Шоҳномахонӣ ва худшиносии тоҷикон

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

«Шоҳнома» ва муаллифи он Абулқосим Фирдавсии хирадманд солҳо таваҷҷуҳи нависандаи беҳамтои миллатдўсти тоҷик Сотим Улуғзодаро ба худ кашида буд. Ў аз даврони ҷавонӣ мафтуни «Шоҳнома» буд ва баъдҳо чанд достони онро ба наср баргардонд. Билохира баъди омодагии дарозмуддат романи «Фирдавсӣ»-ро таълиф намуд. Муҳаққиқон Раҳими Мусулмониён, Худоӣ Шарифзода, Маъруф Раҷабӣ, Худойназар Асозода, Сафар Абдулло, Абдухолиқ Набавӣ, Шамсиддин Солеҳов, Ҷамила Мурувватиён, Рустам Ваҳҳобзода, Сайрам Бақозода ва дигарон дар бораи хусусиятҳои ғоявӣ ва бадеии романи «Фирдавсӣ»-и устод Улуғзода ҳамчун асари муҳим дар адабиёти муосири тоҷик мулоҳиза рондаанд.

Профессор Равшан Раҳмонӣ дар рисолаи илмии ҷудогона зери унвони «Фарҳанги гуфторӣ дар романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода» (муҳаррири масъул: профессор А. Маҳмадаминов) ба як ҷиҳати дигари асар, яъне мавқеи анъанаҳои халқӣ ва фолклорӣ дар романро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои миллатдўстӣ, ватандўстӣ ва худшиносии миллии адибро дар муҳити фарҳанги мардумӣ бо мисолҳо нишон додааст.

Баъд аз он ки муҳаққиқ дар оғоз дар «Гуфтори пешин»-и рисола мақсади худро баён менамояд, дар гуфтори аввал, ки «Ҷустор ва гуфтори Фирдавсӣ оид ба фарҳанги суннатӣ дар роман» ном дорад, дар хусуси ҷустуҷўҳои нависанда сухан мегўяд. Ў дар бораи ҷустуҷўҳои С.Улуғзода ёдовар шуда, дар қиёси романҳои таърихии нависандагон мегўяд: «Аз мутолиаи романҳои зиёди таърихии нависандагони гуногун медонем, ки дар онҳо сохтаҳо ва бофтаҳои муаллифон бештар ҳоким буда, баъзе воқеаҳо ва ҳодисаҳо ба таври муфассал оварда мешаванд ё худи адиб тибқи тақозои асари бадеӣ онҳоро месозад. Гоҳе нависандаи насрнавис чандин воқеаҳои лозиму нолозими таърихиро оварда, пургўӣ мекунад. Дар натиҷа хонанда аз мутолиаи ин гуна асар канораҷўӣ менамояд ё сарсарӣ варақ мезанад, ки чӣ шудани поёни воқеаро намедонанд. Аммо С.Улуғзода ин гуна амал намекунад. Ў то ҳадди имкон талош меварзад, ки дар роман аз манобеи мавҷуди таърихӣ, аз устура, афсона ва ривоятҳои мардумӣ ба таври муъҷаз ва гулчин истифода бурда, фақат дар асоси санадҳои мавҷуд ба таври бадеӣ-таърихӣ сухан гўяд. Дар воқеъ адиб устураву афсона, нақлу ривоятҳои аз тариқи осори таърихӣ, тазкираҳо ва таълифоти адибону таърихнигорон расидаро дар кўраи андешаи худ пазонда, аз назари мантиқӣ гузаронида, баъдан ба навиштани роман мепардозад» (с. 9-10).

Р.Раҳмонӣ бо такя ба гуфтаҳои профессор Х.Шарифзода таъкид мекунад, ки устод Улуғзода дар роман то ҳадди имкон бо диди таърихӣ, мантиқӣ ва ҳатто таҳлили асари адабӣ симои Фирдавсии бузургро тасвир намудааст. Дар саҳифаи 11-и рисола ин гуфтаҳои нависандаро оварда ва ба зери он хат кашида, бо фарҳанги гуфтории мардум пайвасатагӣ доштани романро таъкид менамояд: «Силсилаи достонҳо аз қаъри торики асрҳо сар зада, аз ёд ба ёд, аз авлод ба авлод гузашта, то ба замони шоир расидааст. Шоир аз он силсила шаддаҳои дурру гавҳари сухан ҳамоил месозад» (с. 11). Дар идомаи таҳқиқ Р.Раҳмонӣ ба ривояти истифодакардаи нависанда дар бораи бунёди шаҳри Тўс, ба гуфтугўӣ Фирдавсӣ ва ҳамсараш Фотима ишора намуда, бо суннатҳои мардумӣ васл доштани воқеаҳои романро нишон додааст. Ба гуфти муҳаққиқ, нависандаи таърихдону хушбаёну донишманд ба мисли заргар амал карда, муҳим будани таҷрибаи рўзгорро таъкид мекунад. Муҳаққиқ кўшиш намудааст, ки маҳорати С. Улуғзодаро дар истифодаи фарҳанги суннатӣ ва шифоҳии мардум бо мисолҳо нишон диҳад. Аз таҳқиқи эшон маълум мешавад, ки адиби пухтакор ривоятҳо, нақлҳои шифоҳӣ, расму оинҳо, одоби муошират, баҳсу мунозираҳо, достонхониҳо ва амсоли инро тасвир намуда, ҳатто моҳирона ба китоби ниёгонамон «Авесто» низ ишора кардааст. Ба андешаи профессор Равшан Раҳмонӣ, дар маҳфилҳо, тўю зодрўзҳо ҳамдигарро бо суханони нек табрик гуфтан реша ба фарҳанги гузаштаамон доштааст. Дар ин бора ў зери унвони «Дўстгонӣ» ва баъд «Нўшбод» дар «Донишномаи фарҳанги мардум» мақола ҳам навиштааст (ниг.: с. 97-98). Устод С. Улуғзода ана ҳамин суннати дар байни мардум роиҷро низ дар роман баҷо ба кор бурдааст, ки муаллифи рисола бо мисол аз он ёдовар мешавад: «Қадаҳи аввал ба ёди «подшоҳи бузург» (Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ) бардошта шуд, қадаҳи дувумро бо хости Фирдавсӣ ба саломатии «амири бодонишу дод» Ҳусайни Қутайба нўшиданд» (с.31). Гуфтори дуюми рисола «Суннати шоҳномахонӣ дар роман» ном дорад. Дар ин бахш муаллиф баъди ёдовар шудан аз суннати хунёгарии замонҳои қадим бевосита ба таҳқиқи ин масъала дар роман мепардозад. Аз рўи таҳқиқи Р.Раҳмонӣ, устод С.Улуғзода ба ин суннати халқӣ, ки дар байни мардум роиҷ буд, аҳаммияти махсус медиҳад.

Ба гуфти эшон, «Устод С. Улуғзода дар романи «Фирдавсӣ» аз аввал то охир, чун хатти дурахшон, ба ин суннати арзишманди мардумӣ, яъне шоҳномахонӣ, таваҷҷуҳи вижае намудааст» (с. 48). Дар асоси тасвири мантиқии С.Улуғзода ва таҳқиқи Р.Раҳмонӣ маълум мешавад, ки ҳам Фирдавсӣ, ҳам ҳамсараш, ҳам писараш шоҳномахон будаанд. Аммо ба мисли Абудулаф на ҳар кас ҳам бо садои зебо достонҳои «Шоҳнома»-ро месароид ё ҳунармандона нақл мекард. Ў ровии касбӣ буд. Дар роман образи ровии «Шоҳнома» Абудулаф барҷаста тасвир ёфтааст. Вай як навъ типи барҷастаи ровиёни гузашта мебошад, ки то нимаи аввали асри ХХ дар байни тоҷикону форсизабонон ин гуна ровиёни шоҳномахону қиссагўёну наққолон буданд. Ҳатто дар кишвари ҳамзабони мо Эрон аз байн нарафта, имрўз ҳунари шоҳномахонӣ ё наққолӣ дар байни мардум дубора эҳё мешавад. Зимни баҳси худ Р.Раҳмонӣ ишора бар он менамояд, ки дар гузаштаҳо дар кишварҳои аврупоӣ ҳамосасароӣ хеле роиҷ будааст. Муаллиф аз пажуҳишгари амрикоӣ А.Б.Лорд ёдовар мешавад, ки вай барои таҳқиқи ҳамосаи юнониён ва ҳунари гўяндагии Ҳомер ва асарҳои ў “Илиада” ва “Одиссея” чӣ гуна бо гирдоварии матнҳои афсонаву достонҳои ҳамосӣ ва тарзи иҷрои гўяндагони гуногун машғул шудааст (с. 59-60). Муаллифи асар ҳангоми таҳқиқ ба асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мирзо Бархурдори Фароҳӣ такя менамояд, аз гуфтаҳои М.Герхард, А.Заринкўб, Р.Мусулмониён, Р.Матвеева, Э.В.Померансева ва дигарон, ки аз ҳунари қиссахонӣ ва наққолӣ нақл кардаанд, иқтибосҳо оварда, аз таърихи ин ҳунари халқӣ ёд менамояд. Дар идомаи таҳқиқ муаллифи рисола нишон додааст, ки Абудулаф дар тасвири С.Улуғзода чӣ гуна дар маҳфилҳо, корвонсароҳо, дар ҳалқаи дўстон шунавандагонашро таҳти таъсири шоҳномахонӣ қарор медиҳад. Ровӣ чун шахси вафодори Фирдавсӣ то вопасин ҳаёти шоир ҳамдамаш буд. Ба гуфти Р.Раҳмонӣ: «Романи «Фирдавсӣ» бо шоҳномахонӣ ба поён мерасад. Вақте ҷисми шоирро ба лаҳад мегузоштанд, баробари нолаю фиғони духтари шоир Манижа ва наздикон садои дилхарошу ҷонгудози Абудулаф низ ба фалак мепечад, ки шоҳномахонии ў дар айни замон чун марсия садо медод:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб,

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Профессор Равшан Раҳмонӣ роҷеъ ба образи басо дилнишини Абудулаф сухан гуфта, гуфтори дуюми рисолаи худро чунин ҷамъбаст менамояд: «Бале, дар роман ҷасади Фирдавсиро бо шоҳномахонӣ, бо ҳамин байтҳои олии фавқ, ки аз ҷониби Абудулаф бо оҳанги овозии вижае суруда мешавад, ба лаҳад мегузоранд. Агарчи ин мисраъҳои беҳамто марсия нест, вале нависандаи забардаст онро ҳамчун марсия аз номи худи Фирдавсӣ, бо садои зебои дилрешкунандаи ровӣ, овардааст. Бидуни шак хонандаи закӣ низ овоз бароварда ин сатрҳоро ба забони тоҷикии форсии дарӣ месарояд, ашк дар чашмон ба забону миллату Ватан муҳаббат меварзад ва ба монанди Фирдавсӣ ба рушду пойдории он талош менамояд» (с. 71).

Муҳаққиқ дар гуфтори сеюми рисола «Инъикоси фарҳанги суннатӣ ва фолклорӣ дар роман» пас аз тавзеҳи чанд байти «Шоҳнома» ёдовар мешавад, ки мардумшинос М.С.Андреев чӣ гуна ба С.Улуғзодаи ҷавон таъсир гузоштааст. Ин таъсирро нависанда дар повести «Субҳи ҷавонии мо» нақл кардааст. Баъд аз он тамоми умр адиб ба омўхтани фарҳанги мардумӣ бештар диққат медиҳад ва аз он дар ҳамаи асарҳояш, аз ҷумла дар романи «Фирдавсӣ», бо диди хос истифода мекунад.

Ба гуфти Р. Раҳмонӣ, дар роман, «унсурҳои этнографӣ ва фолклории расму оинҳо, оиладорӣ, аёдат, арўсӣ, базм, зиёрат, зиёфат, бозиҳо, меъморӣ, дуредгарӣ, меҳмондорӣ, хушнависӣ, шабнишинӣ, мушоира, шоҳмотбозӣ, нардбозӣ, рақсу суруд, карнаю сурнай, боғдорӣ, садақа, ҳунарҳо, ҷашнҳо ва ғайра зарифона ба кор рафтааст. Ҳамчунин муҳаққиқ мегўяд, ки С.Улуғзода аз намунаҳои жанрҳои фолклори устура, афсона, ривоят, хоббинӣ, дуо, дуои бад, зарбулмасал, латифа, марсия ва ғайра ё мазмунан ё айнан ёд намудааст. Вале ҳама мухтасар, муъҷаз, оқилона, олимона, заргарона ва муносиб ба кор рафтааст» (с. 76-77). Муҳаққиқ чӣ гуна дар романи «Фирдавсӣ» мавриди истифода қарор гирифтани унсурҳои этнографӣ ва фолкориро ба мисолҳо нишон додааст. Ба гуфти муаллифи рисола, дар истифодаи фарҳанги гуфторӣ С.Улуғзода зиёдаравӣ накардааст. Ҳамеша онҳоро ҳангоми зарурат, мухтасар ва баҷо ба кор бурдааст. Муаллиф дар гуфтори пасини рисола натиҷагирии худро дар шаш банд оварда ёдовар мешавад, ки «С.Улуғзода дар ҳақиқат кўшиш намудааст, то аз навиштаҳои тазкираҳо ва осори таърихӣ дур наравад; ҳамчунин нисбати овардани унсурҳои фолклорӣ ва суннатҳои мардумӣ заргарона амал намояд» (с.100).

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

академики АМИТ,

Сироҷиддин ЭМОМАЛӢ,

профессор.

 

Дигар хабарҳо