Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Аз рӯи анъанаи дар миёни аҳли илму адаби ҷаҳон маълуму маъруф, ки асрҳо пеш тавлид ёфтаасту то ба имрӯз муваффақона идома дорад, адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик ба ҷуз забони ғанӣ ва пуробуранги модариамон, бо чандин забони дигари гуногун рушд мекарду ҳамвора рушд мекунад. Дар даврони истиқлоли […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии Мастон Шералӣ Муъмин ҚАНОАТ: Бо Мастон то ҷое наздику дӯст будем, ки дар кӯчаи Гоголи шаҳри Душанбе дар хостгории ҳамсараш, дар тӯйу ҳамаи маросимҳояш ширкат карда будам, чун хонуми ман ҳам аз ҳамин гузар буду дӯстиву рафоқати дерина миёни онҳо вуҷуд дошт. Дар офариниш ва тавлиди шеъру фарзандҳои маънавияш низ ширкат варзидаам. […]Идома...
Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз воқеаи муҳим ва таърихӣ рӯй дод. Бо ташаббуси оқилонаи сарварони ду кишвари дӯст ва ҳамсоя Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров сарҳади байни ду кишвар, ки чандин сол баста буд, кушода шуд. Оинаи дӯстӣ, ки каме хира гашта буд, […]Идома...
Моҳи апрели ҳамин сол нависанда Муқим Воҳид 75-сола шуд. Хостам ба ин муносибат меҳрнома бинвисам, ҳарчанд навиштани он ҳам мушкил аст ва ҳам ифтихорангез. Соли 1994 буд. Ба мактаб ворид гардидаму ҳамсинфам Муслимахонро бо дастагули зебо дидам. Пурсидам, ки барои кӣ ин гулдастаро овардӣ? Муслимахон гуфт: – Муаллимамон Муқим Воҳид узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудаанд. […]Идома...
Устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ду тан аз нобиғаҳои рӯзгори хеш ҳастанд, ки равобити миёни эшон ҳам онгуна ки аз мукотиботи тарафайн аён аст, бо ҳусни садоқат ва ҳиммате, ки дар он ба харҷ додаанд, аз падидаҳои нодир ва омӯзанда ба назар мерасад. Ин ду шахсияти фозил дар ибтидои қарни пурҳодисаи 20 ҳамчунин боризтарин […]Идома...
Доктори забон ва адабиёти порсӣ Орифи Навшоҳӣ, инак 16 сол мешавад, ки дӯст ва ихлосманди адабу фарҳанги тоҷикону Тоҷикистон аз Покистон аст. Вақте соли 2009 бори нахуст барои гиромидошти Имоми Аъзам меҳмони кишвари мо шуд, барои ҳамеша дилбастаи миллати тоҷик гардид. Баъди чанд сафараш бо забони урду китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд»-ро навишт. Баъдан ду […]Идома...
– Вақте ки дар хусуси аз қаъри асрҳо то замони мо бегазанд расидани Наврӯз меандешем, пеш аз ҳама орӣ будани он аз ҳама гуна дину мазҳабу ғояҳо ва иртиботи ногусастанӣ доштанаш ба Модар-табиат чун санади муҳимму бебаҳс пеши назар меояд. Вагарна дар тӯли таърихи инсоният лак-лак иду ҷашнҳое буданд, ки дер ё зуд ба коми […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии Ибод Файзулло …Охирҳои солҳои панҷоҳум ва авоили солҳои шастум мо, донишҷӯёни донишгоҳ, нашри ҳар як шумораи рӯзи якшанбеи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»)-ро бесаброна интизорӣ мекашидем. Саҳифаи рӯзи истироҳати ин нашрия басо шавқовару рангин чоп мегардид. Хусусан, фелетонҳои дастпарвари факултаи филологияи донишгоҳамон Ибод Файзулло, ки хеле нишонрас, тезутунд ва бо забони салису […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии Ибод Файзулло Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара таваллуд шудааст. Баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1959) ва Мактаби олии ҳизбии Маскав (1977) ба ҳайси мудири шуъба ва ҷонишини котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», котиби […]Идома...
Рӯзҳои 11-15 марти соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус 32-юмин намоиши байналмилалии китоб бо иштироки 21 давлати дунё баргузор гардид. Ноширони тоҷик низ дар ин ҳамоиши калон бо китобҳои тозанашри худ ширкат намуданд. Дар доираи намоиш бо ташаббуси Вазорати ахбор ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Беларус Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони “Нависанда ва ҳаёти фарҳанг, ахбор […]Идома...



