги ногаҳонии маъшуқаи собиқаш ҳайратзада чунин гуфтугӯ ба вуқуъ мепайвандад (мухтасар):

– Бале, – шунида шуд аз он тараф.

– Ман… Гулноз…

– Оҳо, Гулнозҷон! Офтоб аз кадом сӯ баромад, ки ёди мо кардӣ?

– Ҳамеша дар ёдӣ…

– Наход?! Ҳеҷ боварам намеояд.

– Дари дилро кушодаву дунёи даруни онро нишон дода нашавад…

– На ба зангҳо ҷавоб медодию на ба паёмакҳо. Умедамро канда будам… Чӣ шуд? Ягон мушкил пеш омад?

– Дар вақти мулоқот мегӯям…»

Гулнозу Амин вомехӯранд. Гулноз маблағ мепурсад. Амин не намегӯяд ва подош намепурсад. Вай акнун шахси дигар шуда, аз Амини эркаю бодӣ осоре намондааст. Баъди рафтани Амин Беҳзод ҳозир мешавад…

Ин ҷо шарт нест, ки давоми воқеаро баён кунем, мутолиаи се-чор саҳифаи боқимондаро ба хонанда ҳавола намуда, ҳамин қадар мегӯем, ки оқибати кори ҷавонҳо бо хушӣ анҷом меёбад. Икромӣ хулосаи қиссаро низ ба хонандаи азизаш вогузор кардааст, вале пайдост, ки дар ин моҷаро муҳаббати асил дастболо шудааст… Дар ин ҳикоя агарчӣ номи модар зикр нашудааст, азияти ӯ тасвир нашудааст, модар ҳатто сухане ба забон наовардааст, балки аз симоҳои асосӣ нест, вале муқаддасу азизу ягона буданаш дар ҳар саҳифа ҳис карда мешавад. Тамоми қаҳрамонҳо барои наҷот додани ӯ талош мекунанд, ҳама қаҳрӣ ва ҳама оштӣ шуданҳо ба хотири модар аст, хотири модар ҷавононро ба ҳам меорад, аз бухлу ҳасад, кинаву адоват, аз фаҳшу дастдарозиҳо эмин медорад. Як воқеаро мумкин аст чанд адиб ба риштаи тасвир кашад, вале ҳамоне боварбахшу хотирмону хонданӣ қисса мекунад, ки фаросати эҷод кардан дорад, ӯ дар кадом лаҳза чӣ тавр ва бо кадом калима ифода кардани сухани худро аз дигарон беҳтар медонад.

Азизи АЗИЗ,

 нависанда

Дигар хабарҳо