ЮСУФӢ МАҒФИРАТ

 ЮСУФӢ  МАҒФИРАТ

МАҒФИРАТ ЮСУФӢ 9 майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додааст. Баъди хатми донишгоҳ (2013) муддате рӯзноманигори мустақил будааст. Чанде дар Ҳукумати шаҳри Душанбе  ва Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ кор кардааст. Алъон  котиби масъули бахши Ҳисори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ба арсаи адабиёт тавассути маҷмӯаи ашъори «Гаҳворабони ғам» (2003) ворид омадааст, ки сабаби чунин ном гирифтани маҷмӯа марги нобаҳангоми ҷигарбандаш Шаҳло будааст. «Гули ёс» маҷмӯаи дувуми шеърҳои Мағфират аст, ки соли 2005 мунташир гардидааст. Соли 2006 китоби дигари ӯ «Дардҳои ниҳон» ба дасти хонандагон расидааст, ки чанд қиссаю мусоҳибаи муаллифро фароҳам овардааст. Дастае аз навиштаҳои дигари шоира дар куросаҳои «Гӯётар аз садо» (2010), «Печутоби сарнавишт» (2011) ва «Асири зиндагӣ» (2012) ба табъ расидаанд.

Осори гаронбаҳоеро, монанди «Ҳадиси тарбияти бузургсол» (2004) ва «Фоли Ҳофиз» (2009) аз хатти ниёкон баргардон намуда, соли 2012 маҷмӯаеро бо номи «Пайки Наврӯзӣ» мураттаб сохтааст.

«Тозакориҳои истиқлолият» (2013) маҷмӯаи мусоҳибаҳои Мағфират буда, аз тавфиқи ӯ дар соҳаи журналистика башорат медиҳад. Романи «Ҳаводиси армонкуш» (2014) иқдоми ҷасуронаест дар ҷодаи эҷоди асарҳои мансури замонавӣ.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2003 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо