Устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонда, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва, муддате, дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст. Соли 1935 ба […]Идома...
Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, […]Идома...
АБДУСАЛОМ ДЕҲОТӢ 14 марти соли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст. Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои […]Идома...
РАШИД АБДУЛЛО соли 1910 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Бародари Ғанӣ Абдулло. Соли 1932 факултаи филологияи Академияи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, ба Душанбе омадааст. Ба ҳайси котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», мудири шуъбаи ада-бии чанде аз нашрияҳои ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи филмномаҳои Идораи киносозии Ду-шанбе кор кардааст. Бо даъвати КМ ЛКСМ Тоҷикистон ба водии навободи Вахш рафта, […]Идома...
Акбар Абдуллоҳ (Абдуллоев Алиакбар Шарифович) 9 июни соли 1950 дар деҳаи Дашти Ҷами вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 техникуми индустриали-педагогии шаҳри Душанбе — ро хатм намудааст. Солҳои 1969 – 1971 хизмати ҳарбӣ дар сафи Армияи Советӣ. Соли 1976 мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии СССР-ро дар шаҳри Тошканд хатм намудааст. Инчунин […]Идома...
ЗИЁ АБДУЛЛО (Абдуллоев Зиёдулло) 10 ноябри соли 1948 дар деҳаи Хишткӯпруки ноҳияи Қубодиён зода шуда, шаҳодатномаи маълумоти миёнаро (1966) дар ҳамон ҷой гирифтааст. Маълумоти олии омӯзгориро соли 1971 дар Душанбе соҳиб шудааст. Солҳои 1971-1976 муаллими мактабҳои зодгоҳаш будааст. Дар ин миён соле хизмати аскарӣ карда, солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1977-1983 дар маҷаллаи «Садои […]Идома...
Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо 10-уми марти соли 1971 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна, давраҳои таҳсили олӣ ва такмили ихтисоси худро дар риштаҳои муҳандисӣ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, ИМА ва Русия гузаронида, соли 2007 пас аз хатми аспирантури ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ […]Идома...
БАҲРИДДИН АЗИЗӢ соли 1895 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Падараш Мулло- Абдулазиз аз аҳли саводу қалам ва мударрис буда, бо тахаллуси «Ҷазмӣ» шеър эҷод мекардааст. Маълумоти ибтидоиро аввал аз падараш омӯхта, то 15-солагӣ дар мадориси гуногуни зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна озими Бухоро гардида, бо намояндагони пешқадами замон ошнойӣ пайдо карда, ба туфайли рӯзномаю […]Идома...
ОДИНА АЗИМӢ 5 майи соли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар, соли 1969, вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1973 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишкада муддате дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намуда, соле чанд […]Идома...
НАЗРУЛЛОҲИ АЗИЗИЁН (Азизов Назрулло Мираҳмадович) 19 октябри соли 1967 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таваллуд ёфта, соли 1984 мактаби миёнаи № 21 зодгоҳашро хатм кардааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишоҳи миллии Тоҷикистон (1991). Солҳои 1991-1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муҳаррири шуъба ва котиби масъул, солҳои 1992-2001 омӯзгори мактаби деҳаи Ворух, 2001-2003 корманди газетаи «Нилуфар» ва муҳаррири […]Идома...